ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ МУҲИМТАРИН ХАБАРҲОИ ТОҶИКИСТОН АЗ “БОМДОД”: 12 ЯНВАРИ СОЛИ 2020

Дуруд, тамошобинони азиз!

Хулосаи хабарҳои муҳими рӯзи 12 январи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем. Дар ин барнома:

11 солу 6 моҳ ҳукми зиндони як зан барои қасдан вайрон кардани пардаи бакорати кӯдаки чорсола

Додгоҳи олӣ ҳукми сабуки таҷовузгари духтари 12-соларо бекор кард

Боздошти 16 шаҳрванди аз Молдова ихроҷшуда дар фурудгоҳи Душанбе

Боздошти ду бародар дар пайи як муноқишаи хунин дар Панҷ

Як зан дар Истаравшан ба ташкили фоҳишахона айбдор мешавад

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 8 январ сокини Турсунзода Одина Ҳайдароваро бо ҷурми бо сабзӣ қасдан дарондани пардаи бакорати ҷияни хурдсолаш М.М., соли таваллудаш 2016, ба 11 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Ин яке аз пурсарусадотарин парвандаҳои соли гузашта дар Тоҷикистон буд, ки тафтишаш танҳо баъди дахолати раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ аз ҷо ҷунбид.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 12 январ бар асоси натиҷаҳои тафтишот хабар дод, ки “Ҳайдарова Одина Абдулҳодиевна субҳи 1 августи соли 2020 аз ҳузур надоштани дигар аъзои оилаашон истифода бурда, дар манзили истиқоматиашон, воқеъ дар шаҳри Турсунзода як адад маҳсулоти полезии сабзиро гирифта ба ҳуҷраи хоби хурдсол М. даромада, ба узви занонаи охирин сабзиро ворид карда, ба узвҳои таносул ва саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ расонидааст. Ҷароҳатҳои бардоштаи хурдсол М. ба мисли садамаи ҳамбастаи дараҷаи вазнин, захми даридаи пардаи бакорат ва маҳбал, хунравии шадиди беруна ба зарари вазнин ба саломатӣ мансуб будааст.”

 Модари М., ки аз шавҳараш ҷудо шуда буд, тобистони соли гузашта духтарашро барои аёдат ба хонаи хешу табори шавҳараш оварда буд. Бехабар аз онки нисбат ба кӯдаки маъсум чунин як кирдори гӯшношунидро раво мебинанд.

Додситонӣ гуфт, қасди Одина Ҳайдарова аз ин амали бад “бо роҳи пинҳонӣ пардаи бакорати ҷияни хурдсолаш М.-ро вайрон намудан, дар оянда номбурдаро ҳамчун бероҳа дар назди ҷамъият муаррифӣ сохтан ва бо ин роҳ ба модари охирин М.М. таъсири руҳию равонӣ расонидан” будааст.

 Ин қазияро дар аввали моҳи сентябр фаъоли ҷамъиятӣ Зулфия Раҳматова бо нашри видеои хешовандони кӯдаки ҷабрдида расонаӣ кард. Ба дунбол, рӯзи 11 сентябр раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар як ҷаласаи корӣ аз мақомот талаб кард, ки ин парвандаро ба таври фарогир тафтиш кунанд.

Ва худи ҳамон рӯз Додситонии кулли Тоҷикистон дар пайи супориши Рустами Эмомалӣ хабар дод, ки дар робита ба ин қазия Ҳайдарова Одина ва бародари 23-солаи ӯ Мамадҷонов Муҳаммадҷон дастгир шудаанд.

хххххххх

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 12 январ ҳукми додгоҳи шаҳри Ҳисор дар мавриди парвандаи пурсарусадои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғи 12-соларо бекор кард. Дар ин бора “Азия Плюс” бо такя ба манбааш дар Додгоҳи олӣ хабар дод. Додгоҳи олӣ ин парвандаро барои тафтиши дубора ба додситонии Ҳисор баргардондааст. Додгоҳи Ҳисор рӯзи 9 декабр Ҳусниддин Абдуллоев, сокини 42-солаи деҳаи лӯлинишини Кӯчабоғро дар таҷовуз ба номуси духтари 12-сола айбдор донист ва ба 5 соли зиндон маҳкум кард, вале билофосила нисбат ба ӯ аз қонуни афв кор гирифта, Абдуллоевро аз толори додгоҳ озод кард. Ин ҳукми ниҳоят сабук нисбат ба таҷовузкор мавҷи вокунишҳои манфиро ба бор овард. Бисёриҳо бар инанд, ки нафари гунаҳкор ба эҳтимоли ғолиб дар ивази пора чунин ҳукми сабук гирифтааст. 

Ахиран намояндагони 54 созмони ғайридавлатӣ дар як номаи саркушода аз роҳбарони Тоҷикистон хостанд, ки муҷозотро барои озори ҷинсии кӯдакон шадидтар кунанд ва нагузоранд, ки афроди гунаҳкор дар чунин ҷиноятҳо бо ҷазои сабук халос шаванд.

Моҳи август додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур низ хешованди яке аз нафарони сарватмандро, ки дар таҷовуз ба номуси як духтари 14-сола дар хобгоҳи корхонаи “Текстил” гунаҳкор дониста шуд, ба ҳамагӣ 3 соли зиндон маҳкум карданд. Ҳамин тавр, додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ як ҷавони муттаҳам ба ҳаракатҳои бадахлоқонаи шаҳвонӣ нисбат ба як писарбачаи 11-соларо ба ҳамагӣ 160 соат корҳои ислоҳӣ маҳкум кард.

Хешовандони духтари ноболиғ аз Ҳисор, ки дар синни 13 кӯдак ба дунё овард, бо кумаки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳукми додгоҳи Ҳисор ба Додгоҳи олӣ шикоят бурданд.

хххххх

16 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки субҳи 11-уми январ тавассути Истанбул аз Молдова баргаштанд, маъмурони ҳифзи ҳуқуқ аз Фурудгоҳи Душанбе “бо худ бурдаанд”. Дар Вазорати корҳои дохилии Молдова ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин 16 нафар бо ҷурми поймол кардани қоидаҳои будубош  аз ин кишвар ихроҷ карда шудаанд.  Олга Поалелунги, раиси Бюрои муҳоҷират ва паноҳандагии Молдова гуфт, ин 16 шаҳрванди Тоҷикистон “бо пули худ билети бозгашт харида”, ба ватан баргаштанд. Мақомоти Молдова мегӯянд, ихроҷи ин 16 муҳоҷири тоҷик ягон ангезаи сиёсӣ надошт.

Аммо мақомоти Тоҷикистон онҳоро баъди расидан ба фурудгоҳи Душанбе аз дигар мусофирони парвози Истанбул ҷудо карда, бо худ бурдаанд. Ба гуфтаи як корманди фурудгоҳ, ба онҳо гуфтаанд, ки дар бораи шумо маълумот омадааст ва бояд тафтиш шавад. Мақомот то кунун ин қазияро ба таври расмӣ шарҳ надодаанд.

ххххх

Ду сокини ҷамоати Озодагони  ноҳияи Панҷ ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шудаанд.ВКД гуфт, бародарон Аминов Фарҳод, соли тавллудаш 1993 ва Аминзода Дилшод, соли таваллудаш 1999 рӯзи 12-уми декабри соли 2020 бо маслиҳати пешакӣ аз рӯи ҳиссиёти авбошӣ Саидмуродов Ҳигматулло, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи шаҳраки Панҷро мавриди лату кӯб қарор медиҳанд ва Аминзода Дилшод бо корд ба бадани Саидмуродов Ҳ. чанд маротиба зарба мезанад ва ҷои ҳодиса фирор мекунанд.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.Айни замон нафарони гумонбаршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Панҷ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шудааст.

Ҳамчунин рӯзи 11 январ, тахминан соати 16:00, дар кӯчаи Гипроземи пойтахт як ноболиғи 17-сола сокини 22-солаи пойтахтро дашномҳои қабеҳ дода, ду корд задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
хххххх

Як зани 41-солаи сокини ҷамоати Сабристони шаҳри Истаравшан бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир шудааст.
ВКД гуфт, ин зан рӯзи 5 январ дар ҳудуди шаҳри Истаравшан барои алоқаи ҷинсӣ намудани марди 27 ва зани 32-солаи сокинони шаҳри мазкур шароит муҳайё намуда, аз онҳо 100 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Инчунин, номбурда 9 декабр ба ҷавони 21 ва зани 32-солаи сокини Истаравшан барои алоқаи ҷинсӣ шароит муҳайё намуда, аз онҳо 200 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button