ВидеоТоҷикистонҶомеа

БОЗДОШТИ ЗАНИ ГУМОНБАР ДАР ҚАТЛИ КӮДАКИ 7-СОЛА ДАР ДУШАНБЕ

Муборак Абдураҳмонова, зани 53-солае, ки дар қатли писари 7-солаи ҳевараш гумонбар мешуд, дастгир шудааст. Ин кӯдак рӯзи 5 март дар кӯчаи Олег Кошевойи шаҳри Душанбе кушта шуд ва хешовандонаш билофосила ангушти иттиҳом ба сӯи Муборак Абдураҳмонова, зани амаки кӯдаки кушташуда баланд карданд. Аммаи кӯдак гуфта буд, , аз сабти навори камераҳои мушоҳидаи видеоии дар мағозаи бародараш насбшуда воқеъ дар паҳлӯи хонаи кӯдак дида мешавад, ки чӣ гуна гумонбаршуда бо роҳи фиреб писарчаро ба хонааш даъват намуда, баъди чанд дақиқа бо сарулибоси дигар аз хона мегурезад.

“Дар камераҳо ҳамааш сабт шудааст ва мо дидем, ки вақте ҷиянам аз мактаб меояд, барои харидани маҳсулот ба мағоза медарояд, – гуфт ӯ. – Муборак ӯро ба хонааш даъват мекунад. Даме, ки ҷиянам ба дари хона наздик мешавад, зан зӯран ӯро ба хона дароварда, баъди 10 дақиқа хонаро тарк кард ва то ҳол дар куҷо будани ӯ маълум нест”.

Наздиконаш он замон гуфта буданд, ки писарча баъди дарсҳо бояд ба хона меомад, лекин онрӯз  барнагашт. Оилаашон ибтидо фикр кардаанд, ки ӯ ҳамроҳи бибиааш аст, ки роҳбари синфи писарча мебошад. Баъди фаҳмидани он, ки ӯ дар мактаб нест, ҷустуҷӯи ӯ оғоз гардидааст.

Ин ҳодиса дар ҷомиа вокунишҳои зиёде ба бор овард.

Зане, ки дар қатли писараки 7-сола гумонбар буд боздошт шуд

Муаллиф: Манзума Фирӯз, Азия Плюс

Пулис ӯро баъди 8 рӯзи рух додани ҳодиса дастгир кардааст.

Баъди 8 рӯзи кофтукоби зани 53-солае, ки дар куштори писарчаи 7-сола хешу табораш гумонбар дониста мешуд, боздошт шудааст.  Дар ин бора ба «АзияПлюс» яке аз наздикони ин хонавода иттилоъ дод. Муҳсинҷон Муҳаммадӣ сухангӯйи пулиси Душанбе ин хабарро низ таъйид кард.

Зани гумонбар дар қатли ноболиғи 7-сола Муборак Абдураҳмонова аст, ки аз рӯзи содир шудани ҷиноят дар ҷустуҷӯй қарор дошт. 

Наздикони писараки кушташуда мегӯянд, ки пулис Абдураҳмоноваро аз ҳудуди ноҳияи Варзоб пайдо кардаанд. Аммо Муҳсинҷон Муҳаммадӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ин зан дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздош шудааст ва ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи сухангӯйи РВКД дар шаҳри Душанбе парвандаи ин ҳодисаро додситонӣ пеш мебарад ва ҷузъиёти  дигари парванда марбут ба ин ниҳод аст.

Наздикони ноболиғи кушташуда дар мавриди боздошти ин зан ҷузъиёти дигар надоданд ва гуфтанд, ки “наметавонем маълумоти бештар бидиҳем, зеро раванди тафтишот аст, аммо ӯ бемории руҳӣ надорад ва бояд тибқи қонун ҷазо бигирад».

Бояд гуфт, ки ҳодисаи куштор рӯзи 5 март дар кӯчаи ба номи Олег Кошевойи пойтахт рух дод, буд ва ба  “Азия-Плюс” аз РВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ дода буданд.

Гуфта мешуд, ки “дар куштори писарча хеши ӯ – зани 53-солаи амаки падари кӯдак гумонбар дониста мешавад. 

Аммаи писарчаи кушташуда он вақт дар суҳбат ба “Азия-Плюс” изҳор карда буд, ки дар куштор зани амаки падари кӯдак, Муборак Абдураҳмоноваи 53-сола гумонбар дониста мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, аз сабти навори камераҳои мушоҳидаи видеоии дар мағозаи бародараш насбшуда воқеъ дар паҳлӯи хонаи кӯдак дида мешавад, ки чӣ гуна гумонбаршуда бо роҳи фиреб писарчаро ба хонааш даъват намуда, баъди чанд дақиқа бо сарулибоси дигар аз хона мегурезад.

“Дар камераҳо ҳамааш сабт шудааст ва мо дидем, ки вақте ҷиянам аз мактаб меояд, барои харидани маҳсулот ба мағоза медарояд, – гуфт ӯ. – Муборак ӯро ба хонааш даъват мекунад. Даме, ки ҷиянам ба дари хона наздик мешавад, зан зӯран ӯро ба хона дароварда, баъди 10 дақиқа хонаро тарк кард ва то ҳол дар куҷо будани ӯ маълум нест”.

Наздиконаш он замон гуфта буданд, ки писарча баъди дарсҳо бояд ба хона меомад, лекин барнагашт. Оилаашон дар фикри он будаанд, ки ӯ ҳамроҳи бибиааш аст, ки роҳбари синфи писарча мебошад. Баъди фаҳмидани он, ки ӯ дар мактаб нест, ҷустуҷӯи ӯ оғоз гардидааст.

Ин ҳодиса дар расонаҳо ва шабакҳои иҷтимоӣ боздошти густардае дошт.

Писараки 7-соле, ки Абдураҳмонова бо гумони қатлаш боздошт шудааст

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button