ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистФарҳангЧеҳраҳо

ДАР ДИЛИ МАН МОНД… ДАРГУЗАШТИ ОВОЗХОНИ ШИНОХТАИ ТОҶИК ҚУРБОНАЛӢ АБДУЛЛОЕВ

Қурбоналӣ Абдуллоев, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон,  шоми 11 январ дар синни 58 баъди ду моҳи мубориза бо коронавирус дар бемористони бемориҳои сироятӣ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид.  Маросими дафни овозхони шинохта рӯзи 12 январ дар деҳаи Купрукбошии ҷамоати Гулрез дар канори шаҳри Ваҳдат доир мешавад. Шоираи Раҳимҷон, шоираи тоҷик гуфтааст, ки Қурбоналӣ Абдуллоев тақрибан ду моҳ боз зери дастгоҳи нафаскашии сунъӣ қарор дошт ва ду ҳафтаи охир пурра дар ҳуҷраи эҳё буд.

“Табибон мегуфтанд, бо вуҷуди он ки Қурбоналӣ Абдуллоев марҳилаи буҳрониро гузашта буд, ҳолаш сангин арзёбӣ мешуд. Ду ҳафтаи охир пурра дар ҳуҷраи эҳё буд. Бисёр мехостем ба аёдаташ равем, вале табибон мегуфтанд, ҳанӯз мумкин нест”, – гуфтааст Шоираи Раҳимҷон ба Радиои Озодӣ.

Қурбоналӣ Абдуллоев соли 1963 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, соли 1987 Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кард. Қурбоналӣ Абдуллоев бахусус дар хондани таронаҳои мардумӣ чирадаст буд ва таронаҳои шоҳкоре, чун  “Занги телефон”, “Алвидо”, “Қишлоқаки ман”, “Модар”, “Хоки Ватан” дар ёди мухлисонаш боқӣ мемонад. . Ӯро соли 2015 бо ҳамагӣ 630 сомонӣ нафақа аз ансамбли “Дарё”-и Кумитаи радио ва телевизион ба нафақа гусел карда буданд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Қурбоналӣ Абдуллоев баъди бознишаста шудан ба назди наздиконаш ба шаҳри Краснодари Русия кӯчид. Ӯ як сол пеш ба Тоҷикистон омад, вале бо сабаби баста шудани марзҳо дар Ватан дармонд.

Қурбоналӣ Абдуллоев рӯзи 12 майи соли 2020, дар арафаи даҳаи сеюми моҳи  Рамазон дар саҳифааш дар Фейсбук эълон кард, ки тарки саҳна мекунад: “Бисмиллоҳир – раҳмонир – раҳим. Имрӯз, 12 майи 2020, банда ба қароре омадам, ки саҳнаи калон ва ҳунари овозхониро тарк намоям. Қарорам қатъист. Аз ҳама азизону ҳамкасбон ва мухлисон ташаккур мекунам. Дар ин муддати умр аз нафароне, ки озорашон додам, бисёр узр металабам. Умед дорам, ки дар моҳи шарифи Рамазон ва даҳаи мағфират маро мебахшед. Боқӣ АЛЛОҲ нигоҳбонатон, ОМИН.”

Қурбони Абдуллоҳ сабаби ин тасмимашро шарҳ надод, вале аз лаҳни паёмаш чунин бармеомад, ки зоҳиран ба далелҳои мазҳабӣ ба чунин қарор расидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button