ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

МАРГИ ДУ ТАБИБИ ТОҶИК ДАР ЯМАН

Ду табиби тоҷик дар кишвари арабии Яман яке бар асари сактаи дил ва дуюмӣ бар асари хунрезии мағзӣ вафот кардаанд. Ҷамшед Бегалиев ва Саидмуҳиддин Тошев 49 ва 56 сол дошта, Бегалиев ба ҳайси ҷарроҳ ва Тошев ба ҳайси анестизиолог дар шифохонаи хусусии Ибни Сино дар шаҳри АлМукалло кор мекарданд.

Манучеҳр Абдуев, намояндаи ширкати “Здравэкспорт”-и Русия, ки табибони тоҷикро барои кор ба шифохонаҳои Яман ҷалб мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо ризоияти хешовандон табибони тоҷикро рӯзи 11 январ дар Яман ба хок супурданд.

 Дар ҳамин ҳол, расонаҳои маҳаллӣ дар Яман навиштаанд,табибони фавтидаи тоҷик дӯстони қарин буданд ва вақте яке хабари марги дигариро дар меҳмонӣ шунидааст, якбора вазъи саломатиаш нохуб шуда, даргузаштааст.”

Яман чандин сол боз дар чанги ҷанги шаҳрвандӣ байни нирӯҳои давлатӣ ва шӯришиён аз қабилаи шиамазҳаби ҳусиҳо, ки аз ҷониби Эрон пуштибонӣ мешаванд, қарор дорад. Бо ин вуҷуд, даҳҳо табиби тоҷик, аз ҷумла занҳо дар ин кишвари ҷангзада кор мекунанд.

Манучеҳр Абдуев гуфт, дар пайи нооромиҳои охир бисёре аз табибони тоҷик инҷоро тарк карданд.  Ба ҳисоби ӯ, ҳоло аз 50 то 80 пизишки тоҷик дар Яман боқӣ мондаанд.

Марги ду пизишки тоҷик дар Яман. “Яке бо шунидани хабари марги дигарӣ фавтид”

Абдулло Ашӯров, Радиои Озодӣ


Ду пизишки тоҷик ҳангоми кор дар Яман бар асари сактаи дил ва сактаи мағзӣ фавтидаанд. Ҷасади онҳоро рӯзи 11-уми январ дар шаҳри АлМукаллои вилояти Хазрамаут дафн мекунанд.

Манучеҳр Абдуев, намояндаи ширкати “Здравэкспорт”-и Русия, ки табибони тоҷикро барои кор ба шифохонаҳои Яман ҷалб мекунад, 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз табибон 49-сола ва дигаре 56-сола буд.

Ҷамшед Бегалиев ва Саидмуҳиддин Тошев чанд сол боз дар шифохонаи хусусии Ибни Сино дар шаҳри АлМукалло кор мекарданд. Бегалиев ҷарроҳ ва Тошев анестизиолог буданд“, — иброз дошт Абдуев.

Мусоҳиби мо афзуд, бо ризоияти хешовандон табибони тоҷикро дар Яман ба хок месупоранд: Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ низ дар ҷараён аст ва барои таҳияи санадҳо ба хонаводаи фавтидагон ёрӣ расонд.”

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои маҳаллӣ дар Яман навиштаанд, табибони фавтидаи тоҷик дӯстони қарин буданд ва вақте яке хабари марги дигариро дар меҳмонӣ шунидааст, якбора вазъи саломатиаш нохуб шуда, даргузаштааст.”

Бино бар камии маош дар Тоҷикистон табибону парасторони тоҷик барои кор ба Яман мераванд. Ин дар ҳолест, ки аз соли 2015 инҷониб Яман шоҳиди даргириҳои шадид аст. Эътилофи зери раҳбарии Арабистони Саудӣ ба зидди шӯришиёни ҳусӣ – мухолифони шиамазҳаби ҳукумати Яман – меҷангад. Бовар меравад шӯришиёни ҳусӣ аз пуштибонии Эрон бархӯрдоранд.

Манучеҳр Абдуев гуфт, нооромиҳои охир ба кори табибони тоҷик дар ин кившар ҳам бетаъсир набуд ва бисёриҳо Яманро тарк карданд“.

Омори дақиқи табибони тоҷике, ки дар ин кишвари арабӣ кор мекунанд, маълум нест, аммо Манучеҳр Абдуев гуфт, ҳоло аз 50 то 80 пизишки тоҷик дар Яман мондаанд. Ӯ гуфт: Аксарият дар шифохонаҳои хусусӣ кор мекунанд. Дар онҷо сари вақт маошашонро медиҳанд. Барои ҳамин, кор мекунанд.”

Абдуев афзуд, табибони тоҷик дар Яман аз обрӯву эътибор бархӯрдоранд ва мақомдорони Яман ҳам борҳо хоҳиш кардаанд, ки табибони тоҷик дар шароити душвор барои муолиҷаи мардум мадад расонанд. Дар миёни табибони тоҷик дар Яман занҳо низ ҳастанд ва Абдуев гуфт, онҳо аксаран момодоя ва ё гинеколог ҳастанд“.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button