ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсонҶомеа

ОҚИБАТИ НОПОКӢ: ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ЗАН БАРОИ ҚАСДАН ВАЙРОН КАРДАНИ ПАРДАИ БАКОРАТИ КӮДАКИ ЧОРСОЛА

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 8 январ сокини Турсунзода Одина Ҳайдароваро бо ҷурми бо сабзӣ қасдан дарондани пардаи бакорати ҷияни хурдсолаш М.М., соли таваллудаш 2016, ба 11 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Ин яке аз пурсарусадотарин парвандаҳои соли гузашта дар Тоҷикистон буд, ки тафтишаш танҳо баъди дахолати раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ аз ҷо ҷунбид.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 12 январ бар асоси натиҷаҳои тафтишот хабар дод, ки “Ҳайдарова Одина Абдулҳодиевна субҳи 1 августи соли 2020 аз ҳузур надоштани дигар аъзои оилаашон истифода бурда, дар манзили истиқоматиашон, воқеъ дар шаҳри Турсунзода як адад маҳсулоти полезии сабзиро гирифта ба ҳуҷраи хоби хурдсол М. даромада, ба узви занонаи охирин сабзиро ворид карда, ба узвҳои таносул ва саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ расонидааст. Ҷароҳатҳои бардоштаи хурдсол М. ба мисли садамаи ҳамбастаи дараҷаи вазнин, захми даридаи пардаи бакорат ва маҳбал, хунравии шадиди беруна ба зарари вазнин ба саломатӣ мансуб будааст.”

 Модари М., ки аз шавҳараш ҷудо шуда буд, тобистони соли гузашта духтарашро барои аёдат ба хонаи хешу табори шавҳараш оварда буд. Бехабар аз онки нисбат ба кӯдаки маъсум чунин як кирдори гӯшношунидро раво мебинанд.

Додситонӣ гуфт, қасди Одина Ҳайдарова аз ин амали бад “бо роҳи пинҳонӣ пардаи бакорати ҷияни хурдсолаш М.-ро вайрон намудан, дар оянда номбурдаро ҳамчун бероҳа дар назди ҷамъият муаррифӣ сохтан ва бо ин роҳ ба модари охирин М.М. таъсири руҳию равонӣ расонидан” будааст.

Ин қазияро дар аввали моҳи сентябр фаъоли ҷамъиятӣ Зулфия Раҳматова бо нашри видеои хешовандони кӯдаки ҷабрдида расонаӣ кард. Хешовандони кӯдак аз президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ хостанд, то ба ин қазия дахолат карда, нагузоранд, ки бархе мақомоти тафтишотӣ гунаҳкорро аз ҷавобгарӣ халос кунанд.

Ба дунбол, рӯзи 11 сентябр раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар як ҷаласаи корӣ бо иштироки раиси Суди олӣ Шермаҳмад Шоҳиён, прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон ва раҳбарони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар баробари масоили дигар муроҷиати хешовандони духтари сесолаи таҷовузшуда аз шаҳри Турсунзода ва дигар ҳодисаҳои ба ин монанд, ки р дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, боиси ба вуҷуд омадани сару садоҳои зиёд доир ба ин масъала гардиданд, мавриди баррасӣ қарор додааст.

Ва худи ҳамон рӯз Додситонии кулли Тоҷикистон дар пайи супориши раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ иттилоъ дод, кивобаста ба сабти видеоӣ оид ба расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатии кӯдаки 4-сола дар шаҳри Турсунзода, ки санаи 5 сентябри соли 2020 дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд, дар натиҷаи пешбурди тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро Ҳайдарова Одина Абдулҳодиевна, с.т. 20 октябри соли 1995, ва Мамадҷонов Муҳаммадҷон Абдулҳодиевич, с.т. 10 ноябри соли 1997, содир кардаанд.”

Оқибати нопокӣ

 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳайдарова Одина Абдулҳодиевна бо моддаи 110 қисми 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол намуд.

  Тафтишоти пешакӣ ба Ҳайдарова О.А. барои он айб эълон кардааст, ӯ қасди бо роҳи пинҳонӣ пардаи бакорати ҷияни хурдсолаш М.-ро вайрон намудан, дар оянда номбурдаро ҳамчун бероҳа дар назди ҷамъият муаррифӣ сохтан ва бо ин роҳ ба модари охирин М.М. таъсири руҳию равонӣ расониданро намудааст.

  Бо ин мақсад, ӯ субҳи 1 августи соли 2020 аз ҳузур надоштани дигар аъзои оилаашон истифода бурда, дар манзили истиқоматиашон, воқеъ дар шаҳри Турсунзода як адад маҳсулоти полезии сабзиро гирифта ба ҳуҷраи хоби хурдсол М. даромада, ба узви занонаи охирин сабзиро ворид карда, ба узвҳои таносул ва саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ расонидааст.

  Ҷароҳатҳои бардоштаи хурдсол М. ба мисли садамаи ҳамбастаи дараҷаи вазнин, захми даридаи пардаи бакорат ва маҳбал, хунравии шадиди беруна ба зарари вазнин ба саломатӣ мансуб будааст.

  Бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 8 январи соли 2021 судшаванда Ҳайдарова О.А. бо моддаи 110 қисми 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо ин модда ба ӯ ҷазои 11 солу 6 моҳ маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъйин карда шуд.

Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ           

 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button