Хабарҳои кӯтоҳ

5 МАВРИДИ ТАМАЪҶӮӢ ВА ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ ҚАРИБ 700 ҲАЗОР СОМОНӢ

Сокини 27солаи ҷамоати Н.Розиқи шаҳри Ваҳдат бо гумони тамаъҷӯӣ ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ дастгир шудааст.

Як зани 46сола аз Турсунзода 13 ҳазор доллар гирифта, ваъда додааст, ки бародари як сокини ин шаҳрро аз толори суд озод мекунад, вале коре накардааст.

Як зани 44солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ манзили як сокини ин ноҳияро бо нархи 230 ҳазор сомонӣ фурӯхта, як сол боз пулашро надодааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 16 марти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ифшо шудани ҷинояти тамаъҷӯӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Н.Розиқи шаҳри Ваҳдат ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, бо сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри мазкур вохӯрда, бо баҳонаи оне, ки гӯё бо як рафиқаш дар Федератсияи Россия доду гирифт намудаст, бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ҷабрдида 6 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
Ҳангоми гирифтани маблағ дар ҳаҷми 6 ҳазор сомонӣ дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат гумонбаршаванда дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 27-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2020, зани 46-солаи сокини шаҳри мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 13 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки бародарашро аз толори суди шаҳри Турсунзода озод менамояд, аммо маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 19-уми декабри соли 2018, марди 56-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки шавҳарашро аз ҳабс озод мекунад, аммо фиреб дода, то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 15-уми декабри соли 2020, марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 247 ва 292 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тойота-Приус»-ро ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати 3-шабонарӯз маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағи ваъдадодаашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 20-уми марти соли 2020, зани 44-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 230 ҳазор сомонӣ гирифта, хонаи истиқоматӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе бударо бе ягон ҳуҷҷат фурӯхта, ваъда додааст, ки ҳуҷҷатҳои хонаро то рӯзҳои наздик оварда медиҳад, аммо то ҳол фиреб дода гаштааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button