АЗ МОҲИ АПРЕЛ ШУМОРИ ПАРВОЗҲО БАЙНИ ТОШКАНДУ ДУШАНБЕ АФЗОИШ МЕЁБАНД
Ширкати ҳавопаймоии “Uzbekistan Airways” («Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ») эълон кард, ки шумори парвозҳояшро дар хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошканд афзоиш медиҳад.
Дар иттилоияи расмие, ки дар сомонаи расмии ширкат нашр шудааст, гуфта мешавад, ки аз 3 апрел байни Тошканду Душанбе ҳафтае ду парвоз – рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом дода хоҳанд шуд. Феълан байни пойтахтҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳафтае ҳамагӣ як парвоз анҷом дода мешавад.
Нархи парвози як тараф барои эконом-класс 147 доллар ва барои бизнес-класс – 214 доллар муқаррар карда шудааст.
Парвози ҳавопаймоҳо байни Ӯзбекистону Тоҷикистон соли 1992 қатъ шуда, то поёни ҳукумати Ислом Каримов дигар аз сар гирифта нашуд. Танҳо соли 2017, баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев парвозҳо байни ду кишвари ҳамсоя барқарор гардиданд.
Дар баҳори соли 2020 Ӯзбекистон ба далели пандемияи коронавирус марзҳояшро баст ва парвозҳоро қатъ кард. Дар аввали соли 2021 “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” дигарбора ба анҷоми парвозҳо байни Тошканду Душанбе оғоз кард.