МуҳоҷиронФарҳанг

АЗ КУМИТАИ ТАФТИШОТИ РУСИЯ ХОСТААНД, КИ … ҚОНУНИЯТИ ТАРОНАИ МАНИЖАРО ТАФТИШ КУНАД (ВИДЕО)

Як созмони ҷамъиятӣ аз Кумитаи тафтишоти Русия хостааст, то матни таронаи барои озмуни “Евровидение” омодакардаи овозхони зодаи Тоҷикистон Манижа Сангинро тафтиш кунад.

Интихоби Манижа ба унвони намояндаи Русия дар ин озмуни муътабар мавҷи вокунишҳои манфӣ дар байни бархе гуруҳҳо дар ҷомиаи Русияро ба бор овардааст.

Светлана Петрова, намояндаи Кумитаи тафтишоти Русия дар посух ба дархости «РИА Новости»  гуфт: “Як созмони  ҷамъиятӣ аз Кумитаи тафтишот хостааст, ки эҳтимоли баёнияҳои зиддиқонунӣ дар таронаи Манижаро тафтиш кунад. Ин муроҷиат тибқи тартиби муқарраркардаи қонун баррасӣ мешавад.”

Кумитаи тафтишот исми созмонеро, ки аз таронаи Манижа шикоят кардааст, ифшо накардааст, вале қаблан идораи нашрияи «Ветеранские вести» дар як муроҷиатнома ба раиси Кумитаи тафтишот Р Александр Бастрикин навишта буд, ки таронаи Манижа “Russian Woman” шаъну эътибори занони русро поймол карда, ризоияти миллӣ дар Русияро ба ҳам мезанад.

Рӯзи 8 март дар даври ниҳоии интихоби намояндаи Русия барои иштирок дар озмуни «Евровидение», ки дар Шабакаи якуми ТВ Русия доир шуд, ғайричашмдошт зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин  бо таронаи “Russian Woman” ғолиб омад.   Ин таронаро дар канали “Евровидение” дар Ютуб алакай беш аз 4 миллион нафар тамошо кардаанд.

Озмуни “Евровидение” имсол аз 18 то 22 май дар шаҳри Роттердами Ҳолланд доир мешавад. Соли 2020 ин озмун ба далели мавҷи коронавирус баргузор нашуд.

Пирӯзии Манижа дар ҷомиаи Русия мавҷи вокунишҳои манфӣ, аз ҷумла аз ҷониби бархе шахсиятҳои шинохтаро ба вуҷуд овард. Бадбинон худи инро, ки Русияро дар озмуни асосии мусиқии Аврупо як зодаи Тоҷикистон намояндагӣ мекунад, зери шубҳа гузоштанд.

Манижа Сангин иқрор кард, ки чунин маъракаи густардаи бадбиниро баъди интихобаш ҳамчун намояндаи Русия дар озмуни «Евровидение» интизор надошт.

Ӯ дар мусоҳибаҳои муфассалаш бо хабаргузории ТАСС ва бо Ксения Собчак дар барномаи «Док-Ток» дар Шабакаи якуми ТВ Русия гуфт, муносибати бадбинона ба пирӯзии ӯ нишон медиҳад, ки мушкили миллатгароӣ ва бегонабадбинӣ дар Русия дар сатҳи ҷиддӣ вуҷуд доштааст.

 Манижа  ба Собчак нақл кард, ки баъди кӯчиданашон ба Маскав, аввалин калимае, ки ёд гирифт, «чернож…ая» буд. Дар мусоҳиба бо ТАСС ӯ аз он алам кард, ки бадбинон ҳатто ба волидонаш раҳм накарданд ва ҳатто туҳмат заданд, ки волидони Манижа “наркобарон буда, дар ҷустуҷӯ қарор доранд.”

 «Бале, ман мефаҳмидам, ки маро на ҳама қабул мекунанд. Вале аз гумонам ҳам намегузашт, ки ба сарам ин қадар борони бадбинӣ фурӯ мерезад. Охир ман ягон кори бад накардам. Ба саҳна баромадаму таронаамро хондам ва тамом! Ман дар ин ҳама бадбиниҳо нажодпарастиро мебинам. Ин мушкил инҷо вуҷуд дорад, гум нашудааст. Аммо дар мавриди иштирокам дар озмун гуфтаниам, ки албатта, ман мақсади пирӯзиро пешам мегузорам. Ин, албатта, як чолиш ҳам ҳаст, чунки дар “Евровидение” бо  таронаи Russian woman як зодаи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад», – мегӯяд Манижа.

Аммо дар ниҳоят Манижа ба ин ҳама мавҷи бадбиниҳо бо як видеои шӯхиомез посух дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button