ПАРВОЗҲОИ МУНТАЗАМ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР ШУДАНД
Икром Субҳонзода, раҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 15 январ ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфт, бо қарори ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Ӯзбекистон барқарор шуданд. Икромзода гуфт, «тибқи қарори қабулнамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ парвозҳо миёни пойтахтҳои ду мамлакат ҳафтае як маротибагӣ аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон — «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ва ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҶДММ «Сомон Эйр» анҷом дода мешаванд». Тибқи қарори мазкур, ҳар ҳафта — рӯзҳои чоршанбе аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон — «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ва рӯзҳои ҷумъа парвози ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон — ҶДММ «Сомон Эйр» анҷом дода мешаванд. Парвозҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 16 марти соли гузашта, дар пайи ошкор шудани нахустин мавридҳои коронавирус дар Ӯзбекистон қатъ шуда буд.

ХАБАРИ ХУШ! Парвозҳои мунтазам миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқарор гардиданд
ДУШАНБЕ, 15.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии сирояти нави COVID-19 парвозҳои мунтазам миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқарор гардиданд. Дар ин бора директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода имрӯз ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Мавсуф зикр намуд, ки «тибқи қарори қабулнамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ парвозҳо миёни пойтахтҳои ду мамлакат ҳафтае як маротибагӣ аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон — «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ва ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҶДММ «Сомон Эйр» анҷом дода мешаванд».
Тибқи қарори мазкур, ҳар ҳафта — рӯзҳои чоршанбе аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон — «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ва рӯзҳои ҷумъа парвози ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон — ҶДММ «Сомон Эйр» анҷом дода мешаванд. Мусофирон метавонанд чиптаҳоро аз нуқтаҳои асосии фурӯш харидорӣ намоянд.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода зикр намуд, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тибқи талаботи мавҷуда, кулли мусофирон бояд талаботи санитарию зиддиэпидемикиро риоя намуда, ниқоб ва дастпӯши муҳофизатӣ дошта бошанд. Мусофирон бояд, ки бо худ маълумотномаи ташхиси тиббии манфии сироятшавӣ аз COVID-19 (PCR-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз парвоз гирифтаанд, дошта бошанд.