ХУЛОСАИ МУҲИМТАРИН ХАБАРҲОИ ТОҶИКИСТОН АЗ “БОМДОД”: 16 ЯНВАРИ СОЛИ 2020
Дуруд, тамошобинони азиз!
Хулосаи хабарҳои муҳими рӯзи 16 январи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем. Дар ин барнома:
Блогерҳои тоҷикро андоз бастанианд
Як тоҷик дар Ӯзбекистон ба мақоми вазири маълумоти олӣ таъйин шуд
исёни муҳоҷирон дар Екатеринбург. Барои «ором» кардани онҳо ОМОНро фиристодаанд
Боздошти чанд нафар дар Ӯзбекистон барои эҷоди таҳлука
Марди қаблан судшуда падару писарро дар бозори Исфара корд зад
Ҳалокати як сокини 60-солаи ҷамоати Пули Сангини Норак дар зери чархи “Лексус”
Ва акнун тафсилоти хабарҳо:
Мақомоти андози Тоҷикистон аз як гуруҳи блогерҳо ва ютуберҳои нисбатан маъруфи тоҷик талаб кардааст, ки ба ин идора ҳозир шуда, дар бораи сарчашмаҳои даромади худ ҳисобот диҳанд ва андозашонро супоранд. Худи Кумитаи андоз ин хабарро расман шарҳ надодааст, вале Усмон, яке аз блогерҳои шинохта дар як муроҷиатномаи видеоӣ дар Инстаграм тасдиқ кард, ки ӯро ба кумитаи андоз даъват кардаанд. Усмон, ки бо лаҳни пурэҳсоси муроҷиатҳои видеоияш ном баровардааст, бо айни лаҳн Кумитаи андозро “Кумитаи андоз-андоз” ном бурда, хитоб ба мақомоти андоз гуфт:
“Беҳуда ҷон наканед. Ин қадар даъватнома ба ман роҳӣ накунед, ман ягон ҷо пеши шумо намеравам ва шумо ҳаққи маро “налог” бастан ҳам надоред. Дар куҷо кор мекунам, ки “налог”-ам мебандед? Валлоҳу Биллоҳ, як сол шуд, Ютуб дорам, дар як сол ҳамагӣ 101 доллар кор кардааст. Аз куҷои ҳамин андоз мегиред? Боз 100 доллари дигар қарз кунам аз ягон ҷо, 200 доллар кунам, ба шумо барам, андоз бисупорам?
Ҳамин хел мекунед, ки сағираҳоро дилмонда мекунед аз Ватан! Айби Ватан нест, айби баъзеи шумо аст, ки пулҳоятон камӣ мекунад! Мебахшеду боз маро аз дигар давлат наёбед, агар қаҳратон кунад!”
Мақомоти андози Тоҷикистон, бино ба иттилои дарёфтӣ, дар иҷрои нақшаи андози соли 2020 ба мушкил дучор шудаанд ва ба ин далел, бо шитоб манбаҳои мумкини ҷамъоварии андозро, аз ҷумла дар байни блогерҳо меҷӯянд.
xxxxxx
Палатаи поёнии парлумони Ӯзбекистон рӯзи 13 январ номзадии Абдуқодир Тошқуловро ба мақоми вазири маълумоти олӣ ва миёнаи махсус тасдиқ кард. Ӯ акнун дар пайи тасвиби номзадиаш аз ҷониби президент Шавкат Мирзиёев расман ба курсии вазирӣ хоҳад нишаст.
Абдуқодир Тошқулов дар раҳбарии вазорати маълумоти олӣ Ином Маҷидовро иваз мекунад, ки аз соли 2017 дар раёсати ин вазорат кор кард ва ҳоло, баъди барканорӣ аз вазирӣ, ректори Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон таъйин шудааст.
Абдуқодир Ҳамидович Тошқулов 45 сол дорад ва зодаи ноҳияи аксаран тоҷикнишини Бойсуни вилояти Сурхондарё буда, аслаш тоҷик аст. Ӯ аз соли 2009 то 2017 ду навбат вакили палатаи поёнии парлумони Ӯзбекистон интихоб шуда, соли 2017 бо қарори ҳукумат ректори Донишгоҳи Тирмиз таъйин гардид ва ҳамон сол узви Сенат интихоб шуд.
Тошқуловро аз афроди содиқ ба президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мешуморанд. Дар интихоботи президентии соли 2016 Тошқулов аз афроди муътамади Мирзиёев буд.
Хххххх
Шаби 14 январ муҳоҷироне, ки дар интизори ихроҷашон аз Русия дар Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷ (ЦВСИГ)-и шаҳри Екатеринбург нигоҳ дошта мешаванд, алайҳи поймол кардани ҳуқуқашон, шароити бади боздоштгоҳ ошӯб бардоштанд.
Ба гуфтаи муҳоҷироне, ки бо сомонаи Ura.ru суҳбат кардаанд. Дар инҷо бо онҳо мисли маҳбусон муносибат мекунанд, дар ҳоле ки онҳо зиндонӣ нестанд. Қатраи охирине, ки косаи сабри муҳоҷиронро лабрез кард, як навбатдор шуд, ки бастаҳои кумаки аз берун барои муҳоҷирони боздоштшуда фиристодашударо кандан гирифт.
«Моро бо ҳар гуна суханҳои қабеҳ таҳқир мекард, пас мезад, маймун мегуфт», — нақл кардааст як аз муҳоҷироне, ки дар боздоштгоҳи Екатеринбург нигоҳ дошта мешавад.
Баъди нимашаб барои «ором» кардани муҳоҷирони норозӣ нирӯҳои ОМОНро ба боздоштгоҳ фиристодааст. «Вақте онҳо ба латтукӯби одамон сар карданд, тақрибан дар ҳар як «хата» (ҳуҷра) як ё ду нафар қасди худкушӣ карданд», — нақл мекунад муҳоҷири шоҳиди ҳодиса.
Дар видеое, ки ин муҳоҷирон аз боздоштгоҳ ба Ura.ru фиристодаанд, дида мешавад, ки аксари онҳо зоҳиран зодагони кишварҳои Осиёи Марказианд. Дар видео чандин муҳоҷир бо рагҳои буриди даст дида мешаванд ва онҳо шикоят доранд, ки табибон бо худ ҳатто дока наовардаанд, ки захми онҳоро банданд.
Вале сухангӯи пулиси вилояти Свердловск Валерий Горелих ин ҳодисаро ба шакли дигар тасвир кардааст. «Айбдор кардаани кормандони пулис ва Госгвардия дар истифодаи нирӯ ва воситаҳои маъсус дастикам беинсофона ва нодуруст аст: вайронкунандагоне, ки дар муассисаи махсус нигоҳ дошта мешуданд, ҳадафмандона муноқиша бо нирӯҳои қудратиро таҳрик доданд. Онҳо муқовимат нишон дода, дар як ҳуҷра ҷамъ омада, баррикада сохтанд. Нирӯҳои ОМОН қатъан дар чорчӯби қонун амал карданд. Дар робита ба ин ҳодиса тафтиш идома дорад. Танҳо як нафарро лозим омад, ки ба бемористон интиқол диҳанд», – гуфтааст Горелих ба сомонаи Ura.ru.
хххххххх
Шабакаи телевизионии «Сирдарё МТРК» дар як гузориши вижа хабар дод, ки мақомоти ҳизи ҳуқуқи вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон чанд тан аз онҳоеро, ки бо паҳн кардани овозаи бардурӯғи канда шудани садди обанбори Қайроққум дар шимоли Тоҷикистон дар байни аҳолӣ таҳлука эҷод мекарданд, ошкор ва дастгир кардаанд. Рӯзи 14 январ ин овоза боиси таҳлука дар байни аҳолии ноҳияҳои қаблан аз обхезиҳо осебдидаи Мирзообод, Сардоба ва Оқолтин шуд ва мардум ба ин овоза бовар карда, ба сурати оммавӣ хонаҳои худро тарк карданд.
Шабакаи телевизионии «Сирдарё МТРК» дар як гузориши вижа хабар дод, ки мақомоти ҳизи ҳуқуқи вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон чанд тан аз онҳоеро, ки бо паҳн кардани овозаи бардурӯғи канда шудани садди обанбори Қайроққум дар шимоли Тоҷикистон дар байни аҳолӣ таҳлука эҷод мекарданд, ошкор ва дастгир кардаанд. Рӯзи 14 январ ин овоза боиси таҳлука дар байни аҳолии ноҳияҳои қаблан аз обхезиҳо осебдидаи Мирзообод, Сардоба ва Оқолтин шуд ва мардум ба ин овоза бовар карда, ба сурати оммавӣ хонаҳои худро тарк карданд.
Бино ба фарзияи мақомот, таҳлука аз он оғоз ёфт, ки блогер Б.Ж. аз ноҳияи Оқолтин дар Ютуб видеое гузошта, аз мардум даъват кард, ки хонаҳояшонро тарк кунанд, чунки садди обанбори Қайроққум дар Тоҷикистон канда шудааст.
хххххххх
Як сокини 27-солаи Исфара, ки соли 2012 бо ҷурми куштор ва дуздии мошин зиндонӣ шуда буд, рӯзи 14 январ, соати 14 дар бозори марказии Исфара бо корд ду маротиба ба дасту пои як ҷавони 21-сола ва як маротиба ба пои падари 44-солаи ӯ задааст. Дар натиҷа ҳардуи онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. ВКД гуфт, ҳамлагарро бо иттиҳоми авбошӣ дастгир кардаанд.
ххххх
Рӯзи 15-уми январи соли 2021, тахминан соатҳои 18:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-450», Маҳмудзода Исфандиёр Сафаралӣ, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе, ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Норак аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тоҳиров Исматулло Фатҳуллоевич, соли таваллудаш 1960, сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри Норакро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Тоиров И.Ф. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.