ВидеоҶомеа

ҲУКМИ ЗИНДОНИ УМРБОД БАРОИ ТАҶОВУЗ ВА ҚАТЛИ ЯК КӮДАКИ 11-СОЛА ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ (ВИДЕО)

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 феврал зодаи шаҳри Ваҳдат Зафар Раҷабов, соли таваллудаш 1983-ро бо ҷурми таҷовуз ба номус ва қатли ваҳшиёнаи як духтарчаи соли таваллудаш 2009 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Маркази матбуоти додситонии кулли Тоҷикистон ин ҳукми Додгоҳи олиро “ҳукми одилона ба кирдори разилона” номида, бархе тафсилоти ин парвандаро нашр кардааст. Бино ба ин манбаъ, Зафар Раҷабов “25 августи соли 2020 соатҳои 12 30 дақиқа дар бозорчаи маҳаллаи 9-уми шаҳри Душанбе бо хурдсол З.Б., соли таваллудаш 2009, ки танҳо гаштугузор дошт вохӯрда, бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи шаҳвонии худ номбурдаро ҳамроҳи худ аз бозор ба истгоҳи шоҳроҳи Душанбе-Вахдат, ба макони хилватгоҳ бурдааст”.

Дар инҷо ҷинояткор “дидаву дониста, ки номбурда хурдсол аст, ӯро ба оғӯш гирифта, мақсади поҷомаашро аз танаш бароварданӣ шудааст, ки З.Б. аз нияти нопоки Раҷабов З.С. огоҳ шуда, ба ӯ муқобилият нишон додааст. Раҷабов З.С. бо мақсади бартараф намудани муқобилияти З.Б., тариқи зӯроварӣ алоқаи ҷинсӣ намудан ва нафси шаҳвониашро қонеъ гардонидан як зарба ба рӯи охирин задааст, ки хурдсол ба замин афтода, паси сараш ба санг бархӯрда, дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, беҳолу бемадор рӯи замин афтодааст.  Баъдан Раҷабов З.С. аз вазъи оҷизонаи хурдсол З.Б. истифода бурда, ба номуси ӯ таҷовуз карда, нафси шаҳвониашро қонеъ гардонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.”

Кӯдаки ҷабрдида бар асари ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҳамон ҷойи ҳодиса  ҷон додааст.

Қаблан ВКД бо нашри як гузориши видеоӣ хабар дода буд, ки Раҷабов Зафар рӯзи 25 август ба як духтарчаи 11-сола, ки ба гадоӣ машғул буд, пул дода, ба боварии ӯ даромадааст ва духтарчаи хурдсолро ба паси истоҳи деҳаи Шаҳристони ноҳияи Рӯдакӣ бурда, дар он ҷо бо зӯрӣ ба номусаш таҷовуз кардааст. Раҷабов сипас барои рӯйпӯш кардани изи ҷинояташ духтарчаро ба қатл расонда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

Дар бораи бедарак шудани ин духтарчаи зодаи ноҳияи Дӯстӣ, ки дар ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ба сар мебурд, модараш ба мақомоти милисаи ноҳияи Рӯдакӣ хабар додааст. Дар пайи ҷустуҷӯ ҷасади кӯдакро бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар паси истгоҳи деҳаи Шаҳристон пайдо карда ва баъди чанде гумонбаршавандаро ҳам дастгир кардаанд.

ҲУКМИ ОДИЛОНА БА КИРДОРИ РАЗИЛОНА

   Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро нисбати Раҷабов Зафар Сафархоҷаевич, соли таваллудаш 1983, зодаи шаҳри Ваҳдат, бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “в”,“л” ва 138 қисми 3 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда буд.

 Тафтишоти пешакӣ Раҷабов З.С.-ро барои он айб эълон намудааст, ки номбурда ба оворагардӣ машғул шуда, дар заминаи қонеъ гардонидани нафси шаҳвонӣ даст ба содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин задааст.

 Чунончи, ӯ 25 августи соли 2020 соатҳои 12 30 дақиқа дар бозорчаи маҳаллаи 9-уми шаҳри Душанбе бо хурдсол З.Б., соли таваллудаш 2009, ки танҳо гаштугузор дошт вохӯрда, бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи шаҳвонии худ номбурдаро ҳамроҳи худ аз бозор ба истгоҳи шоҳроҳи Душанбе-Вахдат, ба макони хилватгоҳ бурда дидаву дониста, ки номбурда хурдсол аст, ӯро ба оғӯш гирифта, мақсади поҷомаашро аз танаш бароварданӣ шудааст, ки З.Б. аз нияти нопоки Раҷабов З.С. огоҳ шуда, ба ӯ муқобилият нишон додааст. Раҷабов З.С. бо мақсади бартараф намудани муқобилияти З.Б., тариқи зӯроварӣ алоқаи ҷинсӣ намудан ва нафси шаҳвониашро қонеъ гардонидан як зарба ба рӯи охирин задааст, ки хурдсол ба замин афтода, паси сараш ба санг бархӯрда, дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, беҳолу бемадор рӯи замин афтодааст.

  Баъдан Раҷабов З.С. аз вазъи оҷизонаи хурдсол З.Б. истифода бурда, ба номуси ӯ таҷовуз карда, нафси шаҳвониашро қонеъ гардонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

  Хурдсол З.Б.. баъди гирифтани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 Бо ҳукми Суди Олӣ аз 25 феврали соли 2021 судшаванда Раҷабов З.С. бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “в”,“л” ва 138 қисми 3 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо дастрасии моддаи 67 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колониям ислоҳии низомаш махсус таъйин карда шуд.

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button