ВидеоТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ ТОҶИКИСТОН: 16 МАРТИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Дуруд, тамошобинони азиз!

Хулосаи хабарҳои муҳими рӯзи 16 марти Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод”

бароятон пешкаш мекунем. Дар ин барнома:

 Илҳом-командир ба 9 соли зиндон маҳкум шуд

Сатҳи бадбинӣ ва миллатгароӣ дар Русия Манижа Сангинро шок кардааст

Қатли як ҷавон аз сӯи зани дӯстдоштааш дар Ҳамадонӣ

Шикасти «Хуҷанд» аз “Металл”-и Харков дар Туркия

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Додгоҳи шаҳри Душанбе Илҳом Шарбатович Ҳотамов, мулаққаб ба Илҳом-Командир ва Илҳоми Ботурободӣ, як фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ ва яке аз тоҷирони дар гузашта пештози тиҷорати пахта дар водии Вахшро ба 9 соли зиндон маҳкум кардааст. Манбаи сомонаи “Бомдод” гуфт, ҳукми Илҳоми Ботурободӣ моҳи январ содир шуда, додгоҳ ӯро дар напардохтани чанд миллион доллар қарзи аз “Агроинвестбонк” гирифтааш гунаҳкор донистааст.  Ӯ дар ҳоле маҳкум ба зиндон шуд, ки моҳи марти соли 2019 дар пайи як тирпарронии наздиконаш бо намояндагони оилаи бонуфузм Соҳибовҳо дар маркази шаҳри Бохтар номаш дар сархатти ахбор қарор гирифта буд. Дар он тирпарронӣ се нафар, аз ҷумла Ҳоҷӣ Марс, домоди Соҳибовҳо захмӣ шуда буд.

Дар ин авохир Илҳоми Ботурободӣ инак дастикам сеюмини нафар аз тоҷирони дар гузашта пештози бозори пахтаи Тоҷикистон аст, ки маҳкум ба зиндон мешаванд. Додгоҳи Душанбе моҳи январ бо айни иттиҳоми напардохтани миллионҳо доллар қарзашон аз “Агроинвестбонк” Ҷамшед Абдулов ва Исматулло Ҳаёевро низ маҳкум карда буд. Аз ҷумла Исматулло Ҳаёев, писари сарвазири собиқи Тоҷикистон Иззатулло Ҳаёев ба 11 соли зиндон маҳкум шуд.

Илҳоми Ботурободӣ дар солҳои 90 ва ибтидои солҳои 2000 ширкати машҳури “Тамер ИНБ”-ро мечархонд. Ин ширкат яке аз фурӯшандагони умдаи пахтаи водии Вахш – минтақаи асосии пахтакории Тоҷикистон ба шумор мерафт. Исми ширкати “Тамер ИНБ” дар моҷарои байни Сандуқи байналмилалии пул ва ҳукумати Тоҷикистон дар оғози солҳои 2000 расонаӣ шуда буд. Сандуқи байналмилалии пул он вақт ҷониби Тоҷикистонро ба исрофи ғайримақсадноки 800 миллион доллар пулҳои барои хоҷагиҳои пахтакор ҷудошуда айбдор кард ва он қазия боиси Як таниши сахт ва чанд сол мутаваққиф шудани маблағгузории Тоҷикистон аз ҷониби Сандуқи байналмилалии пул шуда буд.

Хххххххх

Овозхони зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин иқрор кард, ки чунин маъракаи густардаи бадбиниро баъди интихобаш ҳамчун намояндаи Русия дар озмуни «Евровидение» интизор надошт.

Манижа Сангин дар мусоҳибаҳои муфассалаш бо хабаргузории ТАСС ва бо Ксения Собчак дар барномаи «Док-Ток» дар Шабакаи якуми ТВ Русия гуфт, муносибати бадбинона ба пирӯзии ӯ нишон медиҳад, ки мушкили миллатгароӣ ва бегонабадбинӣ дар Русия дар сатҳи ҷиддӣ вуҷуд доштааст.

 Манижа  ба Собчак нақл кард, ки баъди кӯчиданашон ба Маскав, аввалин калимае, ки ёд гирифт, «чернож…ая» буд. Дар мусоҳиба бо ТАСС ӯ аз он алам кард, ки бадбинон ҳатто ба волидонаш раҳм накарданд ва ҳатто туҳмат заданд, ки волидони Манижа “наркобарон буда, дар ҷустуҷӯ қарор доранд.”

 «Бале, ман мефаҳмидам, ки маро на ҳама қабул мекунанд. Вале аз гумонам ҳам намегузашт, ки ба сарам ин қадар борони бадбинӣ фурӯ мерезад. Охир ман ягон кори бад накардам. Ба саҳна баромадаму таронаамро хондам ва тамом! Ман дар ин ҳама бадбиниҳо нажодпарастиро мебинам. Ин мушкил инҷо вуҷуд дорад, гум нашудааст. Аммо дар мавриди иштирокам дар озмун гуфтаниам, ки албатта, ман мақсади пирӯзиро пешам мегузорам. Ин, албатта, як чолиш ҳам ҳаст, чунки дар “Евровидение” бо  таронаи Russian woman як зодаи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад», – мегӯяд Манижа.

Рӯзи 8 март дар даври ниҳоии интихоби намояндаи Русия барои иштирок дар озмуни «Евровидение», ки дар Шабакаи якуми ТВ Русия доир шуд, ғайричашмдошт зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин ғолиб омад.  Пирӯзии ӯ дар ҷомиаи Русия мавҷи вокунишҳои манфӣ, аз ҷумла аз ҷониби бархе шахсиятҳои шинохтаро ба вуҷуд овард. Бадбинон худи инро, ки Русияро дар озмуни асосии мусиқии Аврупо як зодаи Тоҷикистон намояндагӣ мекунад, зери шубҳа гузоштанд.

Озмуни “Евровидение” имсол аз 18 то 22 май дар шаҳри Роттердами Ҳолланд дори мешавад. Соли 2020 ин озмун ба далели мавҷи коронавирус баргузор нашуд.

Манижа Сангин (Манижа Далеровна Ҳамроева) соли 1991 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ набераи Тоҷӣ Усмон, яке аз нависандагони машҳури тоҷик аст. Манижа се сол дошт, ки оилаи онҳо аз Душанбе ба Маскав кӯчид.

ХХХХХХХХ

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ як зани 28-сола бо иттиҳоми қатли ҷавони дӯстдоштааш боздошт шудааст. Тавре ВКД хабар дод, ин ҳодиса рӯзи 11 март рӯй дода, сокини ин ноҳия Талабов Ғафурҷон, соли таваллудаш 1999 дар бемористон аз ҷароҳатҳои буррандаву халанда ба ҳалокат расидааст.

Тафтишот мегӯяд, Савронбии Файзулло, соли таваллудаш 1993, ки бо марҳум Талабов Ғ. пештар ошноӣ пайдо кардаву бо ҳам муносибатҳои ошиқона доштаанд, дар пайи як муноқишаи байнашон ба вуқӯъ пайваста, дар хонаи истиқоматияш ду маротиба бо корди хоҷагӣ ба қисмати қафаси синаи марҳум задааст. Дар Прокуратураи ноҳияи Ҳамадонӣ нисбат ба Савронбии Файзулло бо аломатҳои ҷинояти моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

ХХХХХХ

Дастаи лигаи дуюми футболи Украина “Металл” (Харков) дар бозии рафиқона дар ҷараёни тамринҳо дар Туркия барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон “Хуҷанд”ро бо ҳисоби бузурги 3:0 шикаст дод. Ин бозӣ рӯзи 15 март дар варзишгоҳи «Limak Arcadia Football Center» дар шаҳри Белеки вилояти Анталия доир шуд.

Ҳисобрр дар нимаи аввали бозӣ Руслан Фомин кушод. Дар нимаи дуюм Игор Сикорский ва Владимир Танчик боз ду тӯби дигарро вориди дарвозаи “Хуҷанд” карданд.

Ин бозии дуюми рафиқонаи “Хуҷанд” дар Туркия буд. Дар бозии аввал “Хуҷанд” дастаи «Йесилова»  аз Туркияро бо ҳисоби бузурги 3:0 шикаст дод ва акнун рӯзи 18 март дар Белек бо дастаи «Ленинградец» аз Русия бозии рафиқона анҷом медиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button