ВидеоИқтисодНомаҳо ба президент

БЛОГЕРҲОИ ТОҶИКРО АНДОЗ БАСТАНИАНД (ВИДЕО)

Мақомоти андози Тоҷикистон аз як гуруҳи блогерҳо ва ютуберҳои нисбатан маъруфи тоҷик талаб кардааст, ки ба ин идора ҳозир шуда, дар бораи сарчашмаҳои даромади худ ҳисобот диҳанд ва андозашонро супоранд. Худи Кумитаи андоз ин хабарро расман шарҳ надодааст, вале Усмон, яке аз блогерҳои шинохта дар як муроҷиатномаи видеоӣ дар Инстаграм тасдиқ кард, ки ӯро ба кумитаи андоз даъват кардаанд. Усмон, ки каналҳои Tojikonshow-ро дар Ютубу Инстаграм ва дигар пойгоҳҳои интернетӣ мечархонад, иддао кард, ки дар як соли гузашта дар Ютуб ҳамагӣ 101 доллар кор кардааст  ва ҳоло аз куҷо бояд 100 ё 200 доллар қарз карда, андоз супорад?

Усмон, ки бо лаҳни пурэҳсоси муроҷиатҳои видеоияш ном баровардааст, бо айни лаҳн Кумитаи андозро “Кумитаи андоз-андоз” ном бурда,  хитоб ба мақомоти андоз гуфт:

“Муроҷиат ба кумитаи андоз-андоз! Беҳуда ҷон наканед. Ин қадар даъватнома ба ман роҳӣ накунед, ман ягон ҷо пеши шумо намеравам ва шумо ҳаққи маро “налог” бастан ҳам надоред. Дар куҷо кор мекунам, ки “налог”-ам мебандед? Валлоҳу Биллоҳ, як сол шуд, Ютуб дорам, дар як сол ҳамагӣ 101 доллар кор кардааст. Аз куҷои ҳамин андоз мегиред? Боз 100 доллари дигар қарз кунам аз ягон ҷо, 200 доллар кунам, ба шумо барам, андоз бисупорам?

Ҳамин хел мекунед, ки сағираҳоро дилмонда мекунед аз Ватан! Айби Ватан нест, айби баъзеи шумо аст, ки пулҳоятон камӣ мекунад! Мебахшеду боз маро аз дигар давлат наёбед, агар қаҳратон кунад!”

Мақомоти андози Тоҷикистон, бино ба иттилои дарёфтӣ, дар иҷрои нақшаи андози соли 2020 ба мушкил дучор шудаанд ва ба ин далел, бо шитоб манбаҳои мумкини ҷамъоварии андозро, аз ҷумла дар байни блогерҳо меҷӯянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button