Хабарҳои кӯтоҳ

ТАКСИИ 3333 ДАР ХАТТИ СЕЮМИ РОҲ МАНЪ КАРДААСТ (4 АКС)

Яке аз хонандагони сомонаи “Бомдод” бо ирсоли 4 акс аз ронандаи таксии 3333, рақами давлатиаш 2600 ТТ 05  шикоят кард, ки рӯзи 18 март, соати 16:50 дар назди қаҳвахонаи “Мерве” дар паҳлуи корхонаи пивои Душанбе мошинашро дар байни хатҳои дуюм ва сеюми роҳ манъ карда, барои ҳаракати нақлиёти дигар аз ҷумла нақлиёти мусофиркаш, халал эҷод кардааст. Ин хонандаи “Бомдод” хост, то мақомот нисбат ба чунин ронандагони чораҳои қонунӣ бияндешанд.

“Мошинашро дар байни хатти дуюму сеюм мондааст, аслан гузашта намешавад. Ва ин ҳам ронандаи такси! Илтимос, ягон чораи интизомӣ нисбаташ бияндешанд, ки барои дигарон дарси ибрат шавад”, –  гуфт хонандаи “Бомдод.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button