ҚУРБОНАЛӢ ТӮРАЕВ: ШАБҲО ДАР ТРОЛЛЕЙБУС ХОБАМ…
Қурбоналӣ Тӯраев, ронандаи ККВД “Троллейбус” ба нашрияи “СССР” гуфт, ки азбаски ҷои хоб надорад, шабҳо дар троллейбус хоб мераваду роҳбарияти ККВД “Троллейбус” аз ин огоҳ аст.
“Онҳо ваъда доданд, ки ҳамааш нағз мешавад. Аммо аз байн 1 моҳ гузашту ман ҳамоно дар троллейбус хобам. … Ман дигар мадори кор кардан надорам, бо маоши ночиз, бехона ва шароити бади иқтисодӣ куҷо равам? Чаро касе ҳамаи ин фиребу найранг ва ноадолатиҳоро дар корхонаҳои автобусу троллейбус намебинад? “ – мегӯяд ронанда.
Қурбоналӣ Тӯраев, ки 15 сол боз дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Троллейбус” ба ҳайси ронанда кор мекунад, қаблан ба журналистон шикоят карда буд, ки бо 315 сомонӣ маоше, ки мегирад, наметавонад рӯзгорашро пеш барад.
“Аз як сомонӣ роҳкирое, ки мусофир тариқи корти электронӣ пардохт мекунад, 25 дарсадаш ба мо мегузарад, бар асоси нақша ҳар рӯз бояд 230 сомонӣ ба корхона супорем. Пеш мусофир бисёр буд, кор бад набуд, ҳоло одам кам аст, пул кам ҷамъоварӣ мешавад, лекин нақша мисли пеш 200 сомонӣ боқӣ мондааст, ки инро иҷро кардан барои мо мушкил аст”,‑‑гуфта буд Тӯраев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Падари Қурбоналӣ Тӯраев низ аз соли 1977 дар корхонаи троллейбусҳои Душанбе кор мекардааст.
ЧИГУНА 1 ТРОЛЛЕЙБУС ХОНА ШУД…
Қурбоналӣ Тураев, хонандаи доимии газетаи СССР (ба гуфти худаш ӯ моро аз рӯзи нашрамон мехонад), истиқоматкунандаи к. Нахимова 64/11 а., ҳуҷраи 312 ( тел. 915 58 58 91) меҳмони редаксия шуда, аз мушкилоти худ ва ноадолатиҳо дар ККВД “Троллейбус” шикоят кард.
– Ман аз соли 2006 дар парки тролейбусии шаҳр-ККВД “Троллейбус” ба ҳайси ронанда фаъолият мекунам. Маро ба ин коргоҳ падарам овард, ки аз соли 1977 корманди ин муассиса мебошад. Ман аз набудани ҷои зист танқисӣ мекашидам ва ҳангоми ба кор омаданам, падарам, ки корманди чандинсолаи ин муассиса буд, маро дар рӯйхати хобгоҳгирандагон ворид карданд. Мо дар манзили 17 метри мураббаъ 5 нафар зиндагӣ мекардем. Соли 2017 дар шаҳраки Гипрозем хонаеро ба иҷора гирифтему оилавӣ ба онҷо кӯчидем. 2 сол пас ман оиладор шудам. Мо бо 10 000 сомонии аз банк кредит гирифта, хонаи иҷораро таъмир кардем. Баъди 6 моҳ соҳибхона омада, гуфт, ки ман хонаро мефурӯшаму онро холӣ кунед. Баъдан маълум шуд, оне, ки аз мо ҳар моҳ 1000 сомонӣ пул мегирифт, аслан соҳибхона набудааст. Ҳангоми даъво кормандони милитсияи шӯъбачаи дар Гипрозем бударо ба хона оварданд. Милисаҳо гуфтанд, хонаро холӣ кунем. Билохира ба мо 2000 сомонӣ доданду берун карданд.
Шабро дар хонаи тағоям рӯз кардем. Субҳ падару модарам ҳамроҳи бародару хоҳарам қарор доданд ба хонаи пештараамон баргарданд. Ман бошам занамро гирифта, хонаи хушдоманам бурдаму худам сари кор баргаштам.
Одам муҳим ё план?
Қурбоналӣ Тӯраев мегӯяд, ки шабҳо дар тролейбус хоб мераваду роҳбарияти ККВД “Троллейбус” аз ин огоҳ аст.
-Онҳо ваъда доданд, ки ҳамааш нағз мешавад. Аммо аз байн 1 моҳ гузашту ман ҳамоно дар троллейбус хобам. 10.12. 2020, тахминан соатҳои 19:30 ман барои супоридани “план” ба назди муовини директори ККВД “Тролейбус”, муассисаи №2 Муҳаммадҷон Ғуломов даромадам. Ӯ эътироз кард, ки чаро “план”-и овардагиат кам асту бояд 40 сомонии дигар илова кунӣ. Ман гуфтам, ки дар дохили троллейбус хобаму вазъиятам бисёр бад аст. Аммо ӯ маро ба ҳабс ҳам таҳдид карду гуфт, агар 40 сомониро пардохт накунӣ, аз кор озодӣ. Ман 30 сомонӣ пардохт кардам.10 сомонии дигарро мебоист рӯзи дигар месупоридам. Маро ба хатсайри тролейбуси № 5 гузарониданд, ки он камодам аст. Бо чунин ранг гирифтани кор вазъиятам аз ин ҳам бад шуд. Ман дигар мадори кор кардан надорам, бо маоши ночиз, бехона ва шароити бади иқтисодӣ куҷо равам? Чаро касе ҳамаи ин фиребу найранг ва ноадолатиҳоро дар корхонаҳои автобусу троллейбус намебинад? – мегӯяд ронанда.
Хобгоҳ барои кист?
Мухбирони газета пас аз шикояти Қурбоналӣ Тӯраев тасмим гирифтанд 1 маротиба аз хобгоҳи корхонаҳои коммуналии нақлиётии ш.Душанбе, ки барои ронандаҳо пешбинӣ шудааст, дидан намоянд. Дар хобгоҳи ронандаҳои автобусу троллейбус кӣ зиндагӣ мекунад? “План”-и якрӯзаи ронандаи троллейбус чанд сомонист? Чаро сармуҳандиси ККВД “Троллейбус” қисмҳои эҳтиётии троллейбуси навро гирифта ба троллейбуси кӯҳна мезанад? Троллейбусҳои нав то кадом андоза истифода мешаванд? Вазъи воқеии корхонаҳои коммуналии нақлиётии пойтахт дар кадом сатҳанд? Гӯш ба қимор бош, хонандаи азиз, зеро мо пайгири мавзуем! Мо метавонем!