ВидеоКоррупсия

КОРМАНДИ КОМИССАРИАТИ ҲАРБИИ ИСФАРА АЗ АЛИБОЕВ ПОРА ГИРИФТААСТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки парвандаи ҷиноятии Саидзода Рамазон, ёрдамчии калони зершуъбаи 2-уми Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфараро баъди анҷоми тафтишот ба додгоҳ супурдааст. Саидзода баи асоси қисми дуюми моддаи 247-уми КҶ ҶТ ба қаллобӣ айбдор мешавад. Маркази матбуоти Агентӣ гуфт, Рамазон Саидзода “бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд Алибоев А. барои аз хизмати харбӣ озод намудани бародараш-Алибоев О. бо роҳи қаллобӣ маблағи 9500 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст.”

Даъват ба саффи артиш яке аз соҳаҳои аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ҳар мавсими даъват ба артиш дар бораи боздошти чандин корманди комиссариатҳои ҳарбӣ бо иттиҳоми гирифтани пора дар ивази аз хидмати ҳарбӣ озод кардани шаҳрвандон гузоришҳо ба даст мерасанд.

Як моҳ пеш ба қонун дар бора  ӯҳдадории ҳарбӣ дар Тоҷикистон тағйироте ворид карда шуд, ки бар асоси он, ҷавонони синну соли даъватӣ аз ин ба баъд метавонанд бо пардохти маблағи муайян ва гузаштани як давраи кӯтоҳмуддати хидмат соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

Ҳаҷми маблағе, ки дар ивази раҳоӣ аз хидмати ҳарбӣ бояд пардохта шавад, ҳанӯз аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон муайян карда нашудааст, вале бархе манобеъ мегӯянд, ки он тақрибан 25 то 28 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод.

Даъват ба саффи артиш дар Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба  – моҳҳои апрел – май ва октябр – ноябр – доир мешавад. Дар ҳоле ки нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон солона ба 7-8 ҳазор сарбоз ниёз доранд, шумори ҷавонони синну соли даъватӣ дар кишвар ҳудуди 700 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин барои масъулони даъват заминаи коррупсия ваё ба истилоҳ “пулкоркунӣ”ро аз ҳисоби ҷавононе, ки ба артиш рафтан намехоҳанд, фароҳам меорад.

Қаллобӣ барои озод намудан аз хизмати ҳарбӣ

Саидзода Рамазон дар вазифаи ёрдамчии калони зершуъбаи 2-уми Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара кор карда истода, бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд Алибоев А. барои аз хизмати харбӣ озод намудани бародараш-Алибоев О. бо роҳи қаллобӣ маблағи 9500 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Саидзода Р. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.

            Маркази матбуоти Агентӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button