ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЯК ҶАВОНЗАН ДАР ВАҲДАТ ШАҲРВАНДИ СОЛХӮРДАИ ХИТОЙРО КУШТААСТ

Шаби 8 январ як шаҳрванди 68солаи Хитойро, ки аз соли 2008 дар ҷамоати Б.Бурунови шаҳри Ваҳдат дар заминҳои хоҷагии деҳқонии А.Кенҷаев бл ҷароҳатҳои  вазнини косахонаи сар ва дасти чап пайдо кардаанд. Ӯ ҳамон рӯз соати 22:10 ба ҳалокат расид. Бо гумони даст доштан дар куштори ин шаҳрванди Хитой як ҷавонзани 22солаи сокини ҷоамти Б.Бурунов дастгир шудааст. Сабаби куштор ҳанӯз маълум нест.

Аз навори хабарҳои рӯзи 19 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ

Рӯзи 8-уми январи соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, ба беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат, марди 68-солаи шахрванди Чумхурии Халкии Чин, муваққатан истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Б.Бурунови шаҳри Ваҳдат, ки аз соли 2008 то ин ҷониб дар заминҳои корами бо номи “А.Кенҷаев”-и шаҳри мазкур ба кишоварзӣ машғул буд, бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар қисмати косахонаи сар ва дасти чап дастрас гардида, номбурда худи ҳамон рӯз тахминан соати 22:10-дақиқа, ба ҳалокат мерасад.
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавонзани 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Б.Бурунови ҳамин шаҳр содир намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ба ҳалокат расидани ноболиғ бар асари садамаи марговар

Рӯзи 17-уми январи соли 2021, тахминан соати 14:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Гулаев Акмалҷон Нуралиевич, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти С.Раҳимови ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Ваҳдат-Душанбе», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагардон: Мирзокаримова Гулизор Шодиевна, соли таваллудаш 1976 ва ноболиғ Маҳмадиева Нозигул Ҳабибовна, соли таваллудаш 2001, сокинони ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Маҳмадиева Н.Ҳ. аз шиддати зарбаи сахт парида, ба қисмати пеши автомашинаи тамғаи “Тoйота-Кемри”, таҳти идораи Ҳалимов Абдукарим Раҷабалиевич, соли таваллудаш 2000, сокини ҳамин шаҳр, бархӯрда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Шаҳрванд, Мирзокаримова Г.Ш. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Боздошти марди 28-сола ва ноболиғи 16-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шаби 21 ба 22-юми сентябри соли 2020, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди дукони таъмири телефонҳо, воқеъ дар бозорчаи «Зарафшон»-и пойтахт шуда, аз он ҷо 8-адад телефонҳои гуногун ва дигар таҷҳизоти ба телефонҳо тааллуқдоштаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 8 ҳазору 237 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ содир намудааст.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза ҷавонзани 23-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 26-уми декабри соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа, ҳангоми дар МС «Садбарг»-и пойтахт қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг С-10»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Ҳабс барои ташкили қиморбозӣ

Ташкили қиморбозӣ ё ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик», ки баъзан дар кӯчаҳои пойтахт, асосан дар назди бозорҳо ва маконҳои ҷамъшавии одамон ба чашм мерасад, як кирдори басо номатлуб ва амали ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад. Нафарони қиморбоз бо роҳи макру фиреб таваҷҷуҳи шаҳрвандону атрофиёнро ба худ ҷалб намуда, маблағҳои пулии онҳоро аз они худ мекунанд. 

Кормандони милитсияи пойтахт ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани чунин ҳолатҳо ба таври ҳамешагӣ рейду амалиётҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, нафарони қиморбозро дастгир ва ба ҷавогарӣ ҷалб менамоянд.
Аз ҷумла, ҳафтаи сипаришуда, дар маконҳои баргузории қиморбозиҳо рейд ва чорабиниҳои оперативӣ амалӣ карда шуда, ду нафар қиморбозон дастгир ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.
Инҳо шаҳрвандон:
Юнусов Самандар Сафаралиевич, санаи таваллудаш 08.09.1995, сокини шаҳри Кӯлоб, деҳаи Ҳакимобод;
Ҳамидов Хуршед Иброҳимович, санаи таваллудаш 02.08.1994, сокини ноҳияи Фархор, деҳаи Иттифоқ;
Номбурдагон ҳангоми дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ ба бозии ба истилоҳ «алик-малик» машғул шудан дастгир гардиданд.
Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки гарчанде қаблан чандин маротиба аз ҷониби кормандони мақомот дастгир ва барои ин кирдори ғайриқонунӣ нисбаташон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуда бошад ҳам, тарки ин амали ғайриқонунӣ накарда, баръакс дар назди худ шаҳрвандони зиёдеро ҷамъ намуда, ба бозии «алик-малик» машғул ва бо ин роҳ маблағ ба даст меоварданд.
Вобаста ба ин нисбати номбурдагон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Суд нисбати ҳар кадоми онҳо ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button