ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АХБОРИ ҶИНОИИ 15 ЯНВАР

Як зани 31-солa дар шаҳраки Накати ноҳияи Спитамен ва як зани 44-сола дар пойтахт бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир шудаанд.

Як сокини 53-солаи Бохтар ва як сокини 45-солаи ҷамоати Ориёни Ҳисор ба он айбдор мешаванд, ки нирӯи барқро бидуни пайвастан ба ҳисобкунак истифода мебурданд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 15 январи маркази матбуоти  ВКД Тоҷикистон

Боздошти ду зан бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 31-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Накати ноҳияи Спитамен бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Номбурда, 11-уми январи соли 2021, бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ ба ҷавонзани 25 ва марди 27-солаи сокинони ноҳияи Спитамен дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Инчунин, 12-уми январи соли 2021, номбурда ба ҷавонзани 25 ва марди 45-солаи сокинони ноҳияи мазкур дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо низ 200 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 44-солаи сокини пойтахт бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Номбурда, 8-уми январи соли 2021, тахминан соати 15:30-дақиқа, ба марди 27 ва ҷавонзани 25-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Фархор барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 200 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 53-солаи сокини шаҳри Бохтар бо гумони расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, дар манзили истиқоматиаш аз хатти барқи тавозуни шабакаҳои барқии ноҳияи Кӯшониён берун, аз ҳисобкунаки барқӣ ба таври сунъӣ ноқил (сим) кашида, ба ноқилҳои манзили истиқоматиаш васл кардааст.
Номбурда бо ин кирдораш қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармидиҳиро дағалона вайрон намудааст, ки маблағи 6 ҳазору 852 сомонию 38 дирамро ташкил дода, бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ ба давлат зарар расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 253 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор бо гумони расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, аз моҳи марти соли 2020 то 11-уми январи соли 2021 дар хонаи истиқоматиаш бе ҳисобкунакӣ барқӣ неруи барқро истифода бурдааст, ки бо ин кирдораш ба шабакаи барқи шаҳри Ҳисор ба маблағи зиёда аз 29 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 253 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Муайян гардидани амалҳои мардумфиребӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2014, дар бозори “Корвон” марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 50 ҳазор доллари амрикоӣ молҳои саноатӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 1-уми июни соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён даромада, автомобили шахсиаш тамғаи «Мазда-6»-ро ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, ӯро фиреб медиҳад, ки маблағи мазкурро дар муддати 2-моҳ медиҳад.
Тахминан миёнаҳои моҳи августи соли 2020 гумонбаршаванда автомобили мазкурро ба нафари дигар ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ фурӯхта, ба эҳтиёҷоташ сарф намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҳолатҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 11-уми январи соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи фурӯши либосҳои мардона, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт шуда, аз он ҷо либосҳои гуногунро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 29 ва 27-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 6-уми январи соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ аз даромадгоҳи 7-уми ҶДММ бозори «Корвон» 150-адад гарданбанди (шарфи) занонаро, ки ба марди 51-солаи сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли шаҳри Бохтар тааллуқ доранд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 21 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

 Расонидани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бо корд

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритус бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 12-уми январи соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, бо ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 2-маротиба ба тахтапушт ва камари миёнаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


Боздошти ноболиғи 17-сола бо гумони дуздии телефони мобилӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 23-юми ноябри соли 2020, тахминан соати 18:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсии марди 47-солаи сокини шаҳраки Ғафурови ноҳияи мазкур, ки дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод, 2-адад телефонҳои мобилии тамғаҳои «Самсунг-S9” ва “Хонон-Х3»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати, гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


Ба ҳалокат расидани пиёдагарди шахсияташ номаълум зери чархи “Опел-Вектра”

Рӯзи 12-уми январи соли 2021, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Қодиров Парвиз Шарофуддинович, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Восеъ-Кӯлоб дар даромадгоҳи деҳаи Тугараки ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълум, ҷинсаш мард, тахминан 30-35-соларо пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагарди шахсияташ номаълум ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 51-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 8-уми июли 2016, ҳангоми дар назди «Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев»-и пойтахт қарор доштанаш, марди 46-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 18-уми июли соли 2020, ҳангоми дар кӯчаи Н.Махсум қарор доштанаш, марди 37-солаи сокини пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ки 55 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, бо роҳи фиреб ба боварии соҳибкорони бозори ҶДММ Маркази савдои «Ховарон» даромада, 1-квт нархи қувваи барқро 0.75 дирам ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ намудааст. Мувофиқи хулосаи Қарори Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабарии қувваи барқ барои 1-квт ба маблағи 0.65-дирамро ташкил медиҳад, ки то санаи 23-юми декабри соли 2020, ба маблағи 0.75-дирамӣ ҷамъоварӣ намуда, ҷамъ 36 ҳазору 757-сомонию 13-дирамро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button