Номаҳо ба президентҲуқуқи инсонЧеҳраҳо

МАВЛУДИ ЗАЙД САИДОВ. УМЕДВОРИИ НАЗДИКОНАШ БА АФВИ ИН СОҲИБКОРИ ХУШНОМ, КИ 8 СОЛ БОЗ ДАР ЗИНДОН АСТ

Зайд Саидов, вазири собиқи саноат ва соҳибкори хушноми тоҷик рӯзи 20 март ба синни 63, синни мубораки пайғамбарӣ расид. Ин алакай ҳафтумин зодрӯзи ин марди соҳибном аст, ки дар пушти панҷараи зиндон таҷлил мекунад.

Зайд Саидовро 19 майи соли 2013, як моҳ баъди эълони азмаш барои таъсиси як ҳизби сиёсии нав бо номи Тоҷикистони нав боздошт карданд ва дар маҷмӯъ ба 29 соли зиндон маҳкум карданд. Аз ибтидо аксар ин ҳукмро сиёсӣ ва ноодилона мехонданд ва ҳатто додрасе, ки ҳукми охирини Зайд Саидовро содир кард, шармидаву гунаҳкорона гуфта буд, “Зайд Шерович, чӣ кор кунем, ки тақозои замона ҳамин аст…”

Дар соли 2018 Созмони Милал ҳукми зиндони Зайд Саидовро ғайриқонунӣ номид ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки ӯро озод карда, барои солҳои зиндонаш ҷуброн пардохт кунад. Вале қарори Созмони Милалро ҳам дар Душанбе касе ба инобат нагирифт.

Рӯзи 20 март, дар мавлуди падараш Хайрулло Саидов, фарзанди Зайд Саидов дар як матлаб дар Фейсбук изҳори умед кард, ки имсол дар афви бахшида ба 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон падари ӯро ҳам озод хоҳанд кард.

Чун имсол дар кишвар 30-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил мекунад ва ба хотири ин ҷашн авфе барои маҳбусон шояд сурат гирад, умедворем, шахсони масъул дар мавриди падари меҳрубони ман мӯйро аз хамир ҷудо менамоянд, сафеду сиёҳ ҷои худро мегирад, саҳму заҳматҳои падари арҷманди маро, ки кам ҳам бошад, дар пешрафти ин сарзамин талош кардаанд, ба эътибор мегиранду яксу ҷинояткор набудану аз сӯи дигар саломатӣ, маълули модарзодӣ ва аз сӯи дигар синну солашонро мадди назар мегиранду озодияшро таъмин месозанд. Умедворам, бо ин тасмим барои падари ман имкон фароҳам меоранд, ки боқии умрашро, ки Худованд чи қадар ба ӯ ин неъматро эхдо кардааст, дар ҳалқаи хонаводаву пайвандон гузаронад”, – навиштааст Хайрулло Саидов.

Зайд Саидов 20 марти соли 1958 дар деҳаи Шодмонии ноҳияи Нуробод ба дунё омада ва соли 1983 риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ солҳои 1984-1983 сармуҳандиси корхонаи “Ритуал”-и Душанбе, солҳои 1987-1988 сардори бахши қаннодии корхонаи кулчапазиву қаннодии пойтахт, сипас то соли 1991 сардори коргоҳи коркарди сангҳои мармари ширкати “Промстройматериали” ва солҳои1991-1992 разбари корхонаи “Лаъл” буд.

Вақте нирӯҳои Фронти халқӣ дар поёни соли 1992 вориди Душанбе шуданд, манзили Зайд Саидовро дар кӯчаи Қаротегин оташ заданд ва ӯ ба Маскав фирор кард. Зайд Саидов дар солҳои муҳоҷират ба яке аз соҳибкорони муваффақи тоҷик табдил ёфт ва дар музокироти сулҳ байни давлат ва мухолифин низ ширкат кард. Соли 1998 бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуд. Зайд Саидов аз соли 2002 то 2006 вазири саноати Тоҷикистон буд ва баъди рафтанаш аз ин мақом ширкати “Тоҷ сохтмон”-ро ташкил дод.

Чандин бино и муҳташам дар пойтахти Тоҷикистон, аз ҷумла “Душанбе – Плаза”, ки бо 22 қабаташ баландтарин бино дар шаҳри Душанбе дониста мешавад, мактаби рақами 8, меҳмонхонаи “Гулистон-Тур” ва дафтари марказии ширкати”TCell”-ро ширкатҳои сохтмонии марбут ба хонаводаи Зайд Саидов сохтаанд.

Зайд Саидов моҳи майи соли 2013, як моҳ баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав боздошт ва ибтидо ба 26 ва дар ниҳоят ба 29 соли зиндон маҳкум шуд.

 Худи ӯ борҳо боздошту ҳукми зиндонашро сиёсӣ номида, ба азмаш барои сохтани ҳизби сиёсӣ рабт додааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ низ Зайд Саидовро маҳбуси сиёсӣ меноманд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ангезаҳои сиёсӣ доштани ҳукми ӯро рад мекунанд.

Khayrullo Saidov 

Падарам, тоҷи сарам, эътибору такягоҳам, баҳори орзуҳоям – зодрӯзатонро аз самими қалб муборакбод мегӯям.

Бовар кунед, бидуни ҳастиву муҳаббатҳои бепоёнатон ҳеҷам. Умедворам, тавонам, ки фарзанди хубу содиқе барои Шумо бошам. Ба поси хотири заҳматҳои бедарғатон, ба поси хотири ҳамаи дардҳову ранҷҳое, ки дар обилаи дастонатон ва оинаи нигоҳатон ҳаккокӣ шудаанд, бароятон менависам, бароятон ашк мерезам, бароятон ғусса мехӯрам, ки инак ҳашт соли умри худро дар зиндон – дур аз хонаводаву пайвандон мегузаронед.

Чӣ илоҷ, ҳукми сарнавишт дар дасти Қаламкаши тақдир аст ва мо бо шукргузорӣ аз Худованди ҷонамон умедворем, баъди ин ҳама сахтиҳои ҳаёт саодатеро бароямон лутф мефармояду аз рӯзҳои хубу хуш ва лаҳзаҳои хотирмону ширини умр баҳравар мегардем. Зеро ҳар сахтӣ саодате дар пай дорад.

Падарҷон, вокеъан азму иродаи қавиву устуворатон сутуданист, ки шарафу номусро болотар аз ҳар чизи дигар медонед. Медонаму дарк мекунам, ки бароятон дарднок аст, азоб аст мушкиливу сахтиҳои бепоёни зиндон. Як мисоли одиеро зикр мекунам, ки дар назари аввал чандон ҷиддӣ наменамояд, вале дар умқи худ сахтиву душворӣ дорад. Либосе, ки маҳбусон дар фасли сармо ба тан мекунанд, хеле вазнин аст ва барои як шахси эътикодманд, ки фаризаи илоҳиро адо намуда, дар як шабонарӯз панҷ маротиб ҳангоми таҳорат ин либосро баровардаву аз нав мепӯшад, хеле вазнин аст. Ҳатто иҷрои ана ҳамин одитарин амал барои як фарди тануманду ҷавон дар зиндон душворӣ дорад, чи расад ба ин сину соли шумо, ки боз маълули модарзод ҳастед.

Зиёданд ин гуна мисолҳое, ки ба назар одиянд, вале барои маҳбусон душвору сангин.

Новобаста аз тамоми азобу сахтиҳои зиндон, виҷдони поку олиятонро ҳаргиз ба хотири озодии шартӣ – ба шарти эътирофи гуноҳи нокарда – олуда насохтед. Бо иродаи шикастнопазир он ҳама арзишҳои волои инсонӣ – имон, виҷдон, шараф, номусро бо баҳои ҷонатон ҳифз намудиву сахтиҳову азобу уқубати зиндонро таҳаммул доред.

Ҳамчун фарзанд аз ин мавқеу тасмиматон ифтихор дорам. Зеро, фикри марказгароӣ, ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ, беҳбудии зиндагии мардум, ободиву пешрафти ҷомеъаро кардан – ҳаргиз маънои ҷинояту ҷинояткориро надорад. Чун як фарди худогоҳу худшинос, соҳибфикру дилсӯзи ватан ҳаргиз ба тақдири миллату давлат бетараф набудед, ҳама талошатон на ба хотири мансабу мақом, балки шукуфоии Тоҷикистон – ватани маҳбубамон буд.

Худованд инсонҳоро аз ҳар гуна гумони бад огоҳ созад, ки зери бори виҷдон ҳаёти дигаронро насӯзонанд.

Чун имсол дар кишвар 30-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил мекунад ва ба хотири ин ҷашн авфе барои маҳбусон шояд сурат гирад, умедворем, шахсони масъул дар мавриди падари меҳрубони ман мӯйро аз хамир ҷудо менамоянд, сафеду сиёҳ ҷои худро мегирад, саҳму заҳматҳои падари арҷманди маро, ки кам ҳам бошад, дар пешрафти ин сарзамин талош кардаанд, ба эътибор мегиранду яксу ҷинояткор набудану аз сӯи дигар саломатӣ, маълули модарзодӣ ва аз сӯи дигар синну солашонро мадди назар мегиранду озодияшро таъмин месозанд. Умедворам, бо ин тасмим барои падари ман имкон фароҳам меоранд, ки боқии умрашро, ки Худованд чи қадар ба ӯ ин неъматро эхдо кардааст, дар ҳалқаи хонаводаву пайвандон гузаронад.

Падарҷон, 63-соли баҳори умр, ё синни пайғомбариро бароятон табрик мегӯям ва дуо мекунам, ҳамешагӣ танатон сиҳату хотиратон осуда ва дар зиндонӣ сахту сангин Худованди меҳрубон нигаҳбонатон бошад. Илоҳо, раҳмати густардаатро барои хонадони мо лутф намо, ки чеҳраи ширину самимӣ ва азамати падари азизамро ҳар лаҳза дар ҳавои хонаву гирди дастархонамон бубинам.

Бо истифода аз ин фурсат, дар баробари зодрӯзи падари меҳрубонам, Иди баҳору Наврӯзро ба мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мубораку фархунда мегӯям, тани сиҳату саодати рӯзгор, файзу баракат, ризқу рӯзии фаровон ва оромиву осоишро аз даргоҳи Худованди бузург илтиҷо дорам.

Илоҳо, бо инояти худ ба зиндониёни бегуноҳ, аз ҷумла барои падари меҳрубони ман неъмати озодиро лоиқ бидону ато бифармо. Илтимоси дуъо

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button