ДОДГОҲИ ОЛӢ ҲУКМИ САБУКИ ТАҶОВУЗГАРИ ДУХТАРИ 12-СОЛАРО БЕКОР КАРД
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 12 январ ҳукми додгоҳи шаҳри Ҳисор дар мавриид парвандаи пурсарусадои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғи 12-соларо бекор кард. Дар ин бора “Азия Плюс” бо такя ба манбааш дар Додгоҳи олӣ хабар дод. Додгоҳи олӣ ин парвандаро барои тафтиши дубора ба додситонии Ҳисор баргардондааст. Додгоҳи Ҳисор рӯзи 9 декабр Ҳусниддин Абдуллоев, сокини 42-солаи деҳаи лӯлинишини Кӯчабоғро дар таҷовуз ба номуси духтари 12-сола айбдор донист ва ба 5 соли зиндон маҳкум кард, вале билофосила нисбат ба ӯ аз қонуни афв кор гирифта, Абдуллоевро аз толори додгоҳ озод кард. Ин ҳукми ниҳоят сабук нисбат ба таҷовузкор мавҷи вокунишҳои манфиро ба бор овард. Бисёриҳо бар инанд, ки нафари гунаҳкор ба эҳтимоли ғолиб дар ивази пора чунин ҳукми сабук гирифтааст.
Ахиран намояндагони 54 созмони ғайридавлатӣ дар як номаи саркушода аз роҳбарони Тоҷикистон хостанд, ки муҷозотро барои озори ҷинсии кӯдакон шадидтар кунанд ва нагузоранд, ки афроди гунаҳкор дар чунин ҷиноятҳо бо ҷазои сабук халос шаванд.
Моҳи август додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур низ хешованди яке аз нафарони сарватмандро, ки дар таҷовуз ба номуси як духтари 14-сола дар хобгоҳи корхонаи “Текстил” гунаҳкор дониста шуд, ба ҳамагӣ 3 соли зиндон маҳкум карданд. Ҳамин тавр, додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ як ҷавони муттаҳам ба ҳаракатҳои бадахлоқонаи шаҳвонӣ нисбат ба як писарбачаи 11-соларо ба ҳамагӣ 160 соат корҳои ислоҳӣ маҳкум кард.
Хешовандони духтари ноболиғ аз Ҳисор, ки дар синни 13 кӯдак ба дунё овард, бо кумаки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳукми додгоҳи Ҳисор ба Додгоҳи олӣ шикоят бурданд.
Додгоҳи олӣ ҳукми додгоҳи Ҳисорро дар қазияи таҷовузи ноболиғ бекор кард
Муаллиф: Мӯсои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи шаҳри Ҳисорро дар мавриди парвандаи пурсарусадои таҷовузи духтараки ноболиғи 12-сола аз сӯйи яке аз пайвандонаш бекор кард. Дар ин бора як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон ба “Азия–Плюс” хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ Додгоҳи олӣ баъди баррасии шикояти касатсионии ҷониби даъвогар, имрӯз, 12 январ ҳукми додгоҳи шаҳри Ҳисорро ба далели вуҷуди камбудиҳо ва нокофӣ будани далелҳо бекор карда, парвандарои барои таҳқиқи бештар ба додситонии шаҳрии Ҳисор боз гардонидааст.
Додгоҳи шаҳри Ҳисор 9 декабр дар ин қазияи пурсару садо марди гумонбар дар таҷовузи ноболиғи 12-соларо барои 5 сол ба зиндон маҳкум намуд, вале ӯро бар асоси қонуни афв аз адои ҷазо озод намуд.
Ин ҳукми додгоҳ дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои тундеро ба бор овард.
Додраси ин парванда Саидаҳмад Усмонзода ҳукми содиркардаи худро ба расонаҳо шарҳ надод ва ҷаласаи додгоҳӣ ҳам пушти дарҳои баста сурат гирифт.
Ҳусниддин Абдуллоеви 42-соларо на бо моддаи таҷовуз ба номуси ноболиғ, балки барои анҷом додани ҳаракатҳои шаҳвонӣ бо шахси ба синни 16-солагӣ нарасида маҳкум карданд.
Ин дар ҳоле буд, ки ҷониби вакили дифоъи ҷабрдида қотеъона таалаб мекард, ки гумонбар бар асоси моддаи 138 қисми 3 таҷовуз ба номус маҳкум шавад, вале ин талаби ҷониби ҳимоя ба эътибор гирифта нашуд.
Хонаводаи ин ноболиғ, ки акнун 13-сола шудаасту аз ин робитаи ҷинсӣ як фарзанд ҳам таваллуд кардааст, 8 моҳ пеш низ аз ҳукми дигари додгоҳ норозигӣ карда ба Додгоҳи олӣ шикоят оварда буданд.
Шикояте, ки акнун баррасӣ шуд, 18-уми декабр ба Додгоҳи Олӣ оварда шуда буд.
Ин парванда яке аз парвандаҳои пурсару садо дар расонаҳо ва ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки акнун таваҷҷуҳи зиёди ҷомеаи шаҳрвандиро ба худ кашидааст.