ВарзишВидеоЧеҳраҳо

УСТОДИ №1: ШАРИФ НАЗАРОВ БА СИННИ МУБОРАКИ 75 РАСИД (ВИДЕО)

Шариф Назаров, хущномтарин мудиру мураббии футболи тоҷик рӯзи 23 феврал ба синни мубораки 75 расид. Маҳз дар аҳди сармураббигии  Шариф Назаров дастаи шуҳратёри “Помир” аз Душанбе бори аввал ба лигаи олии футболи СССР роҳ ёфт, дастаи овозадори “Спартак” аз Маскавро бо ҳисоби имрӯз боварнокардании 5:1 шикаст дод. Бо вуҷуди синни 75, Шариф Назаров имрӯз низ пур аз нерӯст ва дар мактаби футболи таъсисдодааш кӯдаконро машқ медиҳад.

Шариф Назаров  дар ятимхонаи ноҳияи Шаҳринав ба воя расида, дар ҳамин ҷо ба футбол дил баст. Баъди хатми интернат ӯ ба Душанбе омад ва ба бошгоҳи футболи “Энергетик” пайваст. Бошгоҳи “Помир” соли 1970 маҳз дар заминаи ҳамин “Энергетик” таъсис ёфт, вале Шариф Назаров, ки ҳангоми ҳунарнамоӣ дар майдон захмҳои зиёд бардошта буд, дигар натавонист собиқаи футболбозиашро идома диҳад.

Роҳбарони “Помир” маҳорати мудирияти ӯро дида, ба Шариф Назаров пешниҳод карданд, ки дар маъмурияти бошгоҳ бимонад. Назаров солҳои тӯлонӣ ба ҳайси маъмур ва мудири “Помир” кор карда, дар овардани чандин футболбози бомаҳорат аз дастаҳои дигар ба ҳайъати “Помир” нақши муҳим бозӣ кардааст. Юрий Сёминро баъди хатми Мактаби олии мураббиёни футболи Маскав низ маҳз Шариф Назаров мутақоид кард, ки ба ҷои Астрахан ба Душанбе биояд ва роҳбарии “Помир”-ро ба дӯш бигирад. Маҳз Юрий Сёмин, ки имрӯз яке аз мураббиёни қавитарин дар Шӯравии собиқ эътироф шудааст, пойдевори дастаеро сохт, ки баъди рафтани ӯ аз Душанбе ба дасти Шариф Назаров гузашт ва дап аҳди ӯ дар соли 1988 ба лигаи олии футболи СССР роҳ ёфт.

Мутаассифона, суқути СССР дар ибтидои солҳои 90 ва ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ фурӯ рафтани Тоҷикистон боис шуд, ки “Помир” дар айни авҷи шуҳраташ аз ҳам бипошад ва аксари бозигаронаш ба дастаҳои дигар бираванд.

Бо ҳар вуҷуд, Шариф Назаров дар таърихи футболи тоҷик ягона мураббиест, ки тавонист бошгоҳи футбол аз Тоҷикистонро ба лигаи олии футболи СССР барорад. То ва баъди ӯ чунин муваффақият ба ҳеҷ нафари дигаре даст надодааст.

Зодрӯз муборак, Мэтри футболи тоҷик!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button