ЯК ТОҶИК ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА МАҚОМИ ВАЗИРИ МАЪЛУМОТИ ОЛӢ ТАЪЙИН ШУД
Палатаи поёнии парлумони Ӯзбекистон рӯзи 13 январ номзадии Абдуқодир Тошқуловро ба мақоми вазири маълумоти олӣ ва миёнаи махсус тасдиқ кард. Ӯ акнун дар пайи тасвиби номзадиаш аз ҷониби президент Шавкат Мирзиёев расман ба курсии вазирӣ хоҳад нишаст.
Абдуқодир Тошқулов дар раҳбарии вазорати маълумоти олӣ Ином Маҷидовро иваз мекунад, ки аз соли 2017 дар раёсати ин вазорат кор кард ва ҳоло, баъди барканорӣ аз вазирӣ, ректори Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон таъйин шудааст.
Абдуқодир Ҳамидович Тошқулов 45 сол дорад ва зодаи ноҳияи аксаран тоҷикнишини Бойсуни вилояти Сурхондарё буда, аслаш тоҷик аст. Ӯ аз соли 2009 то 2017 ду навбат вакили палатаи поёнии парлумони Ӯзбекистон интихоб шуда, соли 2017 бо қарори ҳукумат ректори Донишгоҳи Тирмиз таъйин гардид ва ҳамон сол узви Сенат интихоб шуд.
Тошқуловро аз афроди содиқ ба президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мешуморанд. Дар интихоботи президентии соли 2016 Тошқулов аз афроди муътамади Мирзиёев буд.