ВидеоКоррупсия

БОЗДОШТИ ТАБИБИ САРҲАДБОНҲО БАРОИ ГИРИФТАНИ 20 ҲАЗОР СОМОНӢ “МУКОФОТ”

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки тафтиши парвандаи Фаридун Мирзоев, духтури ҷарроҳи Шуъбачаи дармонгоҳи Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом дода, ба додгоҳ фиристодааст.

Маркази матбуоти Агентии зидди коррупсия гуфт, Мирзоев Фаридун Мунаварович санаи 10 июли соли 2020 аз модари сарбоз “А”-шаҳрванд “Б” барои додани хулосаи номуносиб ба адои минбаъдаи хизмати ҳарбӣ, маблағи 20.000 сомонӣ тамаъ намуда, аз ин маблағ 1.000 доллари ИМА ва 2.000 сомониро пешакӣ гирифта, боз оварда додани боқимонда 8.000 сомониро талаб намуд.

Санаи 22 июли соли 2020 Мирзоев Ф.М. пас аз гирифтани маблағи 8000 сомонӣ аз шаҳрванд “Б” дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ мусодира шудааст.

Фаридун Мирзоев бар асоси қисми якуми моддаи 324-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон  ба “гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ” айбдор мешавад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун муҷозот барои  гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ, яъне талаб кардани мукофоти молӣ ё фоидаи молу мулкӣ аз ҷониби хизматчии корхона сарфи назар аз шакли моликият, ғайр аз шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, барои иҷрои кори муайян ё расонидани хизмат, ки ба доираи вазифаи хизматии чунин корманд дохил мешавад, ҳамчунин қасдан гузоштани шаҳрванд дар чунин шароите, ки ӯ барои пешгирӣ кардани вайронкунии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандааш маҷбур аст чунин мукофотро барояш муҳайё созад ҷарима ба андозаи аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 30 то 60 ҳазор сомонӣ) ваё то 2 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон чанде пеш хабар дода буд, ки тафтиши парвандаи Собиров Абдумаҷид Холмирзоевич, нозири шуъбаи зиндонҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказро низ ба анҷом расонда, ба додгоҳ супурдааст. Гуфта мешуд, ки Собиров дар тобистони соли 2020 бо сӯиистифода аз мақоми хизматӣ, барои мусоидат ба таъйини ҷазои сабуктар нисбати шаҳрванд “А”, ки парвандаи ҷиноятии ӯ дар суди ноҳияи Шаҳринав мавриди баррасӣ қарор дошт, аз “А”  10.000 сомонӣ талаб карда, гирифта, боз оварда додани маблағи 8.000 сомонии дигарро талаб кардааст.

Собиров санаи 21 июли соли 2020  баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 8000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд. Дар ин асос нисбати Собиров А.Х. бар асоси моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ин парванда инак баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол  шудааст.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои аз ҳама фасодзадаи дунё ба шумор меравад. Дар гузориши солонаи созмони Транспаренси Интернешнал, Тоҷикистон аз нигоҳи сатҳи коррупсия дар байни 180 кишвари дунё дар зинаи 149 ҷой дода шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button