ВидеоҶомеа

БОЗДОШТИ ҚИМОРБОЗОНИ “ҚАРАСАН-ТОПАСАН” ВА “АЛИК-МАЛИК”

Дар шаҳри Хуҷанд ду қиморбози ашаддӣ – Рустам Абдуаҳадов, с.т. 1988, сокини ҷамоати Нофароҷи Истаравшан ва Саъдии Муҳиддин, с.т. 1990, сокини маҳаллаи 13-уми Хуҷандро барои пайваста дар ҳудуди бозори “Панҷшанбе” ташкил кардани қиморбозӣ, ки дар байни мардум бо номҳои “алик – малик” ва “қарасан –топасан” маъруфанд, дастгир кардаанд. Саъдии Муҳиддин бо ҳукми додгоҳ ба 10 шабонарӯзи ҳабси маъмурӣ ва Рустам Абдуаҳадов ба 7 рӯзи ҳабс маҳкум шудаанд. РВКД вилояти Суғд аксҳои ин ду қиморбозро нашр кард, ки чӣ гуна дар ҳабс ба тоза кардани барф машғуланд. РВКД гуфт, онҳо ба дигар корҳои барои ҷамъият муфид, аз ҷумла тоза кардани биноҳо низ машғул хоҳанд шуд. РВКД аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки ҳарчанд қиморбозии кӯчагӣ “алик – малик” ва “қарасан –топасан” мардумфиребии рӯирост ҳам бошанд, бархе ба доми фиреби ин қиморбозон меафтанд ва инҳо аз ҳисоби мардуми зудбовар барои худ манбаи даромади муфт дуруст кардаанд.

Ҷазои ҳабси маъмурӣ нисбати қиморбозон

Қиморбозии кӯчагӣ, ки дар байни мардум бо номҳои “алик-малик” ва “қарасан-топасан” маъмул аст, ҳарчанд мардумфиребии рӯирост бошад ҳам, мутассифона баъзеҳо онро манбаи даромад меҳисобанд.
Нозирони минтақавии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ду қиморбози ашаддӣ шаҳрвандон Абдуаҳадов Рустам Аҳадович, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи чамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан ва Саъдии Муҳиддин, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷандро, ки мунтазам ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда дар ҳудуди бозори “Панҷшанбе”-и маркази маъмурии вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд ингуна бозиҳо ташкил менамуданд, боздошт карданд.
Бо тартиб додани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар асоси моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз тарафи нозирони минтақавии милитсия суди шаҳри Хуҷанд нисбати хукуквайронкунандагон ҷазои ҳабсӣ тадбиқ намуд. Саъдии Муҳиддин ба муҳлати 10 шабонарӯз, Рустам Абдуаҳадов 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо гирифтанд.
Ба таъкиди кормандони милитсия бо такя аз таҷрибаи амалӣ аз сабабе, ки шаҳрвандон дар чунин бозиҳо иштирок мекунанд, бозори ингуна мардумфиребиҳо гарм аст. Тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ ҷарима дар асоси моддаи 465 ва ҷазои ҳабсӣ дар асоси моддаи 475 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз таъсиррасониҳои ҳуқуқие мебошанд, ки нисбати ташкилкунандагони бозиҳои кӯчагии “алик-малик” татбиқ мешавад.

Ҳуқуквайронкунандагон Саъдии Муҳиддин ва Рустам Абдуаҳадов муҳлати ҷазои таъингардидаро ба тозаю озода намудани ҳудуди бинои маъмурӣ ва дигар корҳои хусусияти тарбиявидошта сарф хоҳанд кард. Милитсияи шаҳри Хуҷанд мехоҳад бо роҳи сафарбар намудани ҳуқуқвайронкунандагон ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ тарзи ҳаёти солимро ба онҳо тарғиб намояд.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button