ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАМЛА БО ТАБАР БА ХОЛАВУ ЯЗНА, КОРД ЗАДАНИ ОШИҚИ МОДАР ВА ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 104 ҲАЗОР ДОЛЛАР

Сокини 27-солаи ҷамоати К.Исмоили ш. Ваҳдат шаби 10 январ, соати 02:55 ба хонаи холааш ба ҷамоати Чоргултеппаи н. Рӯдакӣ омада, холааш ва шавҳари ӯро бо табар задааст.

Сокини 20-солаи ҷамоати Деҳмойи н. Ҷ.Расулов шаби 10 январ, соати 00:30 як ҳамдеҳаи 33-солаашро барои изҳори ишқ ба модари 45-солааш ду маротиба корд задааст.

Сокини 43-солаи Душанбе соли 2018 аз як сокини 48-солаи пойтахт бо ваъдаи дар кӯчаи Меҳнат гирифта додани ду хона ва як нуқтаи савдо 104 ҳазор доллар гирифтааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 11 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошти марди 27-сола бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти К. Исмоили шаҳри Ваҳдат, бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 10-уми январи соли 2021, тахминан соати 02:55- дақиқа, аз рӯи хусумати шахсӣ ба хонаи истиқоматии холааш, зани 59-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ омада, бо табар 1-маротиба ба сари холааш ва 1-маротиба ба сари шавҳари холааш, марди 59-солаи сокини ҳамон ҷо, задааст.
Дар натиҷа, ҳардуи онҳо ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бо корд захмӣ намудани марди 33-сола

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 10-уми январи соли 2021, тахминан соати 00:30-дакиқа, дар ҳудуди деҳаи Гулистон бо марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи мазкур вохӯрда, аз сабабе, ки номбурда ба модари гумонбаршаванда зани 45-сола занг зада, хоҳиш намудааст, ки бо ӯ муносибати ошиқона намояд, муноқиша карда, бо корди дар дасташ буда, 2-маротиба ба шиками охирон задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 48-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2018, дар назди хонаи истиқоматиаш марди 43-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 104 ҳазор доллари амрикоиро гирифта ваъда додааст, ки дар кӯчаи Меҳнати шаҳри Душанбе, 2-адад хонаҳои дуҳуҷрагӣ ва як нуқтаи савдо гирифта медиҳад, аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button