ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ СЕ ҒОРАТГАР ДАР ХУРОСОН, САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ЗАРНИСОР

Се сокини 24,30 ва 47-солаи ноҳияи Хуросон шоми 4 январ, соати 20, як ҷавони 20-сола аз Душанберо латтукӯб карда, 200 сомонӣ ва телефонашро бо зӯрӣ кашида гирифтаанд.

Шоми 8 январ, соати 17:20, як зани пиёдагарди 69-сола аз шаҳри Гулистон дар шудуди деҳаи Зарнисор зери чархи мошини “Мерседес-Спринтер” ҷон додааст.

Ду сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони дуздии ду сар чорвои як зани сокини ҷамоати Чоргултеппа боздошт шудаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 9 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошти се нафар бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон бо ариза ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 4-уми январи соли 2021, тахминан соати 20:00, шахсони номаълум ӯро лату кӯб намуда, ошкоро аз дасташ 200-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми Нот-8”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 24, 30 ва 47-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба ҳалокат расидани пиёдагард бар асари ҳодисаи нақлиётӣ

8-уми январи соли 2021, тахминан соати 17:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер», Юсупов Шаҳзод Мавлонович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Сохтмончии деҳаи Зарнисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ортиқбоева Савриниссо Мухторовна, соли таваллудаш 1951, сокини шаҳри Гулистонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Ортиқбоева С.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани дуздии ду сар чорвои калони шохдор

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 48-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 18 ба 19-уми октябри соли 2020 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба оғилхонаи манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 2-сар човои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 11 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 26 ва 49-солаи сокинони ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button