Номаҳо ба президент

ДАР БОХТАР ДАР АРАФАИ САФАРИ ПРЕЗИДЕНТ БА ДАРАХТОНИ ҚАДИ РОҲ ЧАКАНУ АТЛАС ПӮШОНДААНД (ВИДЕО)

Дар Бохтар дарахтони қади роҳро “чакану атласпӯш” кардаанд. ВИДЕО

Радиои Озодӣ

Дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон, ба танаи дарахтони сари роҳ чакану атлас “пӯшондаанд”.

Мақомоти маҳаллӣ то ҳанӯз сабаби рафтори худро шарҳ надодаанд, вале зоҳиран ин як бахши омодагӣ ба ҷашни Наврӯз ва ҳамзамон сафари раиси ҷумҳурӣ ба минтақа аст.

Як ёвари президент ба “Азия-Плюс” гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-юми март ба Хатлон меравад ва онро сафари корӣ номидааст, на сафари ҷашнӣ.

Атласу чаканро, ки ҳамчун либоси миллӣ эътироф шудаанд, асосан бонувон дар айёми баҳор ба бар мекунанд. Ҳоло нархи миёнаи як метр атлас дар бозорҳои Тоҷикистон тақрибан 50 сомонӣ аст.

Пешвози мансабдорон дар минтақаҳои Тоҷикистон сол ба сол ба як маъракаи пурхарҷ ва пурташвиш табдил меёбад.

Мунтақидон чунин пешвозгириҳои бодабдабаро навъе аз шахспарастӣ медонанд, аммо мақомоти сатҳи олӣ онро кори мансабдорони маҳаллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар навбати худ кори ихтиёрӣ ва ё самимияти мардум медонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button