РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ЗАНЕ, КИ БО ТИФЛАШ ДАР ТАҲХОНА ЗИНДАГӢ ДОШТ, ХОНА ТУҲФА КАРД
Бо супориши Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ба Чамангул Боймуродова, зане, ки бо кӯдакаш дар шаҳри Бохтар дар як таҳхонаи орӣ аз оддитарин шароит зиндагӣ мекард, хона туҳфа кардаанд.
Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи раиси вилояти Хатлон гуфт, ба Чамангул Боймуродова, сокини 39-солаи Бохтар ва писари панҷсолааш Юсуфҷон хонаи якҳуҷрагӣ бо тамоми шароит таъмин карда шуд.
Инчунин ба ин оила телевизор, сару либос, маводи ғизоӣ ва барои Юсуфҷон ҳамчунин бозичаҳои кӯдакона, велосипед туҳфа кардаанд, – хабар дод Носирҷон Маъмурзода. Ба иттилои ӯ, ин занро бо ҷои кор низ таъмин карда, писараш Юсуфҷонро дар кӯдакистони №7 ба таври ройгон зери тарбия гирифтаанд.
Чамангул Боймуродова, ки маъюби гуруҳи сеюм аст, қаблан дар таҳхонаи яке аз биноҳои баландошёна дар қасабаи 14-уми шаҳри Бохтар дар шароити хеле сахт зиндагӣ мекард. Қиссаи пургудози зиндагии сахти ин зан ва фарзандашро чанд рӯз пеш хабарнигори нашрияи “Фараж” Раҳмоналӣ Додархӯҷаев расонаӣ кард ва алакай дар байни се рӯз мақомоти маҳаллӣ бо амри раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба кумаки ӯву кӯдакаш расиданд.
Азоби модару кӯдак дар таҳхонаи сард
Чамангул Боймуродова, сокини 39-солаи маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ва писари панҷсолааш Юсуфҷон аз сабаби надоштани хона ва ҷойи гарми муҷаҳҳаз бо шароитҳои аввалияи зист дар ин сардиҳои сахти зимистон дар таҳхонаи яке аз биноҳои баландошёнаи маҳаллаи маъруф ба 14-ум микрорайони шаҳри Бохтар бо азобу машаққат зиндагӣ доранд.
Ин зан, ки маъюби гуруҳи сеюм аст, бо ашк қисса кард, ки падару модараш аз дунё гузаштан пас, шавҳараш аз ӯ ҷудо шудааст: «Моҳҳо дар ба дар гаштам. Билохира, дар ҳамин таҳхона, ки беҳад сард аст, панҷ моҳ мешавад зиндагӣ дорам. Фарзандам аз хунукӣ бемор шудааст».
Ягона умеди ин зан аз масъулони шаҳри Бохтар ва вилояти Хатлон ин аст, ки барои ӯ сарпаноҳе ёбанду аз сардиҳои сахти зимистон ӯ ва фарзанди ноболиғашро наҷот диҳанд.
Рӯзе, ки мо аз вазъи ин зан огоҳ шудем ва ба наздаш рафтан хостем, ба ӯ кумакҳои моддӣ (орд, равған, биринҷ, шакар)-и раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддинро расонидем. Марди хайрхоҳи дигар — сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Назарзода шахсан моро ҳамроҳӣ карда, ба ин оилаи ниёзманд ва бехона кумаки пулӣ кард, ки аз ин амали неки онҳо Чамангул ва писари ӯ хеле хурсанд гаштанд.
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки бо ин ҳама кумакҳо оё мо тавонистем мушкилоти асосии ин оилаи хурдро, ки иборат аз бехонагӣ, набудани сарпаноҳи гарм, бад шудани вазъи саломатӣ (ҳам аз таъсири сардӣ ва ҳам аз ҳисоби маъюбии он модар) ва даҳҳои дигарро сабук кунем? Мутмаинем, ки не. Пас, ба ин зани бечора, бекасу танҳо ва фарзанди ноболиғаш, ки байни чор девори сард зиндагии сангине доранд, бояд масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, вилояти Хатлон ва соҳибкорони бонанги тоҷик фавран расидагӣ кунанду онҳоро дар зимистон аз тахонаи сард наҷод диҳанд. Вагарна баъд шояд пушаймон шаванд, чун ба мушоҳидаи мо, таъсири наму сардӣ аллакай дар чеҳраи кӯдаку модараш аён аст.
Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,
“ФАРАЖ”
P.S.: Он манзараи мағшуш — таҳхонаи орӣ аз кулли шароити инсонӣ, ки як зани маъюб ва як кӯдаки ҷисмаш ҳоло нозук аз ноилоҷӣ барои зинда мондан интихоб кардаанд, ҳанӯз ҳам аз пеши чашмони мо дур намешавад. Барои моро дарк кардан ва ҳиссае аз азобҳои ин оиларо фаҳмидан дар сияҳхунукиҳои минтақаи Бохтар лоақал соате бояд дар як чордевории сард нишаст…