ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистонҲуқуқи инсон

АДВОКАТЕ, КИ АЗ “ГОВСУД” ТАНҚИД МЕКАРД, БА 8 СОЛУ 6 МОҲИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи ноҳияи Вахш адвокат Саиднуриддин Шамсиддиновро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо тахаллуси Саиди Садр аз беадолатиҳо дар низоми додситониву додгоҳии Тоҷикистон интиқод мекард, бо ҷурми фурӯши ғайриқонунии қитъаи замин ва туҳмат ба як додситон ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кардааст. Наздикони ӯ мутмаинанд, ки маҳз ҳамин мақолаҳои танқидӣ ва “говсуд” номидани бархе парвандаҳо ба мақомот хуш наомадааст ва онҳо аз Саиднуриддин Шамсиддинов қасос гирифтаанд. Шамсиддинов дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла бо муроҷиат ба раисиҷумҳур менавишт, ки баъзе судяҳои Хатлонба хатокорӣ роҳ дода, тақдири инсонҳоро бо роҳи хато ҳал карда, чандин камбағалро беасосговсудкарда гаштаанд.”

Ӯ рӯзи 25 декабр дар сухани охиринаш дар додгоҳ  низ худро бегуноҳ номида, гуфтааст, ки дар ҷараёни тафтишот таҳти фишор ва маҷбурӣ ба протоколҳои бозпурсӣ имзо гузоштааст.

Адвокат Файзи Олӣ гуфт, аз ҳукми Саиднуриддин Шамсиддинов шикоят мебаранд. “Дар мавриди харидуфурӯши ғайриқонунии замин ҳамаи ҳуҷҷатҳоро баррасӣ кардем. Заминро падараш фурӯхтааст, ки ҳоло дар ҳаёт нест. Имзои падараш дар ҳуҷҷатҳо ҳаст. Дар хусуси паҳн кардани маълумоти бардурӯғ нисбат ба прокурор. Ягон маълумоти ғайриқонунӣ нашр накардааст. Бо такя ба ҳамин далелҳо ариза пешниҳод кардем“, — гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон мавриди ҳукми зиндони адвокатҳо нест. Дар соли 2016 Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ба 28 ва 21 соли зиндон маҳкум шуданд. Соли 2014 Шуҳрат Қудратов бо як парвандаи, ба гуфтаи худи ӯ, бофта маҳкум ба 4 соли зиндон шуд ва баъди озод шуданаш тарки Тоҷикистон карда, ҳоло дар Русия кору зиндагӣ мекунад.

Ҳуқуқдоне, ки аз “говсуд шудан”-и дигарон мегуфт, 8.5 сол зиндонӣ шудааст

Мирзонабии Холиқзод, Радиои Озодӣ


Саиднуриддин Шамсиддинов, вакили мудофеъ ва судиҷрочии собиқро, ки ҳамвора дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафтори баъзе додситону додрасҳо шикоят мекард, дар ноҳияи Вахш ба ҳаштуним сол зиндон маҳкум кардаанд.

Додгоҳ ӯро бар асоси ҳафт моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла харидуфурӯши замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти дурӯғ гунаҳкор донист. Наздиконаш бовар доранд, ӯро барои танқидҳояш аз беадолатӣ ва рафтори баъзе аз додситону додрасҳои минтақа ба зиндон андохтаанд.

Қамариддин Шамсиддинов, бародари Саиднуриддин Шамсиддинов, рӯзи 12-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо имзои Саиди Садр аризаву мақола менавишт ва зоҳиран ба мақомот хуш наомадааст“.

Ин навиштаҳо ҳанӯз дар саҳифааш маҳфузанд ва аз ҷумла дар яке аз онҳо ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта шудааст, баъзе судяҳои Хатлонба хатокорӣ роҳ дода, тақдири инсонҳоро бо роҳи хато ҳал карда, чандин камбағалро беасосговсудкарда гаштаанд.”

Вакили мудофеъ Файзи Олӣ мегӯяд, ҳамчун ҳуқуқшинос шоҳидӣ додам, ки одамон ҳақ доранд, ба номи президент, Додситонии кул ва Додгоҳи олӣ нома нависанд, шикоят кунанд, вале бо ин вуҷуд ӯро маҳкум карданд.”

Барои гирифтани ҷузъиёт рӯзи 6-уми январ ба додрас Аҳлиддин Назарзода тамос гирифтем. Ӯ баъд аз шунидани суоли мо дар мавриди қазияи Саиднуриддин Шамсиддинов гӯширо гузошт ва ба зангҳои дигари мо посух надод.

Аммо хонавода ва вакили мудофеи Саиднуриддин Шамсиддинов мегӯянд, бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва барои бозбинии он ба зинаҳои болоӣ шикоят кардаанд. Салтанат Шералиева, модари Саиднуриддин Шамсиддинов, гуфт, ӯ баробари шунидани ҳукми писараш дар толори додгоҳ аз ҳуш рафт ва танҳо дар бемористон ба худ омад.

Яке аз шоҳидони он лаҳза гуфт, дар муқоиса ба муҳокимаҳои дигар беш аз даҳ маъмури милиса бинои додгоҳро печонда буданд. Вақте модараш аз ҳуш рафт, дар аввал иҷоза надоданд, ки ӯро ба берун баранд. Танҳо баъд аз доду фиғон иҷоза доданд.”

Мурофиаи охирини Саиднуриддин Шамсиддинов рӯзи 25-уми декабри соли гузашта баргузор шудааст. Худи ӯ дар сухани охиринаш гуфтааст, гуноҳ надорад ва айбномаро рад мекунад. Аммо Нусратулло Мирзоев вакили мудофеи Саиднуриддин Шамсиддинов гуфт, додрас эътирофи шахси зери ҳимояташро ҳангоми тафтишот ҳамчун далел пеш овардааст.

Ӯ гуфт, воқеан Шамсиддинов дар зери ҳар айбнома имзо гузоштааст, вале иддао кард, ки “ин худиқрорӣ маҷбурӣ ва парванда фармоишӣ аст“. Баръакси ин, дар навори садоие, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, Абдумаҷид Саидзода, додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас талаб кардааст, озодии Шамсиддинов барои шаҳрвандон хатар дорад ва ба ҳабс кашида шавад.”

Саиднуриддин Шамсиддинов, ки дар гузашта ҳамчун судиҷрочӣ ва солҳои охир ҳамчун вакили мудофеъ фаъолият дошт, ду сол пеш дар бораи қазияаш ба Радиои Озодӣ муроҷиат карда буд. Вай дар номааш навишта буд, ки Додситонии ноҳияи Вахш ӯро ба фурӯши ғайриқонунии қитъаи замин муттаҳам медонад, дар ҳоле ки чунин коре накардааст. Аммо додситону додраси парванда ба ҳақ будани худу тафтишот таъкид карда, гуноҳҳои ӯро собитшуда хондаанд.

“Дар мавриди харидуфурӯши ғайриқонунии замин ҳамаи ҳуҷҷатҳоро баррасӣ кардем. Заминро падараш фурӯхтааст, ки ҳоло дар ҳаёт нест. Имзои падараш дар ҳуҷҷатҳо ҳаст. Дар хусуси паҳн кардани маълумоти бардурӯғ нисбат ба прокурор. Ягон маълумоти ғайриқонунӣ нашр накардааст. Бо такя ба ҳамин далелҳо ариза пешниҳод кардем“, — мегӯяд вакили мудофеъ Файзи Олӣ.

Ҳоло нигоҳҳо ба зинаҳои болоии додгоҳ дӯхта шудааст, ки дар бораи қазияи Саиднуриддин Шамсиддинов чӣ тасмим хоҳад гирифт. Ҳукмро дар шакли ҳозирааш хоҳад гузошт ва ё онро кам ё бекор хоҳад кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button