ВидеоДин ва боварҳоСиёсатТоҷикистонҲуқуқи инсон

ВКД ДОНА НАБИЕВИ 80-СОЛАРО БА КУМАК БА ҶАНГИЁНИ “ҶАМОАТИ АНСОРУЛЛОҲ” АЙБДОР КАРД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шаби 8 январ бо нашри як хабари муфассал ҳанӯз 27 августи соли 2020 дастгир шуданд ва ахиран аз сӯи додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шудани сокини 80-солаи деҳаи Гулбуттаи ин ноҳия ва яке аз собиқадорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) Набиев Дона (Дониёр)ро тасдиқ кард. ВКД гуфт, додгоҳ Дона Набиевро дар ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ гунаҳкор шинохт.

ВКД мегӯяд, Дона Набиев дар сохтори собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ ба ҳайси “қозӣ” фаъолият намуда, сокинони бегуноҳи ҷумҳуриро ба ҷазоҳои вазнинтарин, ҳатто то ҳукми қатл, маҳкум мекард” ва “дар куштори оммавии сокинони маҳаллии вилояти Хатлон иштирок кардааст.” Ба гуфтаи ВКД, бар асоси созишномаи сулҳи соли 1997 ин амалҳои Набиев мавриди афв қарор гирифтанд, вале ӯ баъди манъи фаъолияти ҲНИТ дар соли 2015 низ ба амалҳои зиддиқонуниаш идома додааст. Дар гузориши ВКД Дона Набиев аз ҷумла ба он айбдор мешавад ки:

− маблағҳои пулии аз тарафи хадамоти махсуси давлатҳои муайян ҷудошударо, тариқи истифодаи масири интиқоли маблағҳо аз кишварҳои сеюм қабул намуда, онҳоро барои паҳнкунии ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард;
− миқдори муайяни маблағҳоро тавассути ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҷиҳати дастгирии молиявии аъзоёни қаноти ҷангии ташкилоти террористии собиқ ҲНИ – «Ҷамоати Ансорруллоҳ» ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол додааст;
− қисми боқимондаи маблағҳоро барои манфиатҳои шахсии худ истифода кардааст.
Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки Дона Набиев бо ҷурми расондани кумак ба аъзои зиндонии ҲНИТ маҳкум ба зиндон шудааст. Мурофиаи парвандаи ӯ пушти дарҳои баста гузашта ва маълум нест, ки оё Дона Набиев бо адвокати мустақил таъмин шуда буд ё на? ВКД низ  дар хабараш далелҳои қонеъкунандае дар робита ба айбномаи ин марди солхӯрда наовардааст.

Фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 дар пайи саркӯби ошӯби ноком ба раҳбарии муовини вазири дифоъ генерал Абдуҳалим Назарзода расман манъ карда шуд. Мақомот ҲНИТ-ро ба ҳидоят ва роҳбарии ин шӯриш айбдор карданд. Аммо роҳбарони ҲНИТ, ки ҳоло асосан аз Аврупо фаъолият мекунанд, ҳар навъ даст доштани худ дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро рад карда, мегӯянд, мақомот ин ошӯбро ҳамчун баҳона барои аз саҳна рӯфтани бузургтарин ҳизби мухолифи ҳукумати кунунӣ сӯиистифода бурданд. Баъди манъи фаъолияти ҲНИТ даҳҳо узви он дар Тоҷикистон ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда, садҳо тан аз пайравону ҳаводоронаш тарки Тоҷикистон карданд.

Хабари Маркази матбуотии ВКД ҶТ

Маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад:

27 августи соли 2020 аз ҷониби мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд Набиев Дона, соли таваллудаш 1940, зодаи ноҳияи Файзобод, истиқоматкунандаи деҳаи Гулбуттаи ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин боздошт гардида, баъди анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ, аз тарафи Суди ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси моддаи 3073 қ. 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) ба муддати 7 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Набиев Дона дар солҳои ҷангӣ таҳмилии шаҳрвандӣ, ки тавассути ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт, дар куштори оммавии сокинони маҳаллии вилояти Хатлон иштирок кардааст. Ӯ дар сохтори собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ ба ҳайси “қозӣ” фаъолият намуда, сокинони бегуноҳи ҷумҳуриро ба ҷазоҳои вазнинтарин, ҳатто то ҳукми қатл, маҳкум мекард. Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 тамоми ҷиноятҳои содирнамудаи ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афв гардида буданд.
Бо вуҷуди он, ки собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ 29-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон гардида, фаъолияташ манъ карда шуд, Набиев Дона кирдори ҷинояткорона ва зиддиқонуниашро идома додааст. Аз ҷумла:
− маблағҳои пулии аз тарафи хадамоти махсуси давлатҳои муайян ҷудошударо, тариқи истифодаи масири интиқоли маблағҳо аз кишварҳои сеюм қабул намуда, онҳоро барои паҳнкунии ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард;
− миқдори муайяни маблағҳоро тавассути ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҷиҳати дастгирии молиявии аъзоёни қаноти ҷангии ташкилоти террористии собиқ ҲНИ – «Ҷамоати Ансорруллоҳ» ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол додааст;
− қисми боқимондаи маблағҳоро барои манфиатҳои шахсии худ истифода кардааст.
Зимни таҳқиқу тафтиши парванда амалҳои ҷиноятии Набиев Дона тавассути нишондодҳои шахсони воқеӣ ва далелҳои шайъӣ пурра тасдиқи худро ёфтанд.
Бояд зикр кард, ки мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳар як шаҳрванд, новобаста аз ҷинсият, синну сол (баъди расидан ба балоғат) дар назди қонун барои кирдорҳои ҷинояткоронааш тибқи ҷазои дар моддаҳои қисми махсуси ҳамин кодекс пешбинишуда ҷавоб мегӯяд.

Маркази матбуотии ВКД ҶТ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button