Ҳабибулло Абдураззоқов, яке аз охирин ситораҳои тобнок и театр ва синамои тоҷики замони Шӯравӣ ва падари Барзу Абдураззоқов, коргарндони низ хушноми тоҷик рӯзи 19 январ дар манзилаш дар Душанбе дар синни 83 вафот кард. Дар ин бора писари дигари ӯ Шаҳбоз Абдураззоқов дар Фейсбук хабар дод. “Падарам дигар нест, соати 11 дар рӯи дастони ман ҷон дод. Дӯстон, дар ҳаққи падарам дуо кунед!”, навиштааст Шаҳбоз.
Ҳабибулло Абдураззоқов (тав. 7 ноябри 1937, Кӯлоб) — вафот 19 январи соли 2021 коргардон ва ҳунарпешаи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1987).
Ҳабибулло Абдураззоқов, хатмкардаи Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Москва (соли 1960 — факултаи актёрӣ ва соли 1964 — курсҳои олии коргардонӣ). Ҳунарпешаи Театри ҷумҳуриявии мазҳакаю мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Хуҷанд (1960—1961), ҳунарпеша ва коргардони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ (1961—1969), саркоргардони Театри ҷумҳуриявии мазҳакаю мусиқии ба номи А. С. Пушкин (1969—1971) ва Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов (1971—1972), ҳунарпеша ва коргардони киностудияи «Тоҷикфилм» (1973—1975), ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ (1975—2002). Аз соли 2002 муассис ва роҳбари бадеии аввалин театри ғайридавлатии «Падида». Солҳои 1987—1990 раиси Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон ва ҳамзамон солҳои 1987—1991 муовини аввалин Иттиҳодияи ходимони театрии ИҶШС буд.
Чун коргардон дар театрҳои тоҷик зиёда аз 30-намоиш таҳия кардааст.
Беҳтарин нақшҳои саҳнавии Ҳабибулло Абдураззоқов:
- Любим Торсов («Камбағалӣ айб нест»-и А. Н. Островский, 1960)
- Ёдгор («Дохунда»-и Ҷалол Икромӣ, 1961)
- Меркутсио («Ромео ва Ҷулиетта»-и Вилям Шекспир, 1963)
- Афросиёб («Рустам ва Суҳроб»-и Ғанӣ Абдулло, 1966)
- Низомиддин («Дилҳои сӯзон»-и Ҷ. Икромӣ, 1967)
Истеъдоди фитрии Ҳабибулло Абдураззоқов инчунин ҳангоми эҷод кардани як қатор нақшҳо дар киноитоҷик хеле хуб зоҳир гардидааст:
- Баҳриддин («Марги судхӯр», 1965)
- Ҳайдар («Чор нафар аз Чорсанг», 1973)
- Мухторов («Истгоҳи кӯҳӣ», 1974)
- Асаншоҳ («Субҳи Ганг», 1975)
- корвонбошӣ («Дарвеши ланг», 1986)
- Неъматуллохон («Дар орзуи падар», 2005)
- Ҳисоми тоҷик (силсилафилми телевизионии эронии «Дар чашми бод», 2007)
- сардори роҳзанҳо (силсилафилми телевизионии эронии «Шукрона», 2008) ва ғайра.[2]
Санъати коргардонии Ҳабибулло Абдураззоқов бо хусусияти пайванд кардани суннатҳои мардумӣ ва воситаҳои театрии муосир фарқ мекунад, ки намунааш инҳост:
- «Кӯпрук»-и Фотеҳ Ниёзӣ,
- «Карим-девона»-и Турахон Аҳмадхонов
- «Вақте ки шаҳр хуфта буд»-и А. Чхеидзе
- «Дар чорсӯ»-и Нур Табаров ва ғайра.
Бо орденҳои Дӯстии халқҳо (1980), Дӯстӣ (1998), «Шараф» (2012), медали Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ ва Ифтихорномаи фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Узви ИК Тоҷикистон (аз 1971).
Фарзанди машҳури Ҳабибулло Абдураззоқов, коргардони саршинос Барзу Абдураззоқов аст, ки пешаи волидайни эҷодкорашро (модари Барзу, ҳунарпешаи театр Фотима Ғуломова) сарбаландона давом дода истодааст.