ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР КӮШОНИЁН ПИРАМАРДИ 73-СОЛАРО ФИРЕБ ДОДААНД

Як сокини 37-солаи ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ба он айбдор мешавад, ки бо роҳи фиреб ба боварии пирамарди 73-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада, бо баҳонаи кушодани корхонаи равғанбарорӣ 8 ҳазор долларашро гирифтааст. Ӯ бо айни баҳонаи ташкили ҷувоз ва харидани чигит аз як зан 1200 доллар гирифтааст.

Сокини 22-солаи ноҳияи Шоҳмансур бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир шудааст. ВКД гуфт, ки ин сокини пойтахт дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам оварда, дар ивази 200 сомонӣ ба ҷуфтҳои муштоқи чунин алоқа иҷора медодааст.

Шаби 12 ба 13 март дуздон дар истгоҳи назди бозорчаи «Зарафшон» дар пойтахт терминали маблағгузарониро шикаста,  аз дохилаш 300 сомониро дуздидаанд. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин дуздӣ сокини 29-солаи ҷамоати 1-уми Майи шаҳри Турсунзода дастгир шуда, ҷустуҷӯи шарики ӯ  “Комрон” идома дорад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 19 марти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дастгир шудани марди 37-сола бо ҷурми қаллобӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, бо роҳи фиреб ба боварии пирамарди 73-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада, аз ӯ 8 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, бо баҳонаи кушодани корхонаи равғанбарорӣ ваъда додааст, ки дар наздиктарин муҳлат маблағи гирифтаашро бармегардонад, аммо аз ин маблағ 4 ҳазору 800-сомониашро баргардонида, боқимонда маблағро то ҳол барнагардонидааст.
Ғайр аз ин номбурда дар давоми соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии зани 38-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён даромада, бо баҳонаи ташкил намудани корхонаи хурди равғанбарорӣ ва харидорӣ намудани чигит дар давоми 3-4 моҳ аз номбурда 1 ҳазору 200-доллари амрикоӣ гирифта, маблағи мазкурро ба манфиати худаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона аз ҷониби ҷавони 22-сола

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 17-уми марти соли 2021, тахминан соати 16:00, хонаи истиқоматиашро ба мард ва зани 31-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Инчунин номбурда, 17-уми марти соли 2021, тахминан соати 16:00, хонаи истиқоматиашро ба ҷавони 23 ва зани 31-солаи сокинони шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамин тариқ, номбурда 17-уми марти соли 2021, тахминан соати 16:00, хонаи истиқоматиашро ба марди 29-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва зани 31-солаи сокини пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.


Шикастани терминали маблағгузаронӣ ва дуздии маблағ аз дохили он

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти 1-уми Майи шаҳри Турсунзода бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд, ки ҷинояти мазкурро бо рафиқаш “Комрон” ном шахс содир намудаанд.
Номбурдагон, рӯзҳои 12 ба 13-уми марти соли 2021, тахминан соати 23:20-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ дар истгоҳи назди бозорчаи «Зарафшон», воқеъ дар кӯчаи Зарафшони пойтахт терминали маблағгузарониро шикаста корношоям карда, аз дохилаш 300 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 6 ҳазору 777-сомониро ташкил медиҳад.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дошта, барои муайян ва дастгир кардани “Комрон” ном шахс чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button