ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ПАДАРУ ПИСАР ДАР ВАРЗОБ

Рӯзи 19 феврал бар асари чаппа шудани мошини боркаши тамғаи “Шакман” дар ҳудуди ҷамоати Зидеҳи ноҳияи Варзоб ронандаи 53солаи ин мошин Баҳрулло Саидов ва писари 29солааш Алиакбар дар ҷои ҳодиса ҷон бохтаанд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон дода, беш аз 1200 тан маъюб  мешаванд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 23 феврали маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати падару писар дар садамаи нақлиётӣ

Рӯзи 19-уми феврали соли 2021, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс», Васильев Михаил Юревич, соли таваллудаш 1978, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Шаҳринав ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Шаҳринав, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти М.Ризои шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Юсуфов Рамзалӣ Қурбонназарович, соли таваллудаш 1968, сокини ҷамоати деҳоти М.Ризои шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа охирин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 19-уми феврали соли 2021, тахминан соати 15:20-дақиқа ронандаи автомашинаи боркашии тамғаи «Шакман», Саидов Баҳрулло Мардонович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Варзоб ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати Зидеҳи ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапа роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда, Саидов Б.М. ва писараш Саидов Алиакбар Баҳруллоевич, соли таваллудаш 1991, сокини ҳамон ҷо, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамин тариқ, рӯзи 21-уми феврали соли 2021, тахминан соати 07:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Тағоев Камолиддин Муҳаммадҷонович, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Турсунзода, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сомонӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, худи ронанда Тағоев К.М. ва мусофирони дар дохили автомашинаи мазкур буда Меликова Раҷабгул, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати шаҳраки Шарора, Синонова Маърифат, соли таваллудаш 1960, сокини ҷамоати деҳоти Сомон, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта ва як мусофири дигари автомашина Қосимова Улфатой Мирзоевна, соли таваллудаш 1965, сокини ҷамоати деҳоти М.Ризои шаҳри Ҳисор ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Пешсудшуда боз даст ба ҷиноят зад

Дидаву дониста даст задан ба ҷинояти дуздӣ рафтори нанговар мебошад.

Мутаамсифона ҳастанд нафароне, ки қаблан чанд маротиба маҳз бо ҷинояти дуздӣ маҳкум шуда, аз ин хулосаи даркорӣ набароварда, боз ҷиноят содир менамоянд ва шаъну эътибори худу атрофиёнро бо ин кирдорҳои ҷинояткоронаашон паст мекунанд.
Чанд нафар аз сокинони ноҳияи Вахш ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат намуданд, ки аз манзилҳои истиқоматияшон молҳои арзишнокашон ҳадафи дуздон қарор гирифтааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як нафар сокини ноҳияи Данғара, Шомуродов Бобоҷон, соли таваллудаш 1982, пеш се маротиба бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ дастгир гардид.
Зимни пурсиши гумонбаршуда маълум гардид, ки Шомуродов дар ҳудуди ноҳия шабона барои ба даст овардани фоидаи муфт ба дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр машғул гашта, аз аввалҳои моҳи июли соли сипаришуда то инҷониб вориди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон мегарадад ва молҳои арзишнок, аз қабили телефонҳои мобилӣ, дучархаҳо, маблағҳои пулӣ, либосҳои мардонаро ба яғмо мебарад, ки бо ин кирдорҳои қасдонаи худ ба ҷабрдидагон ба маблағи 25 000 сомонӣ зарари молиявӣ расонида аст.
Боздоштшуда дар панҷ ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад.
Дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Вахш нисбати Шомуродов Бобоҷон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Офоқ Қодириён

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2020, дар назди театри Аҳоруни шаҳри Душанбе корманди ҶДММ «Абю-2010», марди 40-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро ба маблағи 60 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо фиреб дода маблағи ваъдадодаашро барнагардонидааст.

Ҳамзамон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 289 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи сентябри 2019 то моҳи январи 2020, бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз ӯ 60 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Бо корд захмӣ намудани ноболиғи 17-сола

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболи 17-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, 20-уми феврали соли 2021, тахминан соати 11:20-дақиқа, дар назди бинои «Маҷмааи варзишӣ», воқеъ дар кӯчаи Маяковский бо якдигар ҷангу ҷанҷол карда, якеашон бо олоти халандаю бурранда 1-маротиба ба дасти дувумин зарба зада, аз ҷойи ходиса ғайб задааст.
Дар натиҷа нафари зарбхӯрда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ҳодисаи дуздӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 20-уми феврали соли 2021, тахминан соати 08:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз автомашинаи шахсиаш тамғаи «Мерседес-Бенс», ки дар таваққуфгоҳи маҳаллаи 102-юм меистод, 2-адад трубаи дудбарои (катализатор)-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ҷойи кораш устои воситаҳои нақлиётии таваққуфгоҳи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷинояти қочоқ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани ҷинояти қочоқ дастгир карда шуд.
Номбурда, 4-уми феврали соли 2021, 299 қуттӣ, ки дар дохили ҳар яки он 4-адади зарфҳои пластмасини ғунҷоишашон 5-литра, дар умум 1196-адад зарфҳои равғани муҳаррики воситаи нақлиётӣ истеҳсоли давлати Олмон бо номгӯи «RAVENOL», ҷамъ ба маблағи 299 ҳазор сомониро бидуни назорати гумрукӣ, бе декларатсия ва супоридани боҷи гумрукӣ, бо роҳи қочоқ аз ноҳияи Лейлаки Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button