ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ҚАТЛИ ЯК ҶАВОН АЗ СӮИ ЗАНИ ДӮСТДОШТААШ ДАР ҲАМАДОНӢ (2 АКС)

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ як зани 28-сола бо иттиҳоми қатли ҷавони дӯстдоштааш боздошт шудааст. Тавре ВКД хабар дод, ин ҳодиса рӯзи 11 март рӯй дода, сокини ин ноҳия Талабов Ғафурҷон, соли таваллудаш 1999 дар бемористон аз ҷароҳатҳои буррандаву халанда ба ҳалокат расидааст.

Тафтишот мегӯяд, Савронбии Файзулло, соли таваллудаш 1993, ки бо марҳум Талабов Ғ. пештар ошноӣ пайдо кардаву бо ҳам муносибатҳои ошиқона доштаанд, дар пайи як муноқишаи байнашон ба вуқӯъ пайваста, дар хонаи истиқоматияш ду маротиба бо корди хоҷагӣ ба қисмати қафаси синаи марҳум задааст. Дар Прокуратураи ноҳияи Ҳамадонӣ нисбат ба Савронбии Файзулло бо аломатҳои ҷинояти моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Боздошти гумонбари ҷинояти куштор дар ноҳияи Ҳамадонӣ

Даст задан ба амалҳои ғайриинсонӣ аз қабили куштор, аз ҷониби як нафар зан, ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ, ки рӯзи 11-уми марти соли ҷорӣ ба вуқуъ пайваст, мардуми ин маҳалро ваҳшатзада кард.

Бо ворид шудани хабари телефонӣ ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз Беморхонаи марказии ноҳияи мазкур оиди бо ҷароҳатҳои буррандаву халанда ба ҳалокат расидани сокини ҳамин ноҳия Талабов Ғафурҷон, соли таваллудаш 1999 аз ҷониби кормандони милитсия гурӯҳи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуда, гумонбари ин ҷинояти сангин дар як муддати кутоҳ дастгир карда шуд.
Савронбии Файзулло, соли таваллудаш 1993, ки бо марҳум Талабов Ғ. пештар ошноӣ пайдо кардаву бо ҳам муносибатҳои ошиқона доштаанд, дар пайи як муноқишаи байнашон ба вуқӯъ пайваста, дар хонаи истиқоматияш ду маротиба бо корди хоҷагӣ ба қисмати қафаси синаи марҳум мезанад, ки дар натиҷа охирон аз зарбаҳои гирифтааш, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Дар Прокуратураи ноҳияи Ҳамадонӣ нисбати Савронбии Файзулло бо аломатҳои ҷинояти моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Офоқ Қодириён

Манбаъ: Сомонаи ВКД Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button