ИқтисодМинтақа ва ҷаҳон

ТОҶИКИСТОН ТО ҲОЛ БА АФҒОНИСТОН БАРҚ МЕФУРӮШАД? КОБУЛ АЗ ДУШАНБЕ БАРҚИ БЕШТАР ХОСТААСТ

Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон лимити шадиди нирӯи барқ ҷорӣ шудааст, ширкати барқи Афғонистон «Брешно» гуфт, ки Афғонистон бо Тоҷикистон ҷиҳати аз 80 мегаватт то ба 120 мегаватт, яъне 50% боло бурдани ҳаҷми содироти нирӯи барқ музокирот пеш мебарад. Афғонистон дар пайи рӯзи 6 январ дучори садама шудани шабакаҳои барқи Ӯзбекистон ба камбуди нирӯи барқ рӯбарӯ шуд.

Вале аз Тоҷикистон дархости афзоиши ҳаҷми интиқоли барқ кардани Кобул дар ҳолест, ки худи Тоҷикистон ба як  буҳрони шадиди энергетикӣ дучор шудааст ва ширкати «Барқи Тоҷик» аз 5 январ дар кишвар лимити барқ ҷорӣ карда, интиқоли барқ ба аҳолии манотиқи деҳотро чанд рӯз боз аз соати 23-и шаб то шаши субҳ қатъ мекунад. Ин лимит дар ҳоле ҷорӣ карда шуд, ки тақрибан ду ҳафта боз дар Тоҷикистон сармои қаҳратуне ҳукмфармост ва сокинон барои гарм кардани хонаҳояшон ба нирӯи барқ ниёзи бештар пайдо кардаанд.

 «Барқи Тоҷик» изҳор дошта буд, ки ба сабаби камбуди барқ дар дохили кишвар, интиқоли он ба кишварҳои дигарро қатъ кардааст. «Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик” низ ҷиҳати қонеъ гардонидани   талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёти миллӣ ба барқ  як қатор чораҳои таъҷилӣ андешида шуданд. Аввалан, пеш аз муҳлатҳои дар шартномаҳои байнидавлатӣ зикршуда  интиқоли неруи барқ ба кишварҳои ҳамсоя қатъ карда шуд», – гуфта мешуд дар муроҷиатномаи «Барқи Тоҷик», ки шоми 5 январ, ҳамагӣ чанд соат пеш аз ҷорӣ кардани лимит нашр шуд. Вале изҳороти ширкати «Брешно» дар бораи идомаи музокирот барои АФЗОИШИ  ҳаҷми содироти нирӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон баёнгари он аст, ки содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон то ҳол идома доштааст.

 Дар ҳамин ҳол, хабаргузории «Авесто» бо такя ба маълумоти бахши энергетикии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳоло  тавлиди нирӯи барқ дар кишвар дар як шабонарӯз 68,5 миллион киловатт/соатро ташкил медиҳад, ки ин назар ба ҳамин давраи як соли пеш 2,5 миллион киловатт /соат бештар аст. Ба гуфтаи мақомоти соҳа, 67,3 миллион киловатт/соат аз барқи истеҳсолшуда барои эҳтиёҷоти худи Тоҷикистон истифода мешавад.

Афганистан просит Таджикистан увеличить объем поставок электроэнергии

Avesta.Tj | 08.01.2021 |Афганистан ведет переговоры с Таджикистаном об увеличении объемов импорта таджикской электроэнергии. Афганская энергетическая компания «Брешно» заявила, что речь идет об увеличении поставок электроэнергии с 80 МВт до 120 МВт.

В момент публикации материала комментарии госэнергохолдинга «Барки точик» по данному вопросу получить не удалось. В «Барки точик» отметили, что ситуация с энергообеспечением внутри страны остается сложной.

По данным афганской энергетической компании такие же переговоры (о поставках электроэнергии) ведутся с Узбекистаном и Туркменистаном.

Напомним, в среду энергетическая компания «Брешно» сообщила о прекращении подачи электроэнергии из Узбекистана в Афганистан.

«Узбекистан прекратил импорт электроэнергии в Афганистан из-за технических проблем. В настоящее время электроэнергия поставляется потребителям только от внутренней сети производства», – говорится в сообщении.

По данным энергетического сектора Таджикистана, среднесуточная выработка электричества в последние дни в республике составила более 68,5 млн. кВт/ч, что более чем на 2,5 млн. кВт/ч больше чем в аналогичный период 2020 года. Более 67,3 млн. кВт/ч из общего производимого объёма идет на внутреннее потребление.

Основной объем выработки электроэнергии приходится на Нурекскую ГЭС, которая ежесуточно, в среднем производит около 31 млн. кВт/ч. Кроме того, около 10 млн. кВт/ч электроэнергии в сутки производится душанбинскими ТЭЦ 1 и 2.

Напомним, что с 5 января в республике введен энерголимит. Лимит на потребление электроэнергии введен в сельской местности, где нет высотных жилых домов.

«В настоящее время ситуация серьезная, и есть вероятность, что водных ресурсов не хватит до весны. Поэтому на какое-то время необходимо будет ограничить подачу электроэнергии в тех районах, где нет многоэтажек», – отмечается в обращении «Барки точик».

Подчеркивается, что ограничения вводятся с 5 января 2021 года, преимущественно в ночное время, и продлятся с 23:00 до 06:00. Сколько времени продлится энерголимит в сообщении не указывается

Введение энерголимита «Барки точик» связывает со снижением уровня воды в Нурекском водохранилище. Уровень воды в указанном водохранилище на 4 метра ниже, чем в аналогичный период прошлого года.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button