ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ДОДГОҲИ ВИЛОЯТИ САМАРА ҲУКМИ ИХРОҶИ РОҲБАРИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНРО БЕТАҒЙИР БОҚӢ ГУЗОШТ

Додгоҳи вилояти Самара низ ҳукми ихроҷи Саидасрор Мирзоев, роҳбари ҷамъияти тоҷикони ин вилоят «Пайванд» ва соҳиби нуқтаҳои фурӯш дар базаи меваву сабзавоти №3-ро бетағйир боқӣ гузошт. Додгоҳи ноҳияи Совети шаҳри Самара рӯзи 23 декабр қарор бароварда буд, ки Саидасрор Мирзоев бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои будубош аз қаламрави Русия берун карда шавад. Александр Паулов, адвокати Мирзоев гуфт, муваккили ӯ ҳанӯз соли 1993 шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст ва набояд ихроҷ шавад, вале додгоҳ ҳамаи ваҷҳҳои овардаи ҷониби ҳимоятро нодида гирифт.

Паулов ба сомонаи маҳаллии «Волга.Нюс» гуфт: «Додгоҳ инро нодида гирифт, ки муваккили ман дар давоми солҳои зиндагиаш дар Русия се маротиба шиносномаашро иваз кардаааст, аз ҷумла бори охир вақти ба синни 45 расиданаш. Додгоҳ инро нодида гирифт, ки ӯ бар асоси ин шиносномаҳо шаҳодатномаи ронандагӣ гирифт, издивоҷ кард. Ба мо ягон санаде нишон дода натавонистанд, ки бо ягон сабаб ин ҳуҷҷатҳо эътибори худро гум карда бошанд. Вале додгоҳ кӯркӯрона фақат ба гапи пулис бовар мекунад: Агар онҳо навишта бошанд, ки Мирзоев шаҳрванди хориҷӣ аст, пас чунин аст.»

Паулов гуфт, ки онҳо аз қарори додгоҳи вилоятӣ ба додгоҳи кассатсионӣ шикоят хоҳанд бурд. Вале тасдиқи ҳукми Мирзоев аз ҷониби додгоҳи вилоятӣ ба маъноест, ки ҳукми ихроҷи ӯ алакай қувваи қонунро мегирад ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонанд ҳар вақти дилхоҳ роҳбари ҷамъияти тоҷикони Самараро ба Тоҷикистон ихроҷ кунанд.

Александр Паулов, вакили мудофеъ (адвокат)-и Саидасрор Мирзоев, роҳбари боздоштшудаи ҷамъияти тоҷикони вилояти Самара қаблан гуфта буд, ки муваккили ӯро рӯзи 23 декабр рабудаанд.

«Соати 13:35 Мирзоев аз даромадгоҳи ҷои зисташ дар шоҳроҳи Волжское берун баромадааст. Ба ӯ одамони либоси камуфляж дар тан ҳамла кардаанд. Ӯро латтукӯб карда, ба сараш халта андохтаанд ва ба мошин савор кардаанд», – чунин тасвир карда буд ин ҳодисаро адвокат. Ба гуфтаи Паулов, Мирзоевро ба як ҷангал бурда, боз латтукӯб кардаанд ва сипас бо чунин ҳолат ба додгоҳ фиристодаанд.

Паулов аз раёсати вилоятии Кумитаи тафтишот расман хоста буд, то дар робита ба қазияи рабудани Саидасрор Мирзоев парвандаи ҷиноятӣ бикушоянд. Вале то ҳол маълум нест, ки ой тафтишоте дар ин замина ба роҳ андохта шуд ё на?

Ёдовар мешавем, додгоҳи ноҳияи Советскийи шаҳри Самара рӯзи 23 декабр шаҳрвандии президенти созмони ҷамъиятии тоҷикистониҳои муқими вилояти Самара “Пайванд-Единство” Мирзоев Саидасрор Давлатовичро содир кард.
«Мирзоев  тартиби будубош дар қаламрави Русияро вайрон кардааст. Ӯ аз хуруҷ аз Русия дар пайи ба поён расидани муҳлати будубошаш саркашӣ карда, бо ин даст ба қонуншикании маъмурӣ зад. Додгоҳ қарор кард, ки Мирзоев гунаҳкор дониста шуда, ҳамчун ҷазо нисбат ба вай ҷарима ба андозаи 2 ҳазор рубл бо берункунии маҷбурӣ (принудительное выдворение) ба Тоҷикистон таъйин карда шавад», — гуфта мешавад дар қарори додгоҳи ноҳияи Советский аз 23 декабр.

 Мирзоев ҳоло дар Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвадони хориҷӣ дар шаҳри Толятти қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи хабарии маҳаллии «Волга-Нюс» хабар дод, ки «дар додгоҳ барои муайян кардани шахсияти вайронкунандаи қонун санадҳои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона (УБОП)-и ВКД Тоҷикистон истифода шудааст».  Ин нашрия меафзояд, ки қарори ихроҷи Мирзоев  бо далели «зарурати таъмини амнияти давлат ва тартиботи ҷамъиятӣ» асоснок карда шудааст. Дар бораи ин ки Мирзоев ба амнияти давлати Русия чӣ хатаре дошт?, ҷузъиёте дар ин гузориш оварда нашудааст.

 Мирзоев Саидасрор Давлатович, роҳбари ҷамъияти тоҷикони Самара бо номи “Пайванд” ва узви Шӯрои ҷамъиятии сафорати Тоҷикистон дар Русия, маъруф бо лақаби “Ганс”, аз тоҷикҳои пурнуфуз дар Самара ба шумор мерафт ва бино ба иттилои “Таджинфо”, яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Самараро идора мекард.

Довудҷон Мирзоев, бародари Саидасрор Мирзоев, ба Радиои Озодӣ гуфт, бародарашро кормандони ниқобпӯши ОМОН шаш рӯз пеш дар назди манзили зисташ боздошт ва латукӯб кардаанд.

“Ним соат пеш аз ҳодиса бародарам ба ман занг зад ва гуфт, “як таксӣ фирист, то аз хона ба база оям”. Як таксирони шиносро фиристода, ба бародарам гуфтам, ӯ мунтазир аст. Пас аз чанд лаҳза ба база (манзур анбори мевафурӯшии рақами 3-и шаҳри Самара) як гурӯҳ кормандони ниқобпӯши ОМОН бо мошинҳои низомӣ сарозер шуданд. Хостам, ба бародарам дубора занг зада, гӯям, ки нирӯҳои ОМОН омаданд, аммо на ӯ ва на ронандаи таксӣ гӯширо нагирифтанд“, –– нақл кард ӯ.

Мирзоев мегӯяд, пас аз чанде таксирон беҳолу бемадор пайдо шуда, хабар додааст, ки маъмурони ОМОН ӯ ва Саидасрор Мирзоевро боздошт ва сахт латукӯб карданд. Ронандаро сар доданд, вале Саидасрорро ба боздоштгоҳ бурданд.

Довудҷон Мирзоев, бародари Саидасрор Мирзоев, гуфт, кормандони пулис аз ӯ хостаанд, Русияро тарк кунад ва дигар бознагардад.

Боздошти бародарашро Довудҷон Мирзоев кори дасти “як гуруҳ аз тоҷикони манфиатхоҳ” медонад, ки аз истодагарии Саидасрор Мирзоев барои дар дифоъ аз ҳуқуқи аробакашҳо норозӣ будаанд.

Ба гуфтаи Мирзоев, “дар база ё анбори рақами 3-и шаҳри Самара, воқеъ дар кӯчаи Сахаров, ки калонтарин базаи тиҷоратии вилоят ба шумор меояд, наздики 500 тоҷик кор мекунанд ва аксарашон аробакаш ҳастанд.”

Ба иддаои ӯ, аробакашҳо рӯзе ҳудуди 1000 рубл кор мекунанд ва як гурӯҳ аз тоҷикони бонуфузи муқими Самара се сол боз талош доранд, аз онҳо ҳақ ситонанд, аммо Саидасрор Мирзоев монеи ин кор мешудааст. Довудҷон Мирзоев гуфт: Ҳоло як гурӯҳ аз тоҷиконе пайдо шудаанд, ки худро соҳибмулк эҳсос мекунанд ва мехоҳанд, аз аробакашҳо ҳар рӯз пул ситонанд. Як ҷамъияти ғуломдорӣ ташкил карданӣ ҳастанд. Аммо Саидасрор Давлатович ба ин мақсади онҳо халал расонда, мегӯяд, ки ақаллан аробакашҳоро ғам надиҳед.”

Мирзоев гуфт, номи тоҷиконеро медонад, ки ба кормандони мақомоти қудратии Самара ришва дода, хостаанд, бародари ӯро аз ин ҷо ронанд, аммо аз бурдани номи ин ашхос худдорӣ варзид. Вай танҳо гуфт, ҳоҷиҳои пулдоранд“.

Соли 2017 мақомоти Русия шаҳрвандии русии Каромат Шарипов, яке аз ҳомиёни шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро бекор ва худи ӯро бо ҳавопаймои Маскав – Кӯлоб ихроҷ карданд. Каромат Шарипов баъди беш аз ду соли талоши бенатиҷаи бозгашт ба Русия моҳи майи соли ҷорӣ дар синни 57 вафот кард. Соли 2013 Сайфиддин Одинаев, роҳбари ҷамъияти тоҷикони Перм 11 моҳро пушти панҷара ба сар бурд. Бино ба иттилои “Тоҷинфо”, дар ҳоли ҳозир раҳбари ҷамъияти тоҷикони вилояти Владимир низ дар боздошт қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button