ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ МУҲИМТАРИН ХАБАРҲОИ ТОҶИКИСТОН АЗ “БОМДОД”: 10 ЯНВАРИ СОЛИ 2020

Дуруд, тамошобинони азиз!

Хулосаи хабарҳои муҳими рӯзи 10 январи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем. Дар ин барнома:

ШИОРҲО БО ТАЛАБИ ИСТЕЪФОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ИСФАРА

АМРИКО ЯК НИҲОДИ ВИЖА БАРОИ РУСИЯ ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ ТАШКИЛ МЕКУНАД

18 НОМЗАД, АЗ ҶУМЛА «ХУДОИ ЗИНДА»: ИНТИХОБОТИ ПЕШ АЗ МУҲЛАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ИНАК ШАШУМИ ҚИРҒИЗИСТОН

“ДАРДИ ФИРОҚ”-И ТОҶИКОН ДАР АҲДИ ПАНДЕМИЯ БОЛО ГИРИФТ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Шаби 9 ба 10 январ дар гузаргоҳи зеризаминии назди бозори марказии шаҳри Исфара шахсони номаълум бо талаби истеъфои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шиор навиштаанд.  Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Исфара хабар доданд, ки мақомот алакай субҳи 10 январ ин шиорҳоро пок кардаанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Бомдод”, рӯзи якшанбе, 10 январ дар гузаргоҳи зеризаминии назди бозори марказии Исфара ва атрофи он шумори зиёди кормандони милиса ва амният дида мешуд ва ба раҳгузарон иҷозати акс ё навор гирифтани ҷои шиорҳоро намедоданд.

Дар як ҳафтаи охир ин бори дуюм аст, ки дар шаҳрҳои вилояти Суғд шиорҳо бо талаби истеъфои президент Эмомалӣ Раҳмон пайдо мешаванд.

Шаби 3 январ шахсони номаълум дар рӯи фарши роҳрав ва як девор дар хиёбони Шарқ дар наздикии бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд низ шиорҳое бо талаби истеъфои президент навишта буданд. Видеои он шиорҳои пойгоҳи оппозитсионии “Ислоҳ ТВ” нашр кард, вале дар видеое, ки сокинон рӯзе баъд ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешуд, ки мақомот он шиорҳоро ҳам дар девор ва ҳам дар рӯи фарши роҳрав ранг кардаанд.

Мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон то кунун хабару видеоҳои нашршуда дар бораи шиорҳои зидди Эмомалӣ Раҳмон дар Исфараву Хуҷандро шарҳ надодаанд.

Насби чунин шиорҳои зидди президент Раҳмон дар солҳои охир дар Тоҷикистон бесобиқа аст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки 68 сол дорад ва аз соли 1992, инак 28 сол боз бар Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, дар интихоботи моҳи октябри соли 2020 бо касби 90,92 фоизи овозҳо бори дигар ғолиб омад ва замони раёсаташро то соли 2027 тамдид кард.

ххххх

Президенти тозамунтахаби Амрико Ҷо Байден тасмим гирифтааст, ки Шӯрои амнияти миллиро бозсозӣ кунад. Дар ин Шӯро як ниҳоди алоҳидае ташкил мешавад, ки ба масоили Русия ва Осиёи Марказӣ машғул хоҳад шуд. Тими Байден алакай эълон кард, ки ин ниҳоди навро Андреа Кендалл-Тейлор – корманди собиқи мақомоти амниятии Амрико роҳбарӣ хоҳад кард.

Ташкили чунин ниҳоди вижаи Русия ва Осиёи Марказӣ дар Шӯрои амнияти миллии Амрико ба ин маъност, ки дар замони раёсати байден муносибатҳо бо Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дигарбора дар авлавият қарор мегиранд. Дар замони раёсати Барак Обама ва Ҷорҷ Буши хурдӣ дар дастгоҳи Шӯрои амнияти миллии Амрико як ниҳоди вижаи Русия вуҷуд дошт, вале Доналд Трамп онро барҳам дода, масоили сиёсати Амрико дар робита ба Русияро ба бахши аврупоии Шӯрои амнияти миллӣ вогузор карда буд.

Андреа Кендалл-Тейлор акнун масъули сиёсатҳои маъмурияти Ҷо Байден дар қиболи Русия ва Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Ӯ қаблан дар мақомоти амниятӣ, аз ҷумла дар Шӯрои миллии иктишофӣ (ва  Идораи марказии ҷосусии Амрико  кор кардааст.

Хонум Кендалл-Тейлор ҳамчунин ба ҳайси муҳаққиқи аршад дар Барнома амнияти фароатлантикии Маркази амнияти нави Амрико ба таҳқиқи таҳдидҳои гуногуне, ки Амрикову Аврупо дучор мешаванд, машғул буд.

Андреа Кендалл-Тейлор дар Сан-Диего ба дунё омада, Донишгоҳи Принстонро хатм кардааст ва дар Донишгоҳи Калифорния дар Лос-Анҷелес рисолаи докториашро дар риштаи улуми сиёсӣ дифоӣ кардааст. Ӯ дар шаҳри Бетесдаи аёлати Мериленд ба сар мебарад ва се фарзанд дорад.

Кендалл-Тейлор равандҳои сиёсӣ дар Русия ва кишварҳои АвроОсиё, ҳамчунин табиати режимҳои автократиро таҳқиқ кардааст.

xxxx

Рӯзи 10 январ дар Қирғизистон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ ва ҳамзамон референдуме доир шуд, ки дар он сокинон бояд аз байни низоми парлумонӣ ва низоми президентӣ якеро ҳамчун шакли давлатдории ояндаи ин кишвар бипазиранд.

Дар интихоботи президентӣ 18 номзад иштирок доштанд. Дар умум ба мақоми президентӣ 47 нафар пешбарӣ шуда буд, вале комиссияи интихобот номзадии 18 номзадро сабт накард. 14 номзади дигар худашон аз идомаи мубориза даст кашиданд. Дар байни номзадҳо нафаре бо номи Арстанбек Миркибек низ ҳаст, ки худро… «Худои зинда» меномад. Ин нукта ҷолиб аст, ки дар байни 18 номзади сабтиномшуда 7 нафараш «муваққатан кор намекунанд».

Аммо ба ақидаи нозирон, номзади пештоз  сарвазири 42-солаи Қирғизистон Содир Ҷаббров (Садыр Жапаров) аст, ки дар давраи муборизаҳои интихоботӣ муваққатан аз иҷрои вазифаи раҳбари ҳукумат канор рафт. Ҷабборов ҳамагӣ се моҳ пеш тавассути эътирозгарон аз маҳбас озод шуд ва билофосила ба курсии сарвазир нишаст.

Дар Қирғизистон инак президенти шашуми ин ҷумҳуриро интихоб мекунанд. Аксари президентҳои қаблии Қирғизистон фарҷоми чандон хуше надоштаанд. Се президенти собиқи Қирғизистон – Аскар Оқоев (дар соли 2005), Қурмонбек Боқиев (соли 2010) ва Сооронбой Жээенбеков ( соли 2020) курсии худро зери фишори эътирозҳои оммавии мардум тарк карданд ва Оқоев ва Боқиев ҳатто аз Қирғизистон фирор карданд. Як президенти дигари собиқи Қирғизистон – Алмосбек Отамбоев – баъди рафтанаш аз мақом боздошт ва маҳкум ба зиндон шуд. Ягон президенти собиқи ин ҷумҳурӣ, ки аз чунин сарнавишти талх эмин ёфт, Роза Отунбоева аст, ки ҳамагӣ як сол роҳбарӣ кард ва бо ихтиёри худ аз мақом рафт.

ххххх

Радиои Озодӣ қиссаи ҷуфтеро нашр кардааст, ки пандемия онҳоро аз ҳам зиндаҷудо кард.

Аъзамҷон Рауфов, сокини 29-солаи ноҳияи Шаҳринав дар Тоҷикистон қарор дорад, аммо ҳамсараш Ёсуман Юсуфова бо се фарзанд дар шаҳри Читаи Русия дармондааст. Моҳи март Ёсуман бо кӯдаконаш барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳои шаҳрвандиашон ба Чита парвоз кард, вале чанд рӯз баъди рафтанаш ба сабаби пандемия сарҳадҳо баста шуданд ва онҳо дигар ба Тоҷикистон баргашта натавонистанд.

 Аъзамҷон дар ин сӯ ва зану фарзанд дар чанд ҳазор километр дурӣ инак қариб як сол боз якдигарро дида наметавонанд. Ягона василае, ки ин ҷуфтро ба ҳам мепайвандад, тамос тавассути шабакаҳои иҷтимоист. Ба ин васила, ҳамдигарро мешунаванд, мебинанд, дарду роз мегӯянд, вале ба қавли Аъзамҷон, “дасташ барои ба оғӯш гирифтани фарзандонаш намерасад”.

Аъзамҷон мегӯяд, ҳарчанд парвозҳои чартерӣ вуҷуд доранд, вале зӯри онҳо барои харидани чиптаи парвоз намерасаж «Ҳисоб кардем, ки аз Чита то Новосибириск ва аз он ҷо то Тоҷикистон тақрибан 200 ҳазор рубли русӣ зарур аст. 20 ҳазор рубл дорем. Интизорем, билет арзон шавад ва бо ин пул баргарданд…” – нақл мекунад бо ҳасрат Аъзамҷон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button