ВидеоТоҷикистонХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК СОКИНИ БАРХОРУҒ БАРОИ “ЗӮРОВАРӢ БА МУҚОБИЛИ НАМОЯНДАИ ҲОКИМИЯТ”

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки Зикруллобеков Айнӣ Файзуллобекович, соли таваллудаш 1999, сокини маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ, ки қаблан нисбаташ тибқи моддаҳои 237 (авбошӣ), 328 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) ва 330-и (таҳқири намояндаи ҳокимият) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида буд ва номбурда дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, рӯзи 12 март  дастгир карда шуд.

ВКД тафсилоти дигар айбномаи зидди ин ҷавони сокини Бархоруғро нашр накардааст. Аммо дар солҳои охир ин бори аввал нест, ки сокинони Хоруғ ва навоҳии дигари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо чунин иттиҳомҳое, чун “таҳқири намояндаи давлат” ваё “зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” дастгир карда мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз моҳи сентябри соли 2018 бо мақсади “барқарор кардани амният ва тартибот” ба Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва навоҳии атрофи он нирӯҳои иловагӣ фиристоданд. Бо гузашти инак дувуним сол ин нирӯҳои иловагӣ ҳамчунон дар Бадахшон боқӣ мондаанд.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҷинояткор дастгир гардид

Санаи 12 марти соли равон шаҳрванд Зикруллобеков Айнӣ Файзуллобекович, соли таваллудаш 1999, сокини маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ, ки қаблан нисбаташ тибқи моддаҳои 237 (авбошӣ), 328 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) ва 330-и (таҳқири намояндаи ҳокимият) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида буд ва номбурда дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастгир карда шуд. Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Дастгир гардидани марди 34-сола бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 6-уми марти соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Ваҳдати шаҳри Хуҷанд қарор доштанаш бо марди 36-солаи сокини шаҳри Гулистон ҷангу ҷанҷол намуда, бо санг 3 маротиба ба сари номбурда задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Рух додани якчанд садамаи нақлиётӣ

Рӯзи 13-уми марти соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ХИНО”, Розиқов Бобохон Нуруллоевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҳаётов Абдулҳаким Файзович, соли таваллудаш 1966, сокини ҷамоати деҳоти Оқсуро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Ҳаётов А.Ф. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, рӯзи 14-уми марти соли 2021, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Саидов Ибодулло Исматович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти ноҳияи Ёвон, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар нишебии тахминан 30-метр автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Саидов И.И. ва мусофирони дар дохилаш буда, Собирова Майрам Ҷамолиддиновна, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Ваҳдат ва Мирзоева Нигина Мирзошарифовна, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ҷинояти одамкушӣ бо истифода аз корд

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда,11-уми марти соли 2021, тахминан соати 20:20-дақиқа, дар назди бинои истиқоматиашон бо ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати шаҳраки мазкур муноқиша намуда, бо корд 2 маротиба ба қисмати қафаси синааш мезанад.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button