ВидеоТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 18 МАРТИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Дуруд, тамошобинони азиз!

Хулосаи хабарҳои муҳими рӯзи 18 марти Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод”

бароятон пешкаш мекунем. Дар ин барнома:

Ин чӣ даҳшат аст? Сӯиқасд ба куштори зану фарзанд, падар ва ҳамсоя аз сӯи як сокини Ашт

Боздошти зани гумонбар дар қатли кӯдаки 7-сола дар Душанбе

Қатли бераҳмонаи ҳамсар дар заминаи рашки беасос

“Дар баданам барқ, дар даҳонам об гузоштанд.” Тафсилоти як парвандаи шиканҷа

Аз Кумитаи тафтишоти Русия хостаанд, ки … қонунияти таронаи Манижаро тафтиш кунад

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Як марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир шудааст. Ӯ ба қасди куштани 4 нафар – зану фарзанди 6-солааш, ҳамчунин падари кӯҳансол ва марди ҳамсоя айбдор мешавад.

Бино ба гузориши маркази матботи ВКД Тоҷикистон, ин сокини Ашт  рӯзи 16-уми марти соли 2021, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш зани 39-сола муноқиша карда, бо болға ба сари ӯ зада, ӯро ба замин афтонида, сипас бо корди хоҷагӣ ба аъзои баданаш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. Баъдан, ӯ духтари хурдсоли 6-солаашро, ки аз тарс дод задааст, бо корди хоҷагӣ ба баданаш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
“Сипас, номбурда аз ҳуҷраи хоби худ берун баромада, бо болға ва корд ба ҳуҷраи хоби падари 66-солааш даромада, аз сабаби он, ки падараш мунтазам ӯро барои аз шаҳрвандон қарз гирифтанаш маломат мекардааст, ба сари падараш низ 4-5-маротиба бо болға зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.Ҳамин тариқ, дастгиршуда дар вақти аз ҳуҷраи хоби падараш берун баромадан ҳамсояаш марди 41-соларо, ки овози доду фиғонро шунида, бо мақсади хабаргирӣ ба ҳавлии онҳо омада буд, бе ягон асос ба сараш бо болға зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст”, – гуфта мешавад дар гузориши ВКД.
Тафтиши ин ҳодиса идома дорад.

Ххххххх

Муборак Абдураҳмонова, зани 53-солае, ки дар қатли писари 7-солаи ҳевараш гумонбар мешуд, дастгир шудааст. Ин кӯдак рӯзи 5 март дар кӯчаи Олег Кошевойи шаҳри Душанбе кушта шуд ва хешовандонаш билофосила ангушти иттиҳом ба сӯи Муборак Абдураҳмонова, зани амаки кӯдаки кушташуда баланд карданд. Аммаи кӯдак гуфта буд, , аз сабти навори камераҳои мушоҳидаи видеоии дар мағозаи бародараш насбшуда воқеъ дар паҳлӯи хонаи кӯдак дида мешавад, ки чӣ гуна гумонбаршуда бо роҳи фиреб писарчаро ба хонааш даъват намуда, баъди чанд дақиқа бо сарулибоси дигар аз хона мегурезад.

“Дар камераҳо ҳамааш сабт шудааст ва мо дидем, ки вақте ҷиянам аз мактаб меояд, барои харидани маҳсулот ба мағоза медарояд, – гуфта буд ӯ.Муборак ӯро ба хонааш даъват мекунад. Даме, ки ҷиянам ба дари хона наздик мешавад, зан зӯран ӯро ба хона дароварда, баъди 10 дақиқа хонаро тарк кард

Наздиконаш он замон гуфта буданд, ки писарча баъди дарсҳо бояд ба хона меомад, лекин онрӯз  барнагашт. Оилаашон ибтидо фикр кардаанд, ки ӯ ҳамроҳи бибиааш аст, ки роҳбари синфи писарча мебошад. Баъди фаҳмидани он, ки ӯ дар мактаб нест, ҷустуҷӯи ӯ оғоз гардидааст.

Ин ҳодиса дар ҷомиа вокунишҳои зиёде ба бор овард.

хххххххх

Султонов Мирзомалик, сокини 32-солаи ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун бо иттиҳоми одамкушӣ дастгир шудааст. Офоқ Қодириён, сухангӯи РВКД вилояти Хатлон дар  шарҳи ин қазия гуфт, “Султонов Мирзомалик, соли таваллудаш 1989, ҳамсараш Мирова Гулнигор, соли таваллудаш 1987-ро, дар пайи рашки беасос, дар дохили бошишгоҳи саҳроӣ, бо корди хоҷагӣ бо як бераҳмии махсус чанд маротиба ба узвҳои муҳими баданаш задааст, ки ҷабрдида дар ҷои ҳодиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат расидааст. Баъдан Султонов М. бо корд ба бадани худ низ чанд зарба мезанад.

Дар додситонии ноҳияи Ҷайҳун нисбат ба Султонов Мирзомалик бар асоси қисми якуми моддаи 104 КҶ ҶТ бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ӯ барои қатли ҳамсараш то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар ин авохир аз Тоҷикистон хабарҳо дар бораи қатлҳои хонаводагӣ, аз ҷумла қатли ҳамсар бо дасти шавҳар ва баракс зиёд ба даст мерасанд. Дар аксари мавридҳо занон дар заминаи рашк қурбони шавҳарони бадрашк мешаванд.

Xxxxx

Тафтиши иловагӣ шиканҷа шудани Ҳасан Ёдгоровро, ки  се сол пеш иттиҳоми куштори як сокини Турсунзодаро ба гардан гирифта буд, вале 8 моҳ пас аз боздошт  баъд аз ёфтани қотили ҳақиқӣ озод шуд, тасдиқ кардааст.

Муфаттишон гуфтаанд, осори шиканҷа бо истифода аз нерӯи барқ дар узви мардонаи ин сокини шаҳри Турсунзода боқист. Ин парванда ҳоло дигарбора дар Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Дар курсии айбдорӣ се афсари милиса

Шералӣ Азизов

Эраҷ Наимов

Саъдӣ Давлатмуродзода

нишастаанд. Онҳо ба он гумонбар мешаванд, ки ҳангоми кор дар Вазорати умури дохилӣ Ҳасан Ёдгорови 35-соларо барои ба дӯш гирифтани гуноҳ шиканҷа кардаанд.

Дар мурофиаи рӯзи 17-уми март пурсишу посухи вакилони мудофеи гумонбарон бо Ҳасан Ёдгоров сурат гирифт. Ҳасан Ёдгоров гуфт, ба ҷуз аз се корманди пешини милиса, ки ҳоло дар курсии айбдорӣ нишастаанд, шахсони дигар низ дар шиканҷаву иқрори маҷбурии ӯ даст доранд, вале номи ҳамаи онҳоро намедонад.

Ӯ дар додгоҳ гуфт: “Онҳо вақти бозпурсӣ дар баданам барқ ва дар даҳонам об мемонданд, ки тоқат кардан мушкил буд”.

Ҳасан Ёдгоров аз моҳи ноябри соли 2017 то нимаи соли 2018 бо иттиҳоми куштори пешхидмати рус Дмитрий Каримов дар боздошт буд. Дар наворе, ки телевизиони Тоҷикистон моҳи декабри соли 2017 пахш кард, Ёдгоров нақл кард, ки чӣ гуна бо истифода аз корд “ба тарафи чапу рост ва қафаси синаи Дмитрий Каримов зарба зада, ӯро кушт”. Ӯ замоне аз боздошт раҳо гашт, ки қотили асосӣ тасодуфан ошкору дастгир шуд. Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, қотили асосӣ сокини шаҳри Турсунзода, Леонид Малченков, будааст, ки ҳангоми истифодаи телефони гумшудаи Каримов дастгир шуд. Малченковро тирамоҳи соли 2018 ба 21 соли зиндон маҳкум карданд.

Дар пайи раҳоии Ёдгоров, мақомот аввал Шералӣ Азизов ва сипас Саъдӣ Давлатмуродзода ва Эраҷ Наимовро бо иттиҳоми шиканҷа дастгир карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button