Фарҳанг

ДАРГУЗАШТИ ПРОФЕССОР ШАМСУЛЛО ИСМОИЛОВ

Шамсулло Исмоилов, забоншиноси шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони тоҷикии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, дар синни 74 аз олам чашм пӯшид. Дар бораи иллати марги ӯ чизе гуфта нашудааст.

Доро Сӯҳробӣ, сухангӯи Донишкадаи забонҳо рӯзи 20 март дар як матлабе дар Фейсбук фаъолиятҳои професссор Исмоиловро “ибратбахш ва гуногунҷабҳа” ва даргузашти ӯро “талафот барои илм ва маорифи Тоҷикистон” номида, навишт, “устод аз соли 2013 то охирон рӯзи ҳаёташон дар ин донишкада ба донишҷӯёну аспирантон, магистрону докторантҳо дар баробари дарси забону шевашиносӣ мактаби одаму одамиятро таълиму тадрис мекарданд.”

 Шамсулло Исмоилов санаи 17.06.1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолобод ( щоло Нуробод) ба дунё омада, соли 1966 омӯзишгоҳи омӯзгории Ғарм (ҳоло Рашт, соли 1966) ва соли 1971 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанберо хатм кардааст.

Шамсулло Исмоилов соли 1999 диссертатсияи доктории худро дар мавзӯи «Таҳлили лингвистии топонимияи водии Қаротегини Тоҷикистон» ҳимоя кардааст.

Аз профессор Шамсулло Исмоилов беш аз 200 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ва рисолаҳои «Назаре ба вожаҳои ҷуғрофӣ» (1993), «Баъзе масъалаҳои таълими забон дар мактаб» (1994), «Инъикоси архаизму диалектизмҳо дар номҳои ҷуғрофӣ» (1996), «Назари Абдусалом Деҳотӣ ба масоили забони тоҷикӣ» (1998), «Раҳнамои таҷрибаи шевашиносӣ» (2005), «Нақши Авесто дар топонимияи Тоҷикистон» (2012), «Як омили халқияти забони асари бадеӣ «(2012), «Топонимияи Тоҷикистон» (2014), «Бузургонро бузургон зинда медоранд» (2016)  ба ёдгор монд.

Ӯ аз соли 2013 дар Донишкадаи забонҳо дарс медод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button