ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АХБОРИ КРИМИНАЛИИ 12 ЯНВАР(5 АКС)

Ду бародари 27 ва 21-сола аз ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ ба он айбдор мешаванд, ки моҳи декабр як сокини 33-солаи шаҳраки Панҷро чанд корд задаанд.

Як ноболиғи 17-сола рӯзи 11 январ, соати 16 дар маҳаллаи Гипрозем сокини 22-солаи Душанберо ду корд задааст.

Як зани 41-солаи сокини ҷамоати Сабристони шаҳри Истаравшан бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир шудааст.

Як сокини Душанбе ба қаллобӣ ба маблағи қариб як миллион сомонӣ айбдор мешавад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 12 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Панҷ ду нафар аз сокинони ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд.
Инҳо бародарон Аминов Фарҳод, соли тавллудаш 1993 ва Аминзода Дилшод, соли таваллудаш 1999 мебошанд.
Номбурдагон, 12-уми декабри соли 2020 бо маслиҳати пешакӣ аз рӯи ҳиссиёти авбошӣ бо Саидмуродов Ҳигматулло, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Панҷ, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, номбурдаро мавриди лату кӯб қарор медиҳанд ва Аминзода Дилшод бо корд ба бадани Саидмуродов Ҳ. чанд маротиба зарба мезанад ва ҷои ҳодиса фирор мекунанд.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Айни замон нафарони гумонбаршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Панҷ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Офоқ Қодириён

Бо корд захмӣ намудани ҷавони 22-сола

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 11-уми январи соли 2021, тахминан соати 16:00, дар кӯчаи Гипроземи пойтахт ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин ноҳия ӯро дашномҳои қабеҳ зада, бо корд 2-маротиба ба баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Боздошти як зан бо ҷурми ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Номбурда, 5-уми январи соли 2021, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан барои алоқаи ҷинсӣ намудани марди 27 ва зани 32-солаи сокинони шаҳри мазкур шароит муҳайё намуда, аз онҳо 100 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Инчунин, номбурда 9-уми декабри соли 2020, ба ҷавони 21 ва зани 32-солаи сокинони ҳамин шаҳр барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 200 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Амалҳои фиребгарӣ бе ҷазо намемонанд

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2019, дар кӯчаи Н.Махсуми пойтахт марди 37-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 80 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Инчунин, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Вахш бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, бо роҳи фиреб ба боварии марди 29-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа даромада, барои ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва ҳуҷҷатгузории он аз номбурда 80 ҳазор сомонӣ гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Деҳқони ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2014, дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 1 ҳазору 800 доллари амрикоӣ пахта гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани дуздии маҳсулоти хӯрокворӣ ва телефонҳои мобилӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 22-юми декабри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи хӯроквориаш гардида, аз он ҷо маҳсулоти гуногуни хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 16-солаи сокинони шаҳри Конибодом ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, санаи 10-уми январи соли 2021, тахминан соати 02:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи марди 27-солаи сокини шаҳри мазкур, воқеъ дар бозори марказии шаҳри Конибодом шуда, аз он ҷо 16-адад телефонҳои мобилии гуногунтамғаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 27 ҳазору 462-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Чорводуздон ба даст афтоданд

Дар асоси аризаҳои шаҳрвандон оиди аз тарафи шахсони номаълум дуздида шудани чорвоҳояшон, аз чониби кормандони шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ се нафар аз сокинони ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи мазкур, ҳамчун гумонбарони ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Шаҳрвандон Раҷабов Заровиддин, соли таваллудаш 1989, Ғиёсов Мирзораҳим, соли таваллудаш 1984 ва Сафаров Тоҳир, соли таваллудаш 1989 дар 7 ҳолати дузии чорвоҳои сокинони ноҳия даст доранд.
Ин се нафар бо маслиҳати пешакӣ дар муддати моҳҳои ноябр ба декабри соли 2020 аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии сокинон ва манзилҳои истиқоматиашон чорвоҳои калони шохдорро тасарруф намуда, фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашонро ба фоидаи худ сарф кардаанд, ки бо ин кирдори ҷинояткоронаашон ба ҷабрдидагон зарари калони молӣ расонидаанд.

Айни замон вобаста ба далелҳои мазкур нисбати гумонбаршудагон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Офоқ Қодириён

 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button