ВидеоМуҳоҷирон

МАРГИ ТАКСИРОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ЯК САДАМА ДАР ПЕТЕРБУРГ (3 ВИДЕО)

Шаби 13 март, тақрибан соати 22, дар натиҷаи як садамаи марговар дар кӯчаи Наличная дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ронандаи такси – ҷавони зодаи Тоҷикистон,  соли таваллудаҳ 1994 дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Ба мошини тамғаи Volkswagen Polo, ки ҷавони тоҷик таксиронӣ  мекард, як ҷипи тамғаи Range Rover бо суръати баланд бархӯрд. Ронандаи ҷип маст будааст.

Видеои лаҳзаи бархӯрди маргбори ин ду мошинро нашрияи маҳаллии «Невские новости» нашр кард.

https://nevnov.ru/867389-vinovnik-smertelnogo-dtp-na-nalichnoi-mozhet-sest-na-pyat-let

Шумораи қурбониёни садама метавонист бештар ҳам шавад, чунки ронандаи  такси ҳамагӣ чанд лаҳза пеш аз бархӯрд мусофиронашро аз мошин фароварда буд. Бархӯрд чунон сахт буд, ки мошини такси чанд пора шуд ва ду мошини тамғаи Hyundai Solaris, ки дар чорроҳа мунтазири сабз шудани ранги чароғак истода буданд, низ осеб диданд. Як мусофирро бо ҷароҳатҳои нисбатан сабуктар ба бемористон интиқол додаанд.

Пулис гуфт, ронандаи такси ҳангоми баромадан ба роҳи асосӣ ба ронандаи ҷип имкони гузар надодааст. Вале ташхис нишон дод, ки ронандаи ҷип масти лояқил будааст (дар бадани ӯ  ҳаҷми машруботи нӯшидааш 1,8 промилле, яъне 6 маротиба бештар аз 0,3 промиллеи меъёр будааст).

Бино ба иттилои маркази матбуоти пулиси ноҳияи Василеостровский, ба ин далел ба зидди ронандаи ҷип бар асоси моддаи 264 (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ) парванда кушодаанд ва ба ӯ то 5 соли зиндон  таҳдид мекунад.

Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз зодагони Тоҷикистон ба далелҳои мухталиф ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Садамаҳои нақлиётӣ дар баробари фалокатҳо дар ҷои кор аз сабабҳои умдаи марги муҳоҷиони тоҷик дар Русия ном бурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button