ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

10 РӮЗ ҲАБСИ РОНАНДА БАРОИ РАФТОРИ ДАҒАЛ НИСБАТ БА МУСОФИРОН (ВИДЕО)

Додгоҳи Хуҷанд Рамазон Эргашзода, ронандаи мусофиркаши тамғаи “Мерседес-Спринтер”, соли таваллудаш 1990-ро бо иттиҳоми дағалрафторӣ нисбат ба мусофирон ба 10 рӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. РВКД Суғд гуфт, Эргашзода, ки дар хатсайри №100 ба мардум хидмат мерасонд, шоми 9 март, тахминан соати 19 дмр истгоҳи Маркази савдои шаҳри Хуҷанд “одоби муошират ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, осудагии мусофиронро халалдор кардааст.“

Дар наворе, ки ба Интернет роҳ ёфт ва вокуниши зиёдеро ба вуҷуд овард, дида мешавад, ки ронанда бо яке аз мусофирон вориди муноқишаи лафзӣ шуда, ҳангоми баҳс бо ин мусофир аз як лаҳн ва лафзи хеле қабеҳу дашномолуда кор мебарад.

Мақомоти милиса шахсияти ронандаро муайян карда, ба зидди ӯ бар асоси моддаи 460-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо иттиҳоми майдаавбошӣ парвандаи маъмурӣ тартиб доданд.


Аз  навори хабарҳои рӯзи 17 марти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳабси маъмурии ронанда барои дағалгуфторӣ (Навор)

Бадрафторӣ ва риоя накардани одоби муошират ҳангоми хизматрасонии мусофиркашонӣ сабаб шуд, ки нисбати ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес- Спринтер» Эргашзода Рамазон Боир, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, мақомоти милитсия аз таъсиррасонии маъмурии ҳуқуқӣ кор гирад. Навори муносибати дағалонаи ронанда нисбати мусофирон ба шабакаи интернет роҳ ёфт ва вокуниши мардумро ба вуҷуд овард. Тавре дар навор дида мешавад ронанда Рамазон Эргашзода бо мусофирон муносибати дағалона намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунад.

Ҳодиса, рӯзи 9-уми март, тахминан соати 19:00, дар истгоҳи Маркази савдои шаҳри Хуҷанд рух додааст. Ронандаи воситаи нақлиёти мусофиркаш, ки дар хатсайри №100 хизматрасонӣ менамуд, одоби муошират ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, осудагии мусофиронро халалдор кардааст.
Бо муайян шудани шахсияти ҳуқуқвайронкунанда, барои майдаавбошӣ нисбати Рамазон Эргашзода тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин карда шуд.

Ҳадафи муҷозоти маъмурӣ ислоҳи ҳуқуқвайронкунанда аз каҷрафторӣ буда, хатои ӯро набояд дигарон такрор намоянд.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Ошкор шудани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ариза марди 30-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Балхии ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 14-уми марти соли 2021, шахси номаълум дар дохили боғи фарҳангии ноҳия бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-5”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 800-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллии ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани амалҳои мардумфиребӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун бо ариза ҷавони 26-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 5-уми сентябри соли 2020, марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 50 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки дар давоми моҳҳои март-октябри соли 2020, дар кӯчаи Сари Осиё марди 42-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ дар умум 49 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш барои гирифтани ҳалномаи суд оиди қонунигардонидани манзили истиқоматиаш ба ӯ мусоидат менамояд, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда моҳҳои октябр-августи соли 2020, якчанд маротиба бо роҳи фиреб ба боварии марди 44-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориён даромада, аз ӯ дар умум 107 ҳазору 415-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button