АМРИКО ЯК НИҲОДИ ВИЖА БАРОИ РУСИЯ ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ ТАШКИЛ МЕКУНАД
Президенти тозамунтахаби Амрико Ҷо Байден тасмим гирифтааст, ки Шӯрои амнияти миллиро бозсозӣ кунад. Дар ин Шӯро як ниҳоди алоҳидае ташкил мешавад, ки ба масоили Русия ва Осиёи Марказӣ машғул хоҳад шуд. Тими Байден алакай эълон кард, ки ин ниҳоди навро Андреа Кендалл-Тейлор – корманди собиқи мақомоти амниятии Амрико роҳбарӣ хоҳад кард.
Ташкили чунин ниҳоди вижаи Русия ва Осиёи Марказӣ дар Шӯрои амнияти миллии Амрико ба ин маъност, ки дар замони раёсати байден муносибатҳо бо Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дигарбора дар авлавият қарор мегиранд. Дар замони раёсати Барак Обама ва Ҷорҷ Буши хурдӣ дар дастгоҳи Шӯрои амнияти миллии Амрико як ниҳоди вижаи Русия вуҷуд дошт, вале Доналд Трамп онро барҳам дода, масоили сиёсати Амрико дар робита ба Русияро ба бахши аврупоии Шӯрои амнияти миллӣ вогузор карда буд.
Андреа Кендалл-Тейлор, (Andrea Kendall-Taylor), роҳбари бахши Русия ва Осиёи Марказӣ (Senior Director for Russia and Central Asia) дар Шӯрои амнияти миллии Амрико акнун масъули сиёсатҳои маъмурияти Ҷо Байден дар қиболи ин кишварҳои Шӯравии собиқ хоҳад шуд. Ӯ қаблан дар мақомоти амниятӣ, аз ҷумла дар бахши Русия ва АвроОсиёи Шӯрои миллии иктишофӣ (Deputy National Intelligence Officer for Russia and Eurasia at the National Intelligence Council) дар дафтари мудири Иктишофи миллӣ, ҳамчунин ба ҳайси таҳлилгари аршад дар Идораи марказии ҷосусии Амрико (ЦРУ, Central Intelligence Agency) кор кардааст.
Хонум Кендалл-Тейлор ҳамчунин ба ҳайси муҳаққиқи аршад дар Барнома амнияти фароатлантикии Маркази амнияти нави Амрико (Center for a New American Security) кор карда, ба таҳқиқи таҳдидҳои гуногуне, ки Амрикову Аврупо дучор мешаванд, машғул буд.
Андреа Кендалл-Тейлор дар Сан-Диего ба дунё омада, Донишгоҳи Принстонро хатм кардааст ва дар Донишгоҳи Калифорния дар Лос-Анҷелес рисолаи докториашро дар риштаи улуми сиёсӣ дифоӣ кардааст. Ӯ дар шаҳри Бетесдаи аёлати Мериленд ба сар мебарад ва се фарзанд дорад.
Кендалл-Тейлор равандҳои сиёсӣ дар Русия ва кишварҳои АвроОсиё, ҳамчунин табиати режимҳои автократиро таҳқиқ кардааст. Асарҳову мақолаҳои ӯ дар нашрияҳои гуногун, аз ҷумла Journal of Peace Research, Democratization, Journal of Democracy, Foreign Affairs, Washington Post, Washington Quarterly ва Foreign Policy нашр шудаанд.
Андреа Кендалл-Тейлор дар Твиттер дар робита ба таъйиноти ахираш навишт: «Бароям ифтихори бузург ва мояи шодист, ки ба тими фавқулоддаи Шӯрои амнияти миллӣ мепайвандам. Биёед, аз паси кор шавем!»
Honored and excited to be joining this incredible NSC team. Let’s get to work!https://t.co/C4EvabA9yN
— Andrea Kendall-Taylor (@AKendallTaylor) January 8, 2021