ВидеоТаърихТоҷикистон

19 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ДУ УЗВИ ГУРУҲИ МУЛЛО АБДУЛЛО БАЪД АЗ 19 СОЛИ ФИРОР

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 12 феврал Латипов А.А. ва Нозиршоев М.А. – ду узви гуруҳи мусаллаҳи Мулло Абдуллоро ба муҳлати 19-солӣ маҳкум ба зиндон кард.

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Латипов ва Нозиршоевро баъд аз 19 соли фирор дастгир карда, ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Додситонӣ гуфт, тафтишот “мусаллам сохт, ки Латипов А.А. ва Нозиршоев М.А. соли 1996 ба гурӯҳи мусаллаҳи устувори Раҳимов Абдулло бо лақаби “Мулло Абдулло”, ки дар ҳудуди ноҳияи Нуробод бо мақсади ғаразнок ва ниятҳои нопок, ки аз ҳуҷум ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо зоҳир мегардад, шомил гардида, то соли 2001 дар ин гурӯҳ ҷиноятҳои вазнину махсусан вазнинро содир намудаанд.”

Бино ба ин манбаъ,  моҳи майи соли 1999 Наҷмуддинова С.С., як зани сокини ноҳияи Нуробод ба Мулло Абдулло ва ҷангиёнаш аз муносибати ошиқонаи шавҳараш Ғаниев М.А. бо як зан аз деҳаи Ҳасандара шикоят кардааст. Дар пай, ҷангиёни Мулло Абдулло бо роҳбарии Бобоҷонов Ф.И., мулаққаб ба “Файзи Чӯлоқ” Ғаниевро ба асорат гирифта, муддати беш аз 15 рӯз дар қароргоҳашон дар дешаи Лайрони ноҳияи Нуробод ғайриқонунӣ ҳамчун гаравгон нигоҳ доштаанд ва дар ивази раҳоияш аз падари ӯ Ғаниев Абдурасо пулу мол ба маблағи бузург талаб кардаанд.

Латипов ва Нозиршоев дар пайи торумори гуруҳи Мулло Абдулло дар ибтидои солҳои 2000 ба Русия фирор карда, ба гуфтаи додситонӣ, то моҳи октябри соли 2010, яъне то барҳам хӯрдани гурӯҳи мазкур ва безарар гардонида шудани Раҳимов А. интизори фармонҳои охирон ва дигар аъзои гурӯҳ шудааст.

Мулло Абдулло (Раҳимов Абдулло) яке аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нирӯҳои оппозитсияи тоҷик  (ИНОТ) буд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳудуди ноҳияи Нуробод дар шарқи Тоҷикистон амал мекард. Мулло Абдулло шароити сулҳи соли 1997 байни ҳукумат ва оппозитсияро напазируфт ва ҷангиёнаш то чанд соли дигар ба ғорату бедодгарӣ ва гаравгонгирӣ идома доданд. Дар тобистони соли 2001 гуруҳи Мулло Абдулло дар натиҷаи як амалиёти муштараки нирӯҳои ҳукумат ва оппозитсия торумор карда шуд ва худи ӯ ба Афғонистон фирор кард. Мулло Абдулло соли 2009 боз ба водии Рашт баргашт ва сабаби ду амалиёти вижа дар ин минтақа шуд, ки соли 2009 бо қатли Мирзо Зиёев, маъруф ба Мирзо Ҷага, фармондеҳи собиқи нирӯҳои мухолифин дар Тавилдара ва солҳои 2010 – 2011 бо қатли худи Мулло Абдулло ва Алӣ Бедакӣ, як фармондеҳи дигари собиқ аз ноҳияи Рашт анҷом ёфт.

Худи Мулло Абдулло дар моҳи апрели соли 2011, баъди 8 моҳи таъқиб дар пинҳонгоҳи охиринаш дар як ғор дар марзи ноҳияҳои Рашту Нуробод кушта шуд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки аз ин ғор силоҳ ва ҳамчунин парчами сиёҳи “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро пайдо кардаанд.

АЪЗОИ ГУРӮҲИ МУСАЛЛАҲИ ҶИНОЯТКОР МАҲКУМ ГАРДИДАНД

   Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Латипов А.А. ва Нозиршоев М.А. бо моддаҳои 110 қисми 3 банди “а”, 181 қисми 3 бандҳои “а,б” ва 186 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, баром моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда буд.

 Тафтишоти пешакӣ марбут ба парвандаи ҷиноятии мазкур мусаллам сохт, ки айбдоршавандагон Латипов А.А. ва Нозиршоев М.А. соли 1996 ба гурӯҳи мусаллаҳи устувори Раҳимов Абдулло бо лақаби “Мулло Абдулло”, ки дар ҳудуди ноҳияи Нуробод бо мақсади ғаразнок ва ниятҳои нопок, ки аз ҳуҷум ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо зоҳир мегардад шомил гардида, то соли 2001 дар ин гурӯҳ ҷиноятҳои вазнину махсусан вазнинро содир намудаанд.

  Моҳи майи соли 1999 шаҳрванд Наҷмуддинова С.С. аз ҳиссиёти рашк, ба назди Раҳимов Абдулло, ки он ҷо аъзои фаъоли гурӯҳи мусаллаҳи устувори мазкур Нозиршоев М.А., Зумрадов Р.М., Нақибов З.У. Бободжанов Ф.И бо лақаби “Файзи чӯлоқ” ва дигарон фаъолият доштанд омада, нисбати муносибатҳои маҳрамонаи шавҳараш Ғаниев М.А. бо сокини деҳаи Ҳасандараи ҳамин ноҳия Саъдуллоева Ш. А. муроҷиат намудааст.

  Минбаъд, Бободжанов Ф.И. дар шарикӣ бо Латипов А.А. ва дигар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи устувор Ғаниев М.А.-ро ба сифати гаравгон ғасб ва дастгир намуда, муддати зиёда аз 15 рӯз дар қароргоҳи муваққатиашон, воқеъ дар деҳаи Лайрони ноҳияи Нуробод ғайриқонунӣ нигоҳ дошта, мунтазам мавриди лату кӯб ва азобу шиканҷа қарор дода, бо мақсади ғаразнок аз падари Ғаниев М.А. – Ғаниев Абдурасо ҳамчун шарти озод кардани гаравгон маблағҳои калони пулӣ ва молу амвол талаб намудааст.

   Латипов А.А. тахминан соли 2002 бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур шудан ба Федератсияи Россия фирор намуда, то моҳи октябри соли 2010, яъне то барҳам хӯрдани гурӯҳи мазкур ва безарар гардонида шудани Раҳимов А. интизори фармонҳои охирон ва дигар аъзои гурӯҳ шудааст.

  Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2021 судшавандаҳо Латипов А.А. ва Нозиршоев М.А. бо моддаҳои 110 қисми 3 банди “а”, 181 қисми 3 бандҳои “а,б” ва 186 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба онҳо аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазои ниҳоӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 19 солӣ бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт таъйин карда шуд.

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button