ВидеоТаърихТоҷикистон

ХӮҶА КОМАНДИР БА 14 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи олии Тоҷикистон Хӯҷа Каримов, мулаққаб ба Хӯҷа Командир, яке аз бераҳмтарин фармондеҳони саҳроии Фронти халқӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба 14 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст. Дар ин бора як манбаъ аз Додгоҳи Олӣ рӯзи 19 март ба Радиои Озодӣ хабар додааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳукми Хӯҷа Командир ҳанӯз моҳи феврал содир шуд, вале то ҳол ҳукми қонунӣ нагирифтааст, чунки наздикони вай ба марҳалаи кассатсионии Додгоҳи олӣ шикоят бурдаанд.

Тафсилоти ҳукми фармондеҳи дар гузашта пурнуфуз дар минтақаи Ғозималики водии Вахш эълон нашудааст, вале қаблан гуфта мешуд, ки Хӯҷа Каримов ба даст доштан дар ҷиноятҳои сангине, чун куштор, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, ташкили гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ айбдор мешавад.

Хӯҷа Каримовро баъди тақрибан 20 соли фирораш аз Тоҷикистон  рӯзи 30 июли соли 2019  дар Дубай дастгир карда, моҳи феврали соли 2020 аз Иморот ба Душанбе оварданд.

Мақомоти Тоҷикистон аз соли 2008 Хӯҷа Каримовро бар асоси 7 банди Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла куштор, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, ғоратгарӣ, бандитизм, ташкили гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода буданд.

Каримов Хӯҷа Раҳимович, маъруф бо лақаби “Хӯҷа Командир” 1 октябри соли 1960 дар ҷамоати Қизил-Қалъа (ҳозира Дарбанд)-и ноҳияи Хуросон (Ғозималик) ба дунё омада, оиладор, соҳиби 7 духтар аст.

Хӯҷа Каримов, ки як муддат дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил карда, то шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар зодгоҳаш – ноҳияи Ғозималик фелдшер буд, соли 1992 ба Фронти халқӣ пайваст ва бо маслиҳати дӯсташ Файзалӣ Саидов, яке аз фармондеҳони аршади ин ҷониби ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон,ҳамроҳи Тағай Шукуров дар минтақаи Қизил-қалъаи ноҳияи Ғозималик хатти дуюми ҷабҳаи Фронти халқиро таъсис дод.

Хӯҷа Каримов баъди пирӯзии Фронти халқӣ дар соли аввали ҷанги шаҳрвандӣ ва ба қудрат расондани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов амалан ба “шоҳ”-и Ғозималик табдил ёфта, ҳамчунин муовини фармондеҳи бригадаи махсуси вазорати мудофиаи Тоҷикистон таъйин шуд.

Ӯ ҳамчунин дар интихоботи парлумонии соли 1995 аз ҳавзаи Уялӣ вакили Шӯрои олӣ интихоб шуд. Он ҳайъати парлумони Тоҷикистон дар таърих ҳамчун парлумони боевикҳо ёд мешавад.

Моҳи марти соли 1998 Хӯҷа Каримовро дар ҷаласаи парлумон бо иттиҳоми даст доштани дар чандин куштор, аз ҷумла қатли вакилони парлумон Саидшо Шоев (собиқ мудири корхонаи пахтаи Ғозималик), ки соли 1993 бо бародараш аз назди бинои Шӯрои Олӣ рабуда ва сипас кушта шуданд, дастгир карданд. Хӯҷа-Командирро ҳамчунин ба қатли ҳамсангари давраи ҷангаш генерал Тағай Шукуров айбдор мекарданд, вале ӯ баъди чанде аз боздошт озод шуд.

Хӯҷа Каримов дар поёни солҳои 90 ба футбол рӯ оварда, мақоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард ва дастаи футболеро бо номи “Умед” таъсис дод, ки дар он футболбозони ҷавони умедбахшро гирд оварда буд.

Аммо дар аввали солҳои 2000 сояи парвандаи ҷиноятӣ дигарбора болои сари Хӯҷа-Командир соя афканд ва ӯ соли 2001 аз Тоҷикистон фирор кард.

Мегуфтанд, ки ӯ ба Малайзия паноҳ бурдааст. Генерал Сӯҳроб Қосимов, ки ба ҷои Хӯҷа Каримов президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд, боре қисса карда буд, ки зимни як сафараш ба Малайзия барои ширкат дар ҷаласоти Конфедератсияи футболи Осиё, дар меҳмонхонае дар Куала-Лумпур бо Хӯҷа Каримов рӯбарӯ зад, вале Хӯҷа, ба гуфтаи Сӯҳроб Қосимов, аз суҳбат бо вай канора ҷуста, зуд меҳмонхонаро тарк кардааст.

Хӯҷа Каримов бо бераҳмии фавқулоддааш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ном бароварда буд. Мегуфтанд, ки Хӯҷа барои як кори ночиз, ҳатто барои бад будани табъаш метавонист ягон касро парронад. Аз ҷумла Саидаҳмад ном нафареро ӯ ба пойҳояш тир зада, баромада меравад ва баъди чанд соат вақте бармегардаду мебинад, ки ӯ зинда аст, таҷрибаи духтуриашро ба ёд оварда, Саидаҳмади маҷруҳро бор карда, ба беморхона мебарад ва худаш теғи ҷарроҳиро гирифта, ҳарду пои ӯро мебурад. Ин мард 29 сол боз аз пои равон маҳрум буда, ҳоло бо гитара дар бораи даҳшатҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ таронаҳои ҳузнангез мехонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button