Хабарҳои кӯтоҳ

ЗАМИНЛАРЗАИ 5,5-БАЛЛӢ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОНРО ТАКОН ДОД

Шаби 17 январ, соати 01:04, ба вақти Душанбе, як заминларзаи шадид Тоҷикистон ва шимоли Афғонистонро таккон дод. Иқтидори ин зилзила дар марказаш – 38-километрии шаҳраки Ҷурми вилояти Бадахшон тибқи ҷадвали Рихтер 5,5 баллро ташкил дода, ба гуфтаи зилзиланигорон, замин дар умқи 191 километр сахт ҷунбидааст.

Шиддати заминларзаро сокинон дар Кӯлобу Бохтар, Душанбе ва ҳатто дар Хуҷанд ҳис кардаанд.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези Осиё ҷойгир шудааст.

Дар як ҳафтаи охир дар хоки ин кишвар 4 заминларза, дар моҳи охир 11 ва дар 365 рӯзи охир 244 ҳолати ҷунбидани замин сабт шудааст. Марказҳои зилзиланигорӣ танҳо заминларзаҳоеро сабт мекунанд, ки шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл бештар бошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button