ТоҷикистонҶомеа

МИСЛИ ГАНГСТЕРҲО АЗ ФИЛМҲОИ ҲОЛЛИВУД: БОЗДОШТИ ЯК ГУРУҲИ РОҲЗАНҲОИ НИҚОБПӮШ (ВИДЕО)

ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани чанд мавриди ҳамлаҳои ғоратгарона ба нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод. ВКД гуфт, ин гуруҳи роҳзанҳо ба рӯ ниқоб кашида, бо чӯбдаст ва маводи тарканда мусаллаҳ шуда, бо мақсади ғоратгарӣ ба нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхти ширкати “Ғайрат-82” дар деҳаи Чортути ноҳияи Рӯдакӣ ва нуқтаи №14-и ширкати “Газпромнефт” Тоҷикистон дар деҳаи Шӯроб дар канори шаҳри Ҳисор ҳамла мекарданд.

Исматулло Саидов, роҳбари ин гуруҳи роҳзанҳо ҷузъиёти ин ҳамлаи ахирро чунин нақл кард:  “Ҳамроҳи Баҳриддин рафтем. Пешакӣ чӯб тайёр кардем ва мунтазир шудем, ки одам кам шавад дар “заправка”. Вақте одам кам шуд, даромадем. Ман дар пушти дар балони мошинро мондам, ки касе дигар надарояд. Даромадаму маводи тарканда (взрывпакет)-ро партофтам. Кассир гурехт, ман аз қафояш сур кардам. Ҳамин вақт муҳофиз баромад, муҳофизро задам, ғалтид. Бо чӯб задамаш ва рафта аз касса пулро гирифтам, 2200 сомонӣ. 200 сомониашро ба Баҳриддин додам ва мондагиашро худам гирифтам. Баъд рафтем ба шаҳраки Шарора, онҷо як мағозаро задем, равған гирифтем аз онҷо.”

Бино ба гузориши Эҳсон Абдуллозода, корманди маркази матбуоти ВКД, ин гуруҳи роҳзанҳоро кормандони шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ин вазорат дар водии Ҳисор ошкор ва дастгир кардаанд. Дар рафти тафтишот даст доштани онҳо дар дастикам ду ҳамла ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ошкор шудааст.

Ин гуруҳи ҷиноиро Саидов Исматулло, с.т. 1995, сокини ҷамоати Работ, воқеъ дар канори шаҳри Турсунзода ташкил карда, ба ин гуруҳ чанд сокини ҷавони ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакиро ҷалб кардааст.

Саидов аз ҷумла ба он айбдор мешавад, ки бо шариконаш Муртазоев Ҷамшед ва Набиев Комилҷон, сокинони ҷамоати Сарикиштӣ, ки ҳанӯз дар кофтуков қарор доранд, бо маслиҳати пешакӣ моҳи декабри соли 2019 шабона ба рӯяшон ниқоб кашида ва бо чӯбдастҳо мусаллаҳ шуда, ба нуқтаи сӯхтфурӯшии ширкати “Ғайрат-82”, воқеъ дар деҳаи Чортути ҷамоати Сарикиштӣ ҳамла кардаанд. Онҳо хазинадори ин нуқта Зокир Муҳиддиновро латтукӯб карда, аз хазинаи мағоза 26 ҳазору 820 сомониро ба яғмо бурдаанд.

Ҳамчунин Саидов Исматулло бо Холиқов Баҳриддин, с.т. 2002, сокини ҷамоати Сарикиштӣ, моҳи марти соли 2020, ба рӯ ниқоб кашида ва бо чӯбдастҳо ва моддаи таркандаи худсохт мусаллаҳ шуда, ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории №14-и ширкати “Газпромнефт Тоҷикистон”, воқеъ дар деҳаи Шӯроби ҷамоати Сомон дар канори шаҳри Ҳисор ҳамла кардаанд. Роҳзанҳо дар ин ҷо посбон Ҷамолиддин Ҷобировро латтукӯб карда, бо истифода аз маводи тарканда аз хазина 2200 сомониро тасарруф кардаанд.

Исматулло Саидов ҷузъиёти ин ҳамлаи ахирро чунин нақл кард:  “Ҳамроҳи Баҳриддин рафтем. Пешакӣ чӯб тайёр кардем ва мунтазир шудем, ки одам кам шавад дар “заправка”. Вақте одам кам шуд, даромадем. Ман дар пушти дар балони мошинро мондам, ки касе дигар надарояд. Даромадаму маводи тарканда (взрывпакет)-ро партофтам. Кассир гурехт, ман аз қафояш сур кардам. Ҳамин вақт муҳофиз баромад, муҳофизро задам, ғалтид. Бо чӯб задамаш ва рафта аз касса пулро гирифтам, 2200 сомонӣ. 200 сомониашро ба Баҳриддин додам ва мондагиашро худам гирифтам. Баъд рафтем ба шаҳраки Шарора, онҷо як мағозаро задем, равған гирифтем аз онҷо.”

Нисбат ба аъзои ин гуруҳ бар асоси моддаи 249-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми ғоратгарӣ парванда кушодаанд. Раҳбари гуруҳ Саидов Исматуллов ва ҳаммаслакаш Холиқов Баҳриддин дар ҳабс қарор дошта, ҷустуҷӯи ду шарики дигари онҳо – Муртазоев Ҷамшед ва Набиев Комилҷон – идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button