ИқтисодМинтақа ва ҷаҳон

ОВОЗАИ РАХНА ШУДАНИ ОБАНБОРИ ҚАЙРОҚҚУМ САБАБИ ТАҲЛУКА ДАР ӮЗБЕКИСТОН ШУДААСТ

Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва вазорати хоҷагии оби Ӯзбекистон ҳамчунин маъмурияти вилояти Сирдарё овозаҳои паҳншуда дар бораи гӯё рахна шудани садди обанбори нирӯгоҳи Қайроқум дар шимоли Тоҷикистонро рад карданд.Файзулло Азизов, раҳбари нирӯгоҳ ва обанбори Қайроққум, ки бо номи Баҳри Тоҷик низ маъруф низ ин овозаҳоро рад кард. «Чархаҳои нирӯгоҳ бо режими маъмулӣ кор мекунанд Хабарҳо дар бораи ин ки сокинони маҳалҳои атрофи обанбор, ба таҳлука афтода, ба ҷойҳои амнтар мекӯчанд ягон асос надорад», – гуфта мешавад дар изҳороти ӯ.

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи  Ӯзбекистон дар Телеграм-каналаш овозаҳо паҳншуда дар байни аҳолӣ дар бораи гӯё рахна шудани садди обанбори Қайроққумро дурӯғ ва беасос номид. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ гуфтааст, ки   обанбори Қайроққум осебе надидааст ва ба таври оддӣ кор мекунад.

Маъмурияти вилояти Сирдарё низ рӯзи 14 январ дар як изҳорот дар шабакаҳои иҷтимоӣ  ин овозаҳоро фейк номид. Дар хадамоти матбуоти ҳокими Сирдарё гуфтанд, ки ин овоза боиси таҳлука дар байни аҳолии ноҳияҳои аз обхезиҳо осебдидаи Мирзообод, Сардоба ва Оқолтин шудааст ва бархе одамон ба таври шитобзада хонаҳои худро тарк карданд.

Вазорати хоҷагии оби Ӯзбекистон низ ин овозаҳоро рад кард гуфт, мақомоти Ӯзбекистон ва Тоҷикистони ҳамсоя дар масъалаи обанбори Қайроққум дар тамоси доимӣ қарор доранд. Ин вазорат аз аҳолӣ хост, ба овозаҳои бардурӯғ бовар накунанд.

Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми оби обанбори Қайроққум 3,4 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад. Суръати вуруди об ба обанбор 892 м³ / сония ва суръати берун рафтанаш 880 м³ / сонияро ташкил медиҳад. Кадом тағйири ҷиддие дар ҳаҷм ва суръати вуруд ва берун рехтани об дар ин обанбор дар 10 рӯзи охир мушоҳида нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button