ИқтисодТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

“СОМОН ЭЙР” ПАРВОЗИ ДУЮМАШ БА ДУБАЙРО ОҒОЗ КАРД

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвози дуввумро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе роҳандозӣ намуд. Минбаъд парвозҳо ба самти Дубай ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе иҷро мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе дар рӯзҳои панҷшанбе 04:45, дар рӯзҳои шанбе 20:25, вақти парвоз аз Дубай дар рӯзҳои панҷшанбе 08:45, дар рӯзҳои якшанбе 00:10 ба вақти маҳаллӣ мебошад.

Шаҳрвандони ҶТ, ки хоҳиши парвоз ба самти Дубайро доранд, бояд иҷозатномаи вуруд ба қаламрави АМА (раводиди сайёҳӣ, истиқоматӣ ва ё корӣ, суғуртаи тиббии амалкунанда, маълумотнома оид ба саломатӣ, ки қаблан дар сомонаи https://www.gcaa.gov.ae/en/ePublication/Pages/OperationalDirectives.aspx?CertID=(DIR) пур шудааст, дар сурати доштани раводиди иқоматӣ ва ё корӣ посухи мусбати барномаи электронии Permit ва Emirates ID корт), ҳамчунин маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест), ки давоми 96 соат пеш аз вуруд дода шудааст, дошта бошанд. Маълумотнома бояд аслӣ бошад, ҳатман ҳама навиштаҷоти он дар компютер ҳуруфчинӣ шуда бошанд (дастхат набошад) ва аз ҷониби муассисаи тиббии дар Pure Health: https://screening.purehealth.ae/application акредитатсияшуда ва ё лабораторияе, ки дар давлати хуруҷ акредитатсия дорад, бо забони англисӣ пешниҳод карда шавад (ва ё тарҷумаи тасдиқшудаи нотариалии он ба забонҳои англисӣ ё арабӣ ба маълумотнома замима карда шавад). Шахсони мубталои COVID-19 ба парвоз роҳ дода намешаванд. Ёдовар мешавем, ки барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус (COVID-19) ҷавобгарии чиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Агар ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи Дубай маълум шавад, ки маълумотномаи эминӣ аз COVID-19 беэътибор аст ва ё мусофир мубталои COVID-19 мебошад, тамоми хароҷотҳои аз ин сабаб бамиёномада ба зиммаи мусофир гузошта мешаванд. Бинобар ин аз мусофирон хоҳиш карда мешавад, ки нисбати ин талабот масъулият зоҳир намоянд.

Шаҳрвандони хориҷӣ бояд иҷозатномаи вуруд ва ё убури қаламрави АМА, ҳамчунин суғуртаи тиббӣ, маълумотномаи қаблан пуршудаи вазъи саломатӣ ва маълумотномаи гирифтор набудан ба COVID-19 (натиҷаи манфии ПСР-тест)-ро пешниҳод намоянд.

Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки азми сафар ба Душанбе доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ бобати вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (натиҷаи манфии ПСР-тест), ки давоми 72 соат қабл аз вуруд ба Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, зарур мебошад. Ба шаҳрвандони АМА барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ лозим нест.

Диққат! Тибқи талабот кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Мусофирон бояд бо худ маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус (COVID-19) – натиҷаи манфии ПСР-тестро, ки давоми 72 қабл аз вуруд ба Тоҷикистон гирифта шудааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Ҳамзамон қайд менамоем, ки барои мусофирон дар бинои маъмурии ширкати ҳавопаймоӣ хизматрасонии тасвиби шартномаи суғурта пешниҳод карда мешавад. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва хариди чипта лутфан ба маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ ва Агентии алоқаи ҳавоӣ муроҷиат намоед.

Маркази маълумотдиҳии “Сомон Эйр”:

+992 (93) 777 74 59,

+992 (44) 640 40 49,

+992 (44) 640 40 50,

call-center@somonair.com

Агентии алоқаи ҳавоӣ

+992 (98) 807 10 00,

+992 (98) 880 87 87,

+992 (93) 501 24 24.

Хадамоти матбуотии

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»,

08.01.2021

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button